Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи май
    0,6%
  • 1,7%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (май)
    14,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)14,08
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (апрел)
    9,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (апрел)
    30,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (апрел)
    12,65
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (апрел)
    0,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 22.06.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1982.33 2029.67
10 3864.13 3956.41
20 7559.39 7739.92
50 18623.12 19067.88
100 37055.79 37940.75

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 1

Семинари омӯзишӣ оид ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ

19.05.2017

Дар доираи лоиҳаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва омӯзиши дугона (дуалӣ) 16-19 майи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ доир гашт. Машғулиятҳои мазкур барои кормандони бонкҳои тиҷоратӣ, ки бевосита дар самти маблағгузории соҳаи кишоварзӣ кор мебаранд, ташкил карда шудааст.

sem_agrar_1.JPG

Ҳадаф аз ташкили семинарҳои мазкур шиносоӣ бо таҷрибаи маблағгузории соҳаи кишоварзӣ дар Олмон мебошад. Зимни машғулиятҳои омӯзишӣ иштирокдорон тарзи таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, таҳлили ҳисоботдиҳии молиявӣ ва хавфи эҳтимолии соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Барои гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ аз ҷониби Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) коршиноси соҳа - машваратчӣ оид ба мизоҷони корпоративии Хазинаи амонатии шаҳри Ултсени Олмон ҷаноби Артур Клаузер даъват шудааст. Мавсуф ба намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ дар мисоли амалияи қарздиҳӣ барои харидорӣ намудани таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ ва рушди соҳаи паррандапарварӣ барномаву маълумотҳои лозимиро пешниҳод намуд.

sem_agrar_2.JPG

Қобили қайд аст, ки Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон пайваста барои баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи бештари шаҳрвандон ба омӯзиши донишҳои молиявӣ барномаҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 903

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Оё Шумо аз ягон намуди суғурта истифода мебаред?







    Аз кадом намудҳои  суғурта Шумо истифода мебаред?








      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Оё Шумо аз ягон намуди суғурта истифода мебаред?
      1. Не, истифода намебарам
        4693 (43%)
      2. Аз он ягон фоида нест
        3197 (29%)
      3. Ҳа, истифода мебарам
        3035 (28%)
      4. Суғурта худаш чист?
        48 (0%)
    2. Аз кадом намудҳои  суғурта Шумо истифода мебаред?
      1. Суғуртаи ихтиёрии молу мулк;
        4396 (39.91%)
      2. Суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳодисаҳои нохуш;
        2925 (26.55%)
      3. Суғуртаи ихтиёрии шаҳрвандони ба хориҷа сафаркунанда;
        2871 (26.06%)
      4. Суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии воситаҳои нақлиёт;
        184 (1.67%)
      5. Суғуртаи ихтиёрии биноҳо, иншоот ва молу мулк аз сӯхтор новобаста аз шакли моликият.
        32 (0.29%)
      6. Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;
        23 (0.21%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ