Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи май
    0,7%
  • Таварруми солона, май
    8,7%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (май)
    10,6
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (май)
    11,8
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ (апрел)3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (апрел)9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)15,6
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    14,92
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    27,12
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (май)
    13,87
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (май)
    3,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.06.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1931.75 1951.26
10 3765.00 3803.03
20 7364.54 7438.93
50 18141.58 18324.83
100 36096.57 36461.18

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2016

23.01.2017

Имрӯз, 23 январи соли равон, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони Воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷи кишвар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2016 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар оғози нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намудааст. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ мусбат арзёбӣ мегарданд. 

R-1.JPG


Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)

Бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2016 рушди воқеии иқтисодиёт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоизро ташкил дода, ҳаҷми номиналии он ба 54,5 млрд. сомонӣ баробар шуд.

Таваррум

Дар соли ҳисоботӣ дар натиҷаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон андешидани маҷмӯи тадбирҳои зарурӣ сатҳи муътадили нархҳо дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шуда, аз рӯи ҷамъбасти соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 6,1 фоизро ташкил дод. Қобили зикр аст, таваррум нисбат ба дурнамои он, ки дар соли 2016 дар сатҳи 7,0 фоиз пешбинӣ гардида буд, ба андозаи 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.

Тавозуни пардохт. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2016 маблағи 3 929,6 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 9,2 фоиз кам мебошад.

R_2.JPG

Мутобиқи маълумоти расмӣ ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 898,7 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса бо соли гузашта 0,9 % зиёд мебошад. Воридоти молҳо бошанд, ба 3 030,9 млн. долл. ИМА баробар шуда, дар муқоиса ба соли гузашта 11,8 фоиз кам гардидааст.

Қурби пули миллӣ


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки қурби мубодилавии сомонӣ дар ин давра дар доираи реҷаи низоми шинокунандаи танзимшаванда, таҳти таъсири омилҳои мутавозуни талабот ва пешниҳод қарор дошт. Бо андешидани чораҳои таъсиррасон ҷиҳати таъмини вазъи муътадили бозори дохилии асъор, қурби пули миллӣ устувор гардид, ки ин ба раванди муътадили тағйирёбии сатҳи нархҳо заминаи мусоид гузошт.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали сол то санаи 31 декабри соли 2016-ум 10,8 фоиз коҳиш ёфт, ки аз он 10,3 фоиз ба моҳи январ, 0,3 фоиз ба моҳи феврал ва 0,2 фоиз ба моҳҳои март-декабр рост меояд.

Вазъи босуботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадили қурби пули миллӣ нисбати доллари нақди ИМА дар соли 2016 дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои босамар, назорати қатъӣ ва маҷмӯи чораҳои самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ таъмин карда шуд. 

R_3.JPG

Тадбирҳои андешидашуда дар натиҷа боиси ба маротиб коҳиш ёфтани гардиши асъори нақди хориҷӣ дар муомилот, паст шудани сатҳи долларикунонии бозори нақдӣ ва ба муътадилии қурби сомонӣ сабаб гардида, барои дигаргун шудани сохтори муомилоти пулӣ дар иқтисодиёт, истифодаи васеи пули миллӣ ҳамчун воситаи қонунии пардохт ва муҳимтар аз ин воситаи андӯхти аҳолӣ таъсири мусбат расонд.

Сиёсати пулию қарзӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2016 вобаста ба вазъи иқтисодиву молиявӣ баҳри бартараф намудани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ фаъолияти худро дар самти татбиқи сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъорӣ, таъмини пул дар иқтисодиёт ҷиҳати нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва суботи молиявӣ равона намуд.

Аз ҷумла, Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки ҷиҳати таъмини идоракунии самараноки пардохтпазирӣ ва коҳиш додани хавфҳои қурбӣ, фишанги меъёри бозтамвил аз 8,0 фоиз то ба 11,0 фоиз зиёд карда шуда, баҳри дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмӣ бетағйир нигоҳ дошта шуд, ки бо пули миллӣ 1,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 7,0 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

R_4.JPG

Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ва фаъолгардонии бозори қоғазҳои қимматнок дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 102 музоядаи коғазҳои қиматнок ба маблағи 4,3 млрд. сомонӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 2,5 млрд. сомонӣ ё 2,4 маротиба зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани инфрасохтори бозори коғазҳои қиматнок, музоядаҳои фурӯши коғазҳои қиматнокро тавассути низоми электронии савдо ба роҳ монд.

Низоми бонкӣ

Дар рафти нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти низоми бонкии кишвар, пеш аз ҳама ба устувории вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ нигаронида шуда буд.

Ба санаи 31 декабри соли 2016 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 104 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк, 38 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 14 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият доштанд. Шумораи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ, дар давраи ҳисоботӣ 437 ададро ташкил дода, аз ин миқдор 84 филиал ба ташкилотҳои маблағгузории хурд рост меояд.
Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ дар поёни соли ҳисоботӣ 21,2 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 13,6 фоиз афзоиш ёфтанд.

Пасандозҳо

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки бақияи умумии пасандозҳо дар соли ҳисоботӣ 9 млрд. 243 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 7,3 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 32,0 фоиз афзоиш ёфт. Ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 37,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 62,5 фоизро ташкил медиҳад (барои муқоиса дар соли 2015 мутаносибан 28,5 ва 71,5 фоиз буд).

R_5.JPG


Маблағгузории қарзӣ. Ҳаҷми бақияи умумии қарзҳои низоми бонкӣ ба санаи 31 декабри соли 2016-ум 9 млрд. 930 млн. сомониро ташкил намуд. Ҳиссаи бештари қарзҳои додашуда ба соҳаҳои саноат 35,0 фоиз, савдои хориҷӣ 20,6 фоиз, сохтмон 6,3 фоиз, истеъмолот 13,9 фоиз, кишоварзӣ 10,7 фоиз, нақлиёт 6,0 фоиз, миёнаравии молиявӣ 1,6 фоиз, хизматрасонӣ 4,4 фоиз ва дигар соҳаҳо 1,5 фоиз ҷудо гардиданд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда ба 3,6 млрд. сомонӣ баробар шуд.

Низоми пардохт

Дар рафти нишаст зикр шуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ тавассути низомҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ зиёда аз 59,9 млн. пардохт ба маблағи умумии 395,4 млрд. сомонӣ амалӣ гардиданд. Ба санаи 31 декабри соли 2016 миқдори умумии кортҳои пардохтӣ 1 620,3 ҳазор адад ва миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ 1 605,2 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли қаблӣ мутаносибан ба андозаи 12,0 фоиз ва 12,5 фоиз зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки шабакаи терминалии хизматрасонии кортҳои пардохтӣ афзоиш ёфта, айни ҳол 799 адад банкомат ва 2 454 терминали электронӣ амал мекунанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 37 адад ва 240 адад зиёд мебошад.

Бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҷорӣ намудани шаклҳои муосири он хизматрасониҳои бонкӣ тавассути воситаҳои алоқаи мутаҳаррики радиотелефонӣ (мобилӣ) ва шабакаи интернет ба мизоҷон пешниҳод шуда истодааст. Дар соли 2016 тавассути воситаҳои алоқаи мутаҳаррики радиотелефонӣ (мобилӣ) 683 ҳаз. адад амалиёт ба маблағи 109 млн. сомонӣ ва тавассути шабакаи интернет 281 ҳаз. адад амалиёт ба маблағи 7 944 млн. сомонӣ гузаронида шудааст.

R_6.JPG

Муроҷиати шаҳрвандон

Дар хотимаи маърӯзааш Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки дар БМТ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ қабули муроҷиати шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва сомонаи расмӣ ба роҳ монда шуда, дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 1 673 адад дархосту шикоят қабул ва баррасӣ гаштааст. Ҳамзамон, татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” пайваста зери назорати қатъӣ қарор дошта, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани он чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар соли 2016 аз ҷониби Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон 459 нафар шаҳрванд қабул карда шуда, масъалаҳои арзгардида дар доираи талаботи қонунгузории ҷорӣ ҳал гардидаанд.

Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди ислоҳот дар низоми бонкӣ, вазъи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сатҳи таваррум, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифодаи кортҳои пардохтӣ, ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда ва сатҳи эътимоднокии мардум ба низоми бонкӣ посухҳои мукаммал ва мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 2385

Бозгашт

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2
  • Сатҳи таваррум %
  • graphic

  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        776 (39%)
      2. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        686 (34%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        347 (17%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        203 (10%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ