Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи феврал
    1,1%
  • Таварруми солона, феврал
    5,9%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (январ)
    9,7
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (феврал)
    11,1
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри фоизи захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ (апрел)3,0
    • Меъёри фоизи захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (апрел)9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)9,5
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    14,70
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    21,67
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (январ)
    13,06
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (январ)
    9,51
  • Яндекс.Метрика


Шарҳи интишорот


14.10.2016
Тавзеҳоти БМТ ба мақолаи “Таджикистан по рекомендации ФАТФ усилит меры контроля на рынке ценных бумаг”



Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи сомонаи “Азия-Плюс аз 10 октябри соли равон, дар хусуси аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди маълумот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нисбат ба амалиёти шубҳанок дар бозори коғазҳои қиматнок, маблағҳои нақдӣ ва ғайринақдии зиёда аз 500 000 сомонӣ, қайд менамояд, ки ин маълумот ба воқеият мутобиқат намекунад.

Сараввал қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар асоси Қатъномаи СММ №1617, иҷрои талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ)-ро ба зимма гирифтааст.

Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тавсияҳои зикршуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” (Қонуни МҚД/МТ) -ро қабул намудааст.

Бинобар ин, зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок” маҳз бо мақсади мутобиқ намудани талаботҳои он ба талаботи Қонуни МҚД/МТ ва тавсияҳои ФАТФ равона карда шудааст.

Ба якдигар мутобиқнамоии қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ҷараёни муқаррарӣ буда, бо мақсади бартараф кардани бархурди манфиатҳо, ҷой надоштани ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми дар амал татбиқ намудани он, дуруст ба роҳ мондани низоми танзим ва назорат, муайян намудани уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ва ғайраҳо амалӣ карда мешавад.

Қабул ва иҷрои талаботи Қонуни МҚД/МТ пеш аз ҳама ба ҳадафҳои таъмини бехатарии амнияти миллӣ ва устувории низоми молиявӣ равона гардида, ҷиҳати пешгирии таҳдидҳои истифодабарии низоми молиявӣ бо мақсади маблағгузории терроризм ва расмикунонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда мусоидат хоҳад кард.

Бо назардошти он ки бозори коғазҳои қиматноки ҷумҳурӣ дар марҳилаи инкишофёбӣ қарор дорад, таваҷҷуҳи хонандаро ба чунин маълумотҳои беасос, ки аз сарчашмаҳои номуътамад ба нашр мерасанд ва пеш аз ҳама оқибатҳои манфиро ба пешравии бозори коғазҳои қиматнок эҷод менамоянд, ғайримақсаднок арзёбӣ менамоем.

Бонки миллии Тоҷикистон аз васоити ахбори омма хоҳиш мекунад, ки пеш аз нашри ҳар гуна маълумот онро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба муътамадии сарчашмаҳои он таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.

Департаменти мониторинги
молиявии БМТ


01.04.2016
Дар хабар маълумоти носаҳеҳ истифода шудааст

Ҷавоб ба хабари Агентии иттилоотии Азия – Плюс “Денежные переводы из России в Таджикистан в 2015 году уменьшились на 66%", от 22 марта 2016 года


Қабл аз ҳама, иҷозат диҳед ба маълумоти дар ахбор истифодашуда, ки оид ба интиқолҳои фаромарзӣ аз сомонаи www.cbr.ru Бонки марказии Русия гирифта шудааст, равшанӣ андозем.


Ба маълумоти муаллифи хабар мерасонем, ки ҳангоми истифодаи маълумот оид ба интиқолҳои фаромарзӣ ба унвони ҷадвалҳо таваҷҷуҳ намояд, ки дар онҳо қимати нишондиҳандаҳои дар ҷадвал зикршуда шарҳ дода мешавад. Аммо дар иттилооти интишоркардаи муаллиф ба www.cbr.ru/statistics/?PrtId=svs, қисмати интиқолҳои пулии фаромарзии шахсони воқеӣ, ки танҳо тавассути низомҳои пардохт амалӣ гаштаанд истинод шудааст. Ҳангоми муайян кардани интиқолҳои пулии фаромарзӣ дар маҷмӯъ зарур аст, ки ба www.cbr.ru/statistics/?PrtId=svs, қисмати “интиқолҳои пулии фаромарзии шахсони воқеӣ аз рӯи кишварҳои асосӣ - контрагентҳо” истинод карда шавад.


Ҳамчунин зарур аст, ки ба варақи “Маблағҳои интиқолии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон” таваҷҷуҳ карда шавад, ки дар он ҷо ба таври возеҳу равшан рақамҳои мушаххас нишон дода шудаанд.


Ҳамин тавр, мутобиқи маълумоти расмии сомонаи дар боло зикршуда, коҳиш ёфтани интиқолҳои пулӣ танҳо аз Русия ба Тоҷикистон дар соли сипаришуда 42,4 фоизро ташкил медиҳад.


Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки интиқолҳои пулӣ ба ҷумҳурии мо инчунин аз дигар кишварҳои дунё низ ворид мешаванд.


Хадамоти матбуоти  
БМТ


31.03.2016
Теъдоди марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ 129 адад зиёд гардид

Қабл аз ҳама иброз менамоем, ки маҳз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мутобиқ намудани фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии ҷумҳурӣ, соли гузашта аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми бонкӣ барои дастгирии иқтисодиёти кишвар ва эҷод намудани фазои боварӣ барои аҳолӣ якчанд ислоҳот гузаронида шуданд.


Аз ҷумла, соли 2015 Бонки миллии Тоҷикистон барои ба тартиб ва танзим даровардани фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд, ташкилотҳои амонатгузории қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд се дастурамалро таҳия намуд, ки мутобиқи онҳо ташкилотҳои қарзӣ дар муҳлати муайяншуда, баҳри таъмин намудани рақобатпазирии ташкилоти худ, бояд сармояи оинномавияшонро то меъёри муайяншуда зиёд мекарданд. Дар ин муддат бархе аз ташкилотҳои қарзӣ сармояи оинномавии худро пурра намуданд ва қисмати дигари онҳо бо роҳи муттаҳидшавӣ сармояи оинномавиро ба маблағи муқарраршуда баробар карда истодаанд. Мутаассифона, ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки қисмате аз ташкилотҳои қарзӣ бинобар сабаби иҷро карда натавонистани муқаррароти дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, ихтиёран фаъолияти ташкилотҳои худро қатъ мекунанд.


Агар ба таҷрибаи бонкдории ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намоем, аз майдони рақобати тезутунди низоми бонкӣ берун шудани ин ё он бонку ташкилот ва ё фондҳои қарзии хурд ҳодисаи нав нест. Зеро дар шароити иқтисоди бозорӣ дар мамолики гуногуни дунё ҳамарӯза садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ширкату созмонҳо ба қонунҳои бозор тоб оварда натавониста, баста мешаванд ва аз эҳтимол дур нест, ба ҷойи онҳо ба ҳамин миқдор корхонаю ташкилотҳои нав низ рӯи кор меоянд.


Барои мисол, дар солҳои 2014-2015 дар қаламрави Русия бо қарори Бонки марказии он фаъолияти зиёда аз 200 адад ташкилотҳои қарзӣ қатъ карда шудааст. Гузашта аз ин, танҳо дар дуюним моҳи соли ҷорӣ боз ҳам дар кишвари Русия аз 26 ташкилоти қарзӣ иҷозатномаҳо барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд гардидаанд. Чунин ҳолатро дар низоми бонкии дигар ҳамсоякишварҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст.


Қайд кардан бамаврид аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бе сабабу далелҳои қотеъ дар бораи қатъ намудани фаъолияти ягон ташкилоти қарзӣ қарор қабул намекунад. Баръакс вазъи бади молиявӣ ва мутобиқ набудан ба меъёрҳои талаботӣ бархе аз ташкилотҳои қарзиро водор намудааст, ки дар шароити феълӣ фаъолияти худро қатъ намоянд.


Бонки миллии Тоҷикистон тариқи сомонаи расмии худ ҳамарӯза аз навигариву рӯйдодҳо дар низоми бонкии кишвар хабар медиҳад. Аммо ҳафтаҳои охир, ахбори қатъ шудани фаъолияти якчанд ташкилоти қарзӣ дар кишвар дар расонаҳо сару садоҳои гуногунеро ба миён овардааст. Дар робита ба ин, иттилоъ медиҳем, ки то имрӯз дар низоми бонкии кишвар ҳамагӣ аз 16 адад ташкилоти қарзии хурд ва 1 адад фонди қарзии хурд иҷозатномаҳо ва шаҳодатномаи анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дар асоси аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ, бозхонд карда шудааст. Барои тақвияти фикр маълумоти бештареро ба хонанда пешниҳод менамоем. Дар 17 ташкилоти номбурда 38 нафар кор мекард ва ҳар яки онҳо ҳамагӣ ду ё се корманд дошт. Бо ин миқдор мутахассис дар як вақт анҷом додани чандин амалиёти бонкӣ имкон надорад. Дар бораи сатҳи баланди хизматрасонӣ ба муштариён хоҷати гап ҳам нест. Зеро баъзе аз ин ташкилотҳо ҳатто суроғаи муайян ва дафтари корӣ надоштанд ё қисме аз онҳо дошта бошанд ҳам дар як шароити барои хизматрасонии молиявӣ номусоид амал мекарданд. Метавон гуфт, ки дар аксарияти онҳо муддатҳои тулонӣ ягон амалиёти бонкӣ гузаронида намешуд, ҳисоботҳои молиявияшонро пешниҳод намекарданд. Саҳми онҳо дар ҳаҷми умумии пешбурди фаъолияти бонкии ташкилотҳои қарзии хурд ҳамагӣ хеле ночиз буд. Вақтҳои охир ин ташкилотҳо барои зиёд намудани сармояи оинномавиашон ҳатто кӯшиш ҳам намекарданд.


Дар тақвияти гуфтаҳои боло қайд кардан зарур аст, ки дар баробари қатъ гардидани фаъолияти бархе аз ташкилотҳои қарзии ба рақобати иқтисоди бозаргонӣ тоб оварда натавониста, айни замон, барои нишон додани фаъолияти хуб ва васеъ шудани имкониятҳои гузаронидани амалиётҳои гуногуни молиявӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 марти соли равон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Алиф-Сармоя” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.


Ҳамзамон дар низоми бонкии ҷумҳурӣ боз як бонки нав ба фаъолият шуруъ намуд. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд, ки он барои васеъ намудани доираи амалиётҳои бонкӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва муосири молиявӣ ва беҳтар кардани вазъияти молиявӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.   


Дар робита ба вазъи бозори дохилии асъор, қурби пули миллӣ иттилоъ медиҳем, ки мутобиқи таҳлилҳои солҳои охир, буҳрони шадиди иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, яке аз омилҳои болоравии қурби асъор дар кишвар ҳаннотии кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоб мерафт. Пӯшида нест, ки солҳои гузашта қурби асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор идоранашаванда шуда, миёни қурби расмӣ ва бозорӣ тафовути калон ба миён меомад ва ин боиси нороҳатӣ ва нигаронии шаҳрвандон мегашт. Ин омил сабаб шуд, ки тибқи ислоҳоти нав нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, иҷрои вазифаи онҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дода шуд. Табиист, гузариш ба низоми нав ва амалӣ шудани ҳама гуна ислоҳоту меъёрҳо вақту замонро талаб мекунад. Имрӯз бо ташкил намудани марказҳои хизматрасонии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ вазъият тағйир ёфтааст ва тавре шоҳид ҳастем, дар муқоиса бо беқурбшавие, ки соли гузашта ва моҳи аввали соли равон дида мешуд, ин ҷараён хеле ба танзим даромада, ҳоло қурби расмии БМТ бо қурби бозорӣ баробар шудааст.


Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ ба ҷойи нуқтаҳои мубодилаи асъори басташудаи ташкилотҳои қарзӣ 129 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ (ин рақам ниҳоӣ нест ва рӯ ба афзоиш дорад) кушода шудаанд, ки қисмате аз онҳо дар реҷаи шабонарӯзӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Дар маҷмуъ шумораи онҳо имрӯз зиёда аз 4 ҳазор ададро ташкил медиҳад.


Ва ниҳоят, бо боварӣ метавонем изҳор намоем, ки мақсад аз гузаронидани ислоҳоти ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи ҷаҳони муосир ва стандартҳои соҳавӣ мутобиқ намудани низоми бонкии кишвар, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва ба ин васила дастгирии ҳамаҷонибаи иқтисодиёти воқейи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. 


Хадамоти матбуоти  
БМТ


19.02.2016
Пули миллӣ – сомонӣ воситаи ягонаи муомилоту пардохт дар қаламрави Тоҷикистон ба шумор меравад

Ҷавоб ба саволи хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Убайдуллои Мурод


- Чандест, ки бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон бонкҳои мамлакат рубли русии аз Федератсияи Русия фиристодаро бо сомонӣ ҳисоб карда пардохт мекунанд. Ин тағйирот бо назардошти кадом омилҳо роҳандозӣ шудааст?


- Тавре қаблан хабар дода будем, Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 4 қонуни ҶТ “Дар бораи танзими бозори асъор ва назорати асъор” аз 2 феврали соли 2016 ба тамоми ташкилотҳои қарзӣ дастур дода буд, ки тамоми маблағҳои рубли русии ба номи шахсони воқеӣ аз хориҷа бе кушодани суратҳисоби бонкӣ воридшударо мубодила намуда, ба интиқолгирандаҳо танҳо пули миллӣ – сомонӣ пардохт намоянд.


Ин тасмим бо мақсади иҷрои қарорҳои ҷаласаи корӣ дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 22 январи соли 2016 ва бо назардошти таъмин намудани мақоми пули миллӣ – сомонӣ ҳамчун воситаи ягонаи муомилоту пардохт дар қаламрави Тоҷикистон, таъмини устувории қурби пули миллӣ ва ба танзим даровардани гардиши асъори хориҷии нақд дар кишвар ба роҳ монда шудааст.


Қурби амалиётии мубодилавии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқарраршаванда дар асоси қурбҳои бозории рубли нақди русӣ муқаррар карда шуда, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст. Қурби амалиётӣ барои хариди рубли русӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути низоми электронии савдои бозори байнибонкии асъор (Томсон Ройтерс) дар рӯзи пардохт муқаррар шуда, ягона аст ва онро ташкилотҳои қарзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода мебаранд.


Қайд кардан зарур аст, ки талаботи Дастури мазкур танҳо барои маблағҳои интиқолӣ бо рубли русӣ дахл дошта, нисбати маблағҳои бо дигар асъори хориҷӣ фиристодашуда талаботи боло амалӣ намешавад.


Хадамоти матбуоти  
БМТ


09.02.2016
БМТ: Тағйирёбии нархи молу маҳсулот дар бозори дохилӣ муътадил аст

Шарҳи мухтасар оид ба тағйирёбии нархҳо дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ


Тайи чанд рӯзи охир дар сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ якчанд хабару гузоришҳо оид ба болоравии зиёди нархҳои маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ба нашр расиданд, ки агар бо истифода аз усули муқоисавӣ ва ҳатто аз рӯи инсоф онҳоро баҳогузорӣ кунем, муҳтавояшон аз воқеияти рӯз ва вазъи феълии нархҳои мавҷуда тафовути куллӣ доранд.


Дар робита ба гуфтаҳои боло, рӯ меорем ба факту рақамҳои воқеӣ ва расмие, ки дар асоси нишондиҳандаҳои оморӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Тибқи маълумотҳои омори расмӣ сатҳи таваррум дар соли 2015 нисбат ба соли пешин тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, ба 5,1 фоиз баробар шуд. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 4,3 фоиз, ғайриозуқа 7,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,3 фоиз ба амал омад.


Барои маълумот махсус қайд менамоем, ки кам ё паст шудани сатҳи таваррум яке аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва мусоидаткунанда барои таҳкимёбии фазои макроиқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.


Таҳлилҳои анҷомдодашуда исбот намуданд, ки нишондиҳандаи мазкур асосан дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ва то андозае боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ ба вуқӯъ пайвастааст.


Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд. Дастоварди боло ё фаровонию арзонии маҳсулот дар натиҷаи ба маротиб афзоиш ёфтани истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, мевагӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, ангишт, семент, хишти пухта ва дигар молҳои ниёзи мардум ба даст омад.


Дар аввалин моҳи соли 2016 тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодие, ки вобаста ба вазъи идомаёбандаи берунӣ-иқтисодӣ, яъне таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида мешавад, то андозае ба болоравии нархҳои баъзе аз маҳсулоти бар ивази асъори хориҷӣ берун аз кишвар воридшаванда таъсир расониданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар айни замон, тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад.


Тибқи нақшаи тасдиқшуда, бақайдгирӣ ва баҳодиҳии нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар бозорҳои калонтарини минтақаҳои кишвар ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Таҳлилҳо ба санаи 5 феврали соли ҷорӣ нишон доданд, ки нархи миёнаи молу маҳсулоти воридотӣ назар ба нарху навои онҳо дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил пасттар аст.


Ҳамзамон, дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоили пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ дошт.


Боиси таассуф аст, ки бархе аз намояндагони васоити ахбори омма рӯзҳои охир бе таҳлили амиқ ва муқоисаи рақаму нишондиҳандаҳо хабарҳоеро оид ба тағйирёбии нархҳои бозорҳои кишвар ба нашр расонида истодаанд, ки ба авзои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад. Зеро, дар шароити феълии буҳронӣ сару садоҳои беасос боиси ба эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон ва афзоиши омилҳои интизорӣ гардида, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад.


Дар ин робита, аҳли эҷодро ба таъмини оромию таҳаммул, ки барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор муҳим мебошад, даъват менамоем. Зеро, дар назар аст, ки шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, бо андешидани чораҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд.


Қайд намудан зарур аст, ки соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ ва кишоварзӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дошта, Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути қабул ва татбиқи барномаҳои мухталифи соҳавӣ бо мақсади пурра таъмин кардани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва нигоҳдории муътадилии нархи маҳсулотҳо тамоми имкониятҳои худро равона намуда истодааст.


Дар баробари ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ниёзи мардум ва воридивазкунанда ва бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои ватанӣ барои афзун намудани ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи нисбатан пасттар ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ сари вақт пешниҳод кардани маблағҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.


Барои мисол, дар соли 2015 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ зиёда аз 7,5 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд, ки нисбат ба соли 2014-ум 32,9 фоиз зиёд мебошад.


Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул, инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо, бахусус ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ меандешад.


Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо буда, дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор барои таъмини иҷрои ин вазифа, нигоҳдории вазъи муътадили макроиқтисодию молиявӣ, рушди воқеии иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардуми кишвар тамоми имкониятҳои худро равона месозад.


Бо назардошти гуфтаҳои боло, имрӯз хеле хуб мебуд, агар дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодӣ, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад, мо, ҳамагон, шаҳрвандони гиромӣ ва аз ҷумла, рӯзноманигорони асил бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба вазъи феълӣ муносибат намуда, диққати худ ва ҷомеаро бештар ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз қабили ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тавлиди маҳсулот дар кишвар, эҳтироми пули миллӣ ва истифодаи дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо мусоидат менамоянд, равона созем.


Хадамоти матбуоти  
БМТ

05.02.2016
Рақами овардашуда ягон зарра ҳақиқат надорад

Ҷавоб ба хабари «До $50 млн. могут недополучить таджикские семьи, чьим основным доходом являются денежные переводы», ки дар сомонаҳои Оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс» ва «Авеста» нашр шудааст.


Дар ибтидо Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди он ки гӯё интиқолгирандагони рубли русӣ аз ҳисоби фарқияти байни қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои мубодила муайяншуда ва қурби бозори ғайрирасмӣ метавонанд ба маблағи то 50 млн. доллари ИМА зарар бинанд, бо қатъият изҳор менамояд, ки ин рақам комилан беасос буда, ба ҳақиқат рост намеояд. Зеро қурби барои мубодила аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқарраршаванда дар асоси қурбҳои бозории рубли нақди русӣ муқаррар карда шуда, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст.


Қурби амалиётӣ барои хариди рубли русӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути низоми электронии савдои бозори байнибонкии асъор (Томсон Ройтерс) дар рӯзи пардохт муқаррар шуда, ягона аст ва онро ташкилотҳои қарзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода мебаранд.


Барои мисол, Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии рубли русиро дар санаи 4 феврали соли равон 0,104 сомонӣ эълон карда, қурби амалиётии хариди рубли русиро бошад, 0,1075 сомонӣ барои як рубли русӣ муқаррар кардааст. Тавре мебинем, қурби хариди рубли русии интиқолӣ назар ба қурби расмии он 3,5 банд баланд аст, ки ин ба фоидаи интиқолгирандаҳо мебошад. Бо ибораи дигар гӯем, агар 1000 рубли русӣ бо қурби расмӣ ба 104 сомонӣ баробар шавад, пас он бо қурби амалиётӣ ба 107,5 сомонӣ баробар мешавад. Тавре мегуянд: “Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест”, вале баъзан зарур аст, ки далелҳои маълумро такрор ба такрор гушрас намоем.


Аз гуфтаҳои боло метавон хулоса баровард, ки муаллифони оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс» ва «Авеста» бе дарки вазъи воқеъии бозори асъор, тартиби муқарраршуда ва таҳқиқи далелу рақамҳо маълумоти носаҳеҳро ба нашр расонидаанд.


Ва ниҳоят, аз намояндагони Воситаҳои ахбори омма хоҳиш мекунем, ки ҳангоми истифодаи арқому далелҳо аз нашрияҳои хориҷӣ оид ба ин ё он хабарҳо аз ҳаёти ҷумҳурӣ, аққалан қабл аз чопи ахбори худ ба дурустию дақиқ будани онҳо таваҷҷуҳ намоянд.


Хадамоти матбуоти

БМТ


29.12.2015

Масъалагузорӣ бояд асоснок бошад

Ҷавоб ба мақолаи Иззатбек Идизода, Усмон Раҳимзода, таҳти унвони “Бонки миллӣ ҷилави аспи асъорҷаллобонро сар дод”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, 17.12.2015, №50 (1144)


Сараввал рӯ меорем ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва касбии рӯзноманигорон, ки дар фаъолияти ҳамарӯза барояшон ҳамчун раҳнамо хизмат менамоянд. Масалан, дар моддаи дуюми “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, дар бораи сареҳияти ахбор, дар баробари он ки ба ВАО ва журналистон риояи тавозуни назарҳо бидуни таҳриф ва ғараз тавсия дода шудааст, боз гуфта мешавад, ки “Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд”. 


Банди дуюми моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” низ, ҳангоми роҳ додан ба сӯиистифода аз озодии сухан ва нодурустии ахбори паҳншаванда, ба ҷавобгарӣ кашидан ишора мекунад. Вале ба назар чунин менамояд, ки бархе аз рӯзноманигорон бехабар аз Кодексу қонунҳои касбии хеш дар масъалаҳои иқтисодӣ масъалагузорӣ карданӣ мешаванд. 


Дар атрофи моддаҳои дигари кодекси ахлоқу қонуни журналистон, масъулияти иҷрои онҳо бештар аз ин ҳарфе гуфтанӣ нестем. Шояд дар ин бора аз мо дида роҳбарону масъулини нашрияҳо ба кормандонашон дарси одоби эҷод ва маҳорати журналистиро беҳтар ба роҳ монанд. Аммо сари мавзуи бардошташуда маълумоте чанд манзури хонандагони закӣ мегардонем. 


Бо таваҷҷуҳ ва андешаи начандон амиқ ба хубӣ, метавон дарк кард, ки соли 2015 иқтисодиёти аксар кишварҳои олам ва ҳатто давлатҳои рушдкардаи Аврупою Осиё низ дар муқобили лаппишҳои доллари ИМА муқовимат карда натавонистанд ва қурби асъори миллиашон ба андозаҳои гуногун коҳиш ёфтанд. Зеро ноустувории нарху наво (бахусус нархи нафт) дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ дар соли ҷорӣ, ба суръати рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон таъсири амиқ гузошт. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ин давлатҳо тайи якуним соли гузашта аз ноустуворӣ ва тағирёбии иқтисодиёти онҳо дарак медиҳад. Табиист, ки буҳрони идомадори сиёсӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ таъсири манфии худро аз тариқи давлатҳо–шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба вазъи иқтисодиёти ҷумҳурии мо, алалхусус ба бозори асъор, низ расонид. 


Тибқи таҳлилҳои охир, аз оғози сол то нимаи моҳи декабри соли равон қурби расмии сомонӣ аз 5,3074 сомонӣ то ба 6,9212 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ё 30 фоиз коҳиш ёфтааст. Қурби бозории доллари нақди ИМА бошад, аз 5,47 сомонӣ то ба 7,45 сомонӣ барои 1 доллари нақди ИМА, ё 37,1 фоиз баланд шудааст. Пӯшида нест, ки ин раванд ба вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар бетаъсир намемонад ва дар атрофи ин масъала вақтҳои ахир андешаҳои гуногуни муаллифон дар саҳифаҳои бархе аз нашрияҳо низ ба чоп мерасанд. 


Албатта, ошкорбаёнӣ, фошгӯӣ ва изҳори бемамонияти ақидаву андеша нишонаи ҷомеаи озодандешу демократӣ ва субботи сиёсидошта мебошад ва хушбахтона, ин имкониятро имрӯз Сарқонун ва Ҳукумати кишвар барои мо фароҳам овардааст. Аммо сӯистифода бурдан аз озодӣ ва бо истифода аз имконоти дар ихтиёрдошта, ваҳиму аз будаш зиёд баён намудани вазъияту ҳолати аслии кор нишони хирадмандӣ ва ба манфиати давлату миллат нест. 


Бинобар ин, саросемавор ё ноогоҳона дар Воситаҳои ахбори омма суолгузорӣ намудан, ки “ваъдаҳои Бонки миллӣ куҷо шуд?”, “Бар ивази нуқтаҳои мубодилаи асъор БМТ чӣ мехоҳад?”, “Назорати бозори асъор ба дӯши кист?” баёнгари вазъи воқеии ҳолати кор набуда, аз беиттилоии рӯзноманигорон ва ё ба таври зарурӣ дарк накардани мавзуъ дарак медиҳад. 


Мақолаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таҳти унвони “Бонки миллӣ ҷилави аспи асъорҷаллобонро сар дод” дар назари аввал гӯё маводи таҳлилӣ аст, вале баъди мутолиаи он пай бурдан душвор нест, ки мавод эҳтимол ғаразнок ва ҳадафмандона навишта шудааст. Шикваҳои муаллифон ба амалҳои баъзе аз кормандони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Эсхата”, ҶСП “Фононбонк” дахл дошта бошад ҳам, Бонки миллиро дар ин ҳама камбудиҳо сабабгор медонанд. Ҳол он ки БМТ дар ин самт корро пурзӯр намуда, баръакси навиштаҳои мақолаи мазкур, танҳо дар якуним моҳи гузашта чандин бонку ташкилотҳои қарзии хурдро ҷаримаҳои калон кардааст. 


Дар мавриди ба андешаи муаллифон “баста шудани нуқтаҳои асъор ва бар ивазаш як чизи солим ва фарогир бунёд накардани Бонки миллӣ” бояд гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли ҷорӣ, бо назардошти нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо барои таъмини фаъолияти муназзами бозори дохилии асъор ва суботи низоми молиявии кишвар, таъмини муътадиливу қобилияти харидории пули миллӣ, суботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадили қурб як зумра чораҳои заруриро амалӣ намудааст.


Бояд қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон то ин вақт барои бастани нуқтаҳои мубодилаи асъор ягон дастурро барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол накардааст. Ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ барои ҷарима нашудан, пеш аз муҳлати муқарраршудаи гузариш ба низоми нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ, ки бояд тибқи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” то охири сол ҷорӣ барпо карда мешуд, дар 1 рӯз фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори худро ба якборагӣ қатъ кардаанд. 


Бо мақсади ҷорӣ кардани тартиби нави анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ дар давраи гузариш то охири соли ҷорӣ фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ гардида, минбаъд амалиёти мубодилавӣ бевосита дар худи ташкилотҳои қарзӣ, дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораи бонк (муваққатан дар нуқтаҳои интиқоли пул) анҷом дода мешаванд. Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки амалиётҳои мубодилаи асъорро бо истифода аз як низоми дуруст ва шаффоф, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, ба роҳ монад. Дар бораи анҷом додани амалиётҳои мубодилаи асъор танҳо тавассути ташкилотҳои қарзӣ (филиалҳо, нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо), пайваст кардани низоми амалиётии ташкилотҳои қарзӣ ба низоми дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон хабару изҳоротҳо мунтазам дар расонаҳои даврии кишвар ва сомонаи расмии БМТ нашр шуда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ таҳия ва қабул гаштаанд. 


Роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки дар бозорҳои қалон, фурӯшгоҳҳои бузург ва ҷойҳои серодами ҷумҳурӣ барои конеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба анҷом додани амалиётҳои мубодилавии асъор марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳои иловагӣ ифтитоҳ намуда, реҷаи кории онҳоро тағйир дода, фаъолияташонро дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе таъмин намоянд.


Ҳамчунин, бо мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ анҷом додани амалиётҳои мубодилавӣ ва истифодаи асъори хориҷӣ тағйироту иловаҳо ба кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд. 


Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар қисми таъмини назорат ва санҷиши баҳисобгирии амалиёти бозории асъор, дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чорабиниҳои дахлдор гузаронида истодааст. 


Қайд кардан бамаврид аст, ки тағйирёбӣ ё коҳиши босуръати пулҳои миллӣ нисбати доллари ИМА дар соли 2015 хоси танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Бо вуҷуди доштани иқтисодиёти бузург ва захираҳои калони тиллоию асъорӣ, пули миллии кишварҳои Русия - 36%, Қазоқистон - 71%, Ӯзбекистон -40 %, Беларус - 51,5%, Қирғизистон – 30%, Озарбойҷон - 33,5%, Туркманистон – 30% ва Чин – 2,9% низ дар нисбати доллари ИМА коҳиш ёфтаанд. 


Айни замон Бонкҳои марказии давлатҳои Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон пули милли хешро ба низоми озоди шинокунанда сар додаанд, дар ҷумҳуриҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Беларус бошад, низоми шадиди назоратӣ барои харидории асъори хориҷӣ, алалхусус доллари ИМА ҷорӣ карда шудааст. Ба ибораи дигар гӯем, шаҳрвандон аз бонкҳо танҳо баъди пешниҳоди шиноснома, талон ва ҳаҷми муқарраршуда асъори хориҷӣ харидорӣ карда метавонанд.


Бонки миллии Тоҷикистон талаботи реҷаи қурбии интихобшудаи пули миллӣ - шинокунандаи танзимшавандаро ба роҳ мондааст. Яъне, тибқи дастури БМТ, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ қурби фуруши доллари нақди ИМА-ро мустақилона, бо назардошти вазъи бозори дохилӣ, дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон (болои қурби расмӣ илова намудан то 1,5 %) муқаррар ва амалӣ менамоянд. 


Дар баробари ин, ҳамарӯза вазъи бозори нақд ва фаъолияти муассисаҳои бонкии ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ машғулбуда, назорат шуда, дар ҳолати ошкор шудани ҳаннотӣ ва ё беасос баланд кардани қурб аз ҷониби БМТ чораҳои қатъии огоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида мешаванд. 


Айни ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, имрӯз бозори ғайринақдии асъорро пурра бо асъор таъмин кардааст ва муштариёни бонкҳо метавонанд бо осонӣ талаботи асъории худро қонеъ гардонанд. 


Ва ниҳоят, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳли қалам ва эҷоди ҷумҳурӣ даъват менамояд, ки дар ин давраи буҳронӣ аз чопи ахбору гузоришҳои носанҷидаю ҳангомасоз, ки вақтҳои охир дар баъзе расонаҳои даврӣ нашр мешаванд, худдорӣ кунанд. Вазъияти феълии бозор, талабот ва таъмини он ба пули миллию асъори хориҷӣ таҳти таҳлили доимӣ ва назорати қатъии Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ва дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад ва тамоми чораҳои зарурӣ барои муътадил кардани курби пули миллӣ андешида шуда истодаанд.


Хадамоти матбуоти

БМТ

21.08.2015
БМТ барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст

   Тайи ду рӯзи охир сомонаҳои иттилоотии ҷумҳурӣ бе таҳлили амиқ ва муқоисаи рақаму нишондиҳандаҳои иқтисодӣ гузоришҳое ба нашр расонида истодаанд, ки дар пасманзари аз сиёсати шинокунандаи танзимшаванда ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани қурби тенге аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар муддати як шабонарӯз ба андозаи бештар аз 30 фоиз поин рафтани қурби пули миллии он, гӯё дар бозори асъори нақди ҷумҳурии мо ба истилоҳ “асабоният” ва “нофаҳмиҳо” ба миён омадааст.

   Қабл аз ҳама, бояд қайд намоем, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро дорад ва барои ҳимояи манфиатҳои сирф миллияш бо назардошти хусусиятҳои фарқкунандаи ин ё он минтақа ва мамлакат сиёсати хоси асъории худро дар амал татбиқ менамояд.

   Тавре маълум аст, дар рӯзҳои охир вазъи қурби юани Хитой, рубли русӣ ва бархе аз асъорҳои дигари дунё ба тағйироту лаппишҳои бозори асъор рӯ ба рӯ шуда, дар баробари доллари ИМА арзиши онҳо паст шуданд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Қазоқистон истиссно шуда наметавонад, зеро масъулини бахши молиявӣ ва бонкии ин кишвар яқин медонистанд, ки баъди ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани тенге, қурби он ба андозаи назаррас коҳиш хоҳад ёфт.   

   Дар робита ба хабарҳои охир, ки баъзе аз онҳо,мутаассифона, оҳанги ҳангомаомез низ доранд, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъияти бозор таҳти назорат қарор дорад. Бонки миллии Тоҷикистон дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ тавассути шуъбаҳои худ дар шаҳру вилоятҳо дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти бозори асъоро ба танзим дароварда, талаботи онро бо асъори хориҷӣ таъмин намуда истодааст ва дар айни замон барои воҳимаю ҳангома кардан дар атрофи ин масъала ягон асос ва замина вуҷуд надорад. Чун ҷумҳурии мо бо Қазоқистон бо асъори хориҷӣ, яъне бо доллари ИМА доду гирифт менамояд, коҳиш ёфтани қурби тенге ба қурби сомонӣ, ба андешаи мо, таъсири чашмрас нахоҳад дошт.

   Қайд кардан ба маврид аст, ки ба санаи 1 августи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 1484 нуқтаи мубодилаи асъор ва 1825 нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд аст ва ҳамаи онҳо фаъолият доранд ва ҳамарӯза амалиётҳои табодули асъорро анҷом медиҳанд.

   Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, бозори ғайринақдии асъорро дар айни ҳол пурра бо асъор таъмин кардааст ва муштариёни бонкҳо метавонанд бо осонӣ талаботҳои асъории худро қонеъ гардонанд.

   Илова бар ин, тавре қаблан хабар дода будем, созишномае, ки дар назар аст Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки халқии Хитой оид ба ҷалби маблағҳои қарзӣ дар рӯзҳои наздик ба имзо расонад, метавонад талаботи бозори асъори ҷумҳуриро ба доллари ИМА кам намояд ва фишори қурбиро ба пули миллӣ коҳиш дода, муътадилӣ ва устувории онро нигоҳ дорад.

   Ва ниҳоят, бо боварӣ метавон гуфт, ки сатҳи муътадили захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ ва имкониятҳои васеъи бонк, ки дар ҷодаи ҷалби маблағҳо ва сармоя аз шарикони байналмилалӣ дорад, ба пешбурди сиёсати мустақили қурбиву монетарии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.


Хадамоти матбуоти 
БМТ



14.07.2015

Корти пардохтӣ ва маблағи дархостшудаи муштарӣ ба соҳибаш баргардонида шуданд


Ҷавоб ба шикояти Зарина Эшон: “Банкомат кортро хурд” (Банкомат съел карту), “Вечёрка”, №24 (211), 1 июли соли 2015 


    

Муштарии ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон” Зарина Эшон дар шикояташ навиштааст, ки дар давоми ду моҳи охир маротибаи дуюм аст, ки ҳангоми гирифтани маблағ аз банкомати бонки мазкур бо мушкилот рӯ ба рӯ мешавад. Дар дафъаи аввал баъд аз дармондани корти пардохтиаш дар банкомат масъулини бонки номбурда ваъда дода буданд, ки баъд аз 30 дақиқа корташро бозпас медиҳанд, аммо танҳо баъд аз гузаштани ду соат ба ваъдаашон вафо кардаанд. Маротибаи дуюм низ баъди айнан такрор шудани ҳамин ҳодиса корти муштарӣ бо таъхир намудани вақт ва бе узрпурсӣ аз тарафи масъулини бонк ба соҳибаш баргардонида шуд. 

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон далелҳо ва саргардониҳою мушкилоти дорандаи корти пардохтиро, ки дар ҳафтанома чоп шудааст, ташвишовар ва ғайриматлуб шуморида, бо Амрномаи худ ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон”-ро вазифадор намуд, ки барои бартараф намудани мушкилоти мазкур чораҳои фаврӣ биандешад. 

Дар мактуби ҷавобӣ роҳбарияти ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон ” иттилоъ дод, ки қазияи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷаи таҳлил маълум гашт, ки фурӯбарии корт дар банкомати ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон ” бори аввал ба вуқӯъ пайвастааст, ки сабаби он корношоям будани корти муштарӣ мебошад. 

Бо вуҷуди ин, ки ҳолати мазкур дар рӯзи истироҳат ба вуқӯъ омада буд, кормандони масъули бонк сари вақт корти пардохтӣ ва маблағҳои дархостшудаи муштариро баргардониданд. 

Дар робита ба ин,, аз шаҳрвандони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки ҳангоми дучор омадан бо камбудию норасоиҳо ва қонунвайронкуниҳо дар бахшҳои низоми бонкии мамлакат ба “Телефони боварӣ”-и Бонки миллии Тоҷикистон + (992) 44 – 600 – 15 – 20 занг зада, аз мушкилоти ба миёномада ба масъулин хабар диҳанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

 

10.07.2015
Ба корманди масъул барои муомилаи дағалона сарзаниш эълон карда шуд

Ҷавоб ба мақолаи Нигора Саидбекова: “Дигар ба воҳимаву дурӯғ ва сафсатаҳои баъзе бонкҳои кишвар, ки мегӯянд “мизоҷонамон фалону фалон қадар шуд”, бовар накунед!”, “Фараж”, №26(447) аз 24 июни соли 2015 

     Хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” Нигора Саидбекова баъди гум кардани корти пардохтии худ, ки ба ҶСК “Агроинвестбонк” тааллуқ дошт, барои барқарор кардани он ба бахши кортҳои пардохтии Мудирияти амалиётии бонк, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ муроҷиат намуд. 
    Мутахассиси масъули бонк баъд аз гирифтани нусхаи шиноснома, ваъда додааст, ки номбурда метавонад рӯзи дигар омада корти худро бигирад. Ҳамзамон таъкид намудааст, ки пули корти нав ва боҷи давлатӣ аз ҳисоби маблағи дар ҳисобаш доштаи ӯ ситонида мешавад. 
   Аммо, на дар вақти ваъдагӣ ва на чанд рӯзи дигар Нигора Саидбекова натавонистааст корти худро бо ҳар баҳонаи пешовардаи шахси масъули бонки зикршуда дастрас намояд. 
     Болои саргардониҳои зиёд, муомилаи дурушт ва дағалонаи корманди масъули бонк Н. Саидбековаро дилсард гардонид ва дар ниҳояти кор ӯ аз баҳри корти пардохтии худ гузашта, дар ин бора мақолаи мазкурро дар ҳафтаномаи “Фараж” ба табъ расонид. 
     Баъд аз мутолиаи мақолаи номбурда роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Амрномаи худ ҶСК “Агроинвестбонк”-ро вазифадор намуд, ки барои ҳалли қазияи мазкур чораҳои фаврӣ биандешад. Зеро муносибати номатлуб ва ғайрикасбии кормандони масъул бо мизоҷон ба коҳиш ёфтани боварии аҳолӣ ба воситаҳои муосири пардохт ва дар маҷмуъ ба низоми бонкӣ оварда мерасонад. 
     Дар мактуби ҷавобӣ роҳбарияти ҶСК “Агроинвестбонк” иттилоъ дод, ки маводи мазкур дар ҷаласаи Мудирияти амалиётии бонк бо иштироки ҳамаи кормандонаш мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуд. 
     Дар натиҷа барои роҳ додан ба муносибати дағалона бо мизоҷ, ба таври зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои вазифавӣ бо фармони роҳбарият ба Буриев Ш.Ф., - муҳосиби пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ – амалиётии Мудирияти амалиётии бонк муҷозоти интизомӣ дар шакли сарзаниш эълон карда шуд. 
     Дар ҷаласа бори дигар таъкид карда шуд, ки муносибати хуб ва хушгуфторию рафтори боадабона бо мизоҷ вазифаи ҳар як корманди бонк ба шумор меравад ва он бояд дар сатҳи зарурӣ иҷро шавад. 
     Роҳбарияти ҶСК “Агроинвестбонк” бо боварӣ изҳор дошт, ки масъалаҳои риояи муносибату муоширати хуби кормандонро бо мизоҷон минбаъд низ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ меандешад. 
     Дар интиҳо ба ҳамаи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми дучор омадан ба нофаҳмиҳо ва ё қонунвайронкуниҳо дар бахши низоми бонкии мамлакат метавонанд ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон +(992) 44- 600-15-20 занг зада, аз мушкилоти ба миёномада ба масъулин хабар диҳанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ 

08.01.2015
Даъвои Султонӣ асос надорад

Ҷавоб ба мусоҳиба ва даъвои Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи тоҷир ва сармоядори Эрон Бобак Занҷонӣ таҳти унвони “Султонӣ: Занҷонӣ дар Тоҷикистон $3 000 000 пора дод”, ки дар рӯзномаи “ИмрӯзNews” 7 январи с.2015 аз нашрияҳои эронӣ бознашр шудааст. 


Дар идома ба чандин изҳоротҳои расмиаш нисбат ба сару садоҳои зиёд дар мавриди қазияи сармоядори эронӣ Бобак Занҷонӣ, маблағҳои гумшудаи он ва дар ин кор гӯё даст доштани ҷониби Тоҷикистон, ки тайи ду соли охир дар нашрияҳои дохилию хориҷӣ бо тобишҳо нав ба нав инъикос мегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон қотеона ин даъвои беасосро рад менамояд. 
     Таваҷҷуҳ ба порае аз мусоҳибаи Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи номбурда аз он дарак медиҳад, ки ин даъво тахайюлот ё пиндору фикри шахсии ӯ буда, асоси воқеӣ надорад. 
     Қайд кардан зарур аст, ки қаблан низ дар мавриди ташрифи гуруҳи махсуси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон ва тасдиқи ин гуруҳ оид ба иртибот надоштани Бонки миллии Тоҷикистон ба ин қазия дар воситаҳои ахбори омма иттилою вокуниши иловагӣ пахш шуда буд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

08.12.2014
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи стандартӣ ба реҷаи муқаррарӣ ворид карда шуд

Вокуниш ба ахбори хабарнигори ҳафтаномаи “Наҷот” таҳти унвони “Душанбе ҳамкориҳо дар мубориза бо пулшӯиро мусбат арзёбӣ кард”, аз 20 ноябри соли 2014

Воқеан ҳам бояд зикр намуд, ки соли 2008 аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ зимни баҳогузории кишвар ва хулосаи Гуруҳи Авросиё дар ҷаласаи 9 Пленарӣ, ки дар ш. Москва баргузор гардида буд, Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм дар реҷаи “мониторинги қатъӣ” қарор дода шуда буд. 

     Тибқи тартиби коргузории Гуруҳи Авросиё Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола доир ба корҳои дар ин самт анҷомдодаи хеш ва мутобиқ намудани қонуну санадҳои ҷумҳурӣ ба тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) дар ҳар як ҷаласаҳои Пленарии Гуруҳи Авросиё ва ФАТФ ҳисобот пешниҳод менамояд. 

     Бо тақозои талаботи ин ташкилотҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар давоми ду соли охир қонунгузории худро ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ намуда, амалияи онро аз ҷониби сохторҳои марбута ба роҳ монад. 

     Вобаста ба ин пешравиҳо дар Ҷаласаи 20 Пленарии Гуруҳи Авросиё, ки моҳи июни соли 2014 дар ш.Москва (Федератсия Россия) баргузор гардид Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи махсус ба реҷаи стандартӣ гузаронида шуд. 

     Ҳамзамон дар ҷаласаи навбатии ФАТФ, ки моҳи июни соли ҷорӣ баргузор гардид, ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардида, ҷиҳати дар амалия дида баромадани ин талабот қарор оиди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намудани ҳайати махсуси ФАТФ бароварда шуд. 

     Баъд аз хулосаи пешниҳодгардидаи ин ҳайат, ки 24-25 сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати санҷиш ва омӯзиши ин низом ба ҷумҳурӣ ташриф оварда буданд, дар ҷаласаи навбатии ФАТФ моҳи октябри соли 2014, ки дар ш.Париж (Фаронса) баргузор гардид Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи мониторинги қатъӣ бароварда шуд. 

     Илова бар ин, дар Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё, ки 10-14 ноябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе баргузор гардид, бо дастгирии кулли иштирокдорони он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи стандартӣ ба реҷаи муқаррарӣ ворид карда шуд. 

     Барои маълумот: Хулосаҳои қабулшуда нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои расмии ФАТФ (http://www.fatf-gafi.org) ва Гуруҳи Авросиё (www.eurasiangroup.org) нашр гардидаанд. 

Хадамоти матбуоти 

БМТ 

03.12.2014
Дар муомилоти ҷумҳурӣ маблағи 30,5 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мавҷуд аст

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори рӯзномаи “ИмрӯзNews” Сафарбой Шарифов “Танга нест? Ба ҳукумат ариза пешниҳод кунед” аз 14 ноябри с.2014, №208(973)

Бо мақсади такмили сохтори низоми пулии ҷумҳурӣ ва дар ин замина таъмин намудани эътимоднокӣ ва устувории он, мутобиқи банди 16 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба муомилот баровардани тангаҳои филизӣ” аз 3 сентябри соли 2001 тангаҳои филизии бо арзиши 1, 2, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам барориши соли 2001 ба муомилот бароварда шуданд. 
     Дар банди сеюми Фармони номбурда омадааст: “Муассисаҳои савдо, нақлиёт ва корхонаҳои дигар, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонӣ тангаҳоро ба миқдори зарурӣ захира намоянд”. 
    Айни замон, бо қарорҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои соли бароришашон 2001, 2006 ва 2011 бо арзиши (1,3,5 сомонӣ ва 1,2,5,10,20,50 дирам), ки ба муомилот бароварда шудаанд, баробар гардиш менамоянд ва дар ҳаҷму номиналҳои зарурӣ мавҷуданд. Дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ ба қадри зарурӣ саривақт таъмин мегарданд. 
     Қайд кардан бамаврид аст, ки дар айни замон дар муомилоти ҷумҳурӣ маблағи 30,5 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ дар гардиш қарор доранд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

14.11.2014
БМТ чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи Азия-Плюс Маҳастӣ Дустмуродова

Воқеан тағйирёбиҳои қурбие, ки чанд ҳафта инҷониб дар бозори дохилии асъор вобаста ба вазъи берунӣ-иқтисодӣ, яъне таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида мешаванд, то андозае ба болоравии нархи баъзе аз маҳсулоти асосии воридотӣ таъсири худро расонид. Айни замон, тағйирёбии мазкур танҳо дар нархи орд, ки дар мақолаи мазкур зикр гардидааст, дида мешавад. Аммо, чунин тағйирёбиҳо дар дигар маҳсулотҳои воридшаванда дар бозорҳои дохилӣ то ҳол ба назар намерасад. 
     Бояд таъкид намуд, ки ба ҳаргуна эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон боиси зиёд гардидани омилҳои интизорӣ шуда, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад. Аз ин лиҳоз, ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки оромию таҳаммул барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор махсусан муҳим мебошад. Зеро, тибқи интизориҳо раванди мазкур хусусияти кӯтоҳмуддат ва муваққатӣ дошта, бо паст гардидани фишорҳои қурбӣ, нархи маҳсулоти воридотӣ чун солҳои пешин ба нуқтаи мувозинатӣ (аввала) бармегардад. 

Тағйирёбии миёнамоҳонаи нархи маҳсулотҳо дар кишвар дар солҳои 2010-2014 (1 кг/сомонӣ)



Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати пешгирии таъсири фишорҳои қурбӣ ба низоми молиявии кишвар мудохилаҳои асъориро анҷом дода, барои роҳ надодан ба ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ андешида истодааст. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ  

26.06.2014
Ҷавоб ба мақолаҳои сомонаи Радиои Озодӣ “Бобак Занҷонӣ ва шустушӯи пулҳои нафт дар Тоҷикистон”(5.10.с.2013) ва рӯзномаи “ИмрузNews” “Дурӯғи Занҷонӣ” (7.10.с.2013).

Қабл аз ҳама бояд изҳор намоем, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар нишасти матбуотии бонк, ки 23 июли соли равон баргузор гардида буд, бо чунин мазмун, ки гӯё “вай дар бораи Занҷонӣ ва таҳримҳои Амрико бар зидди ҶСП БС “Конт Investment Bank” чизе намедонад”, ба ҳозирини нишаст дар ин шакл маълумот пешниҳод накарда буд.

Зеро то ин вақт бо назардошти талаботи таҳримҳо ва дар асоси тафтиши мутахассисони бонк бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2013 №48 ҶСП БС “Конт”аз ҳуқуқи кушодани филиал ва иштирок кардан дар аҳдҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ маҳрум карда шуд.

Дар айни замон ҶСП БС “Конт” ҳуҷҷатҳои заруриро, ки алоқаманд будани бонкро ба асосҳои дар таҳрим овардашуда рад менамоянд, омода намуда, ба Департаменти назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА (OFAC) ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) пешниҳод намудааст.

Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналхалқии ҷумҳурӣ Бонки миллии Тоҷикистон тавассути дастури махсус тамоми ташкилотҳои қарзии кишварро уҳдадор намудааст, ки то рӯзи аз рӯйхати таҳрим хориҷ шудани ҶСП БС “Конт” ҳамкорӣ ва ҳисоббаробаркуниро бо ташкилоти мазкур боз доранд.

Боиси таассуф аст, ки сарфи назар аз татбиқи чораҳои зарурӣ дар ин самт, намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангома ба миён меоранд ва мардумро ба иштибоҳ бурданӣ мешаванд.

Хадамоти матбуоти

БМТ

23.05.2014
Ҳаҷми қарзҳои ташкилотҳои қарзии ба аҳолии ВМКБ додашуда ба таври назаррас афзуд

Ҷавоб ба номаи соҳибкорону тоҷирони Бадахшон “Моро кӣ муфлис мекунад: ҳукумат ё бонк”, ки 5 марти соли равон дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” нашр шудааст.

     Қабл аз ҳама, бо арзи эҳтиром ба соҳибкорону тоҷирони Бадахшон изҳор менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон салоҳияти ба шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ пешниҳод ва ё додани қарзро надорад. Зеро мақсади асосии он ноил шудан ва нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон бошад, инҳоянд: - таъмини устувории низоми бонкии давлат; - мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
     Сониян, ба маълумотатон мерасонем, ки дар давоми ду соли охир ҳаҷми қарзҳои аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ба аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) додашуда ба таври назаррас афзудааст. Барои мисол, агар дар соли 2012 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои вилоят 105 758 ҳазор сомонӣ қарз дода шуда бошад, дар соли 2013 ин рақам ба 154 752 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки назар ба соли қаблӣ қариб 49 млн. сомонӣ зиёд аст. Агар ба сохтори қарзҳои додашуда аз рӯи соҳаҳо назар андозем, маълум мешавад, ки маблағҳо ба соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, аз қабили кишоварзӣ, саноат, сохтмон, хизматрасонӣ, истеъмолот ва савдои хориҷӣ дода шудаанд. Меъёри фоизҳои миёнавазн аз рӯи қарзҳо бо пули миллӣ дар соли 2013 аз 25,97% то 23,27% коҳиш ёфт. Бо асъори хориҷӣ бошад, нишондиҳандаи мазкур аз ин ҳам пасттар шуд.
     Ҳамчунин солҳои охир дар самти ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеии вилояти номбурда ба ташкилотҳои қарзии минтақавӣ нишондиҳандаҳои хуб ба даст омадаанд. Масалан, дар соли 2012 пасандозҳо дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ маблағи 959’524,2 ҳазор сомониро ташкил дода буданд. Дар соли 2013 бошад, ин нишондиҳанда ба 1’173 202,4 ҳазор сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба як соли пеш аз ин 213’678,2 ҳазор сомони зиёдтар аст. Афзоиши бомароми пасандозҳои мардум дар бонкҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоди мардум ба низоми бонкии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз қавитар мегардад. Илова бар ин, зиёд шудани амонатҳо имконият медиҳад, ки дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, яъне сари вақт гирифтани қарз аз ҷониби онҳо таъмин карда шавад.
     Албатта, имрӯз дар соҳаи бонкдорӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон дигаргуниҳо ба чашм мерасанд, барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба мардум шуъбаю филиалҳои нави бонкҳо кушода шудаанд, шумораи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ ба маротиб афзудаанд. Пӯшида нест, ки дар он ҷое, ки кор аст, камбудӣ ё норасоиҳо баъзан мушоҳида мешаванд. Дар шуъбаю намояндагиҳои ташкилотҳои қарзии ВМКБ камбудиҳои марбут ба нарасидани кадрҳои баландихтисос, техникӣ ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ мавҷуд ҳастанд. Дар ин самт корҳо барои ислоҳи камбудиҳо идома доранд.
     Аз он ҷумла, масъалаи паст кардани фоизи қарзҳои бонкӣ, соддаю дастрас кардани пешниҳоди қарзҳо, ҷалби ҳарчи бештари пасандозҳо бо фоизҳои муносиб ҳамеша дар мадди назари Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.
     Инчунин бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, алалхусус дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва дар ин замина зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо” қабул карда шуд. Акнун ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо метавонанд берун аз маҳали воқеъгардидаи худ марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои мубодилаи асъор, нуқтаҳои интиқоли пул ва воҳиди сайёр таъсис диҳанд.
     Илова бар ин, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд имконият пайдо карданд, ки бо ҷалби бештари пасандозҳо ва васеъ намудани фазои хизматрасонии бонкӣ ба муштариёни худ шароити беҳтар муҳайё намоянд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

23.04.2014
Қаблан ба ширкатҳои аудиторӣ иҷозатномаҳои бе рақам дода мешуданд

Ҷавоб ба мақолаи "Аудити Амонатбонк ғайриқонунӣ буд!", ки 27 марти соли равон дар ҳафтаномаи "СССР", (№13) ба нашр расидааст.

     Бонки миллии Тоҷикистон роҷеъ ба мактуби Шумо аз 31 марти соли 2014, №5 дар мавриди бо иҷозатномаи бе рақами Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намудани ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иттилоъ медиҳад, ки қаблан, яъне дар солҳои аввали истифодаи ин таҷрибаи байналхалқӣ ба ширкатҳои аудиторӣ иҷозатномаҳо барои фаъолияти аудиторӣ бе рақам дода мешуданд.
     Дар айни замон, иҷозатномаҳо мутобиқи талаботи Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” аз 3.04.с.2007, №172 дар матбаа чоп карда шуда, бо рақам дода мешаванд.
     Тибқи талаботи Низомномаи мазкур ба ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ ба муҳлати панҷ сол 26 декабри соли 2013 таҳти рақами (БМТ №0000019) дода шудааст.
     Дар асоси иҷозатномаҳои гирифташуда ва талаботи қонуни дар ҳамон вақт амалкунанда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”) аудити БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ҷониби ҶММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Қирғизистон) 2 маротиба (солҳои 2006-2007) ва ҶДММ “Делойт ва Туш” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) 3 маротиба (2008-2010) гузаронида шуда, нусхаи хулосаҳои аудиторӣ аз тарафи БДА ҶТ “Амонатбонк” ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Қобили зикр аст, ки ҶДММ “Делойт ва Туш” бе танаффус зиёда аз 5 маротиба аудити БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро анҷом надодааст, яъне ҶДММ “Делойт ва Туш” талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон накардааст.
     Қайд кардан ба маврид аст, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» (аз 19.05.с.2009, №524) муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» татбиқ мегардад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

15.04.2014
Бонки миллиро на Палатаи савдо, балки Палатаи ҳисоб санҷида истодааст

Вокуниш ба ахбори “Дар Бонки миллӣ чӣ меҷӯянд?”, ки 3 апрели соли равон дар сомонаи “Фараж” нашр шудааст.


    Қабл аз ҳама, бояд иброз намоем, ки 3 апрели соли ҷорӣ, соати 10:43 дақиқа дар сомонаи “Фараж” хабаре таҳти унвони “Дар Бонки миллӣ чӣ меҷӯянд?” бо чанд иштибоҳ ба нашр расида буд.
    Дар мавриди мавҷуд будани хатогиҳо дар матни ахбор бо иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж” Дилшоди Абдулмаҷид суҳбати телефонӣ доштем ва баъди он дар маводи нашршуда хатогӣ ислоҳ ва номи “Палатаи савдо” ба “Палатаи ҳисоб иваз карда шуд.
    Қобили қайд аст, ки санҷиши феълӣ фаъолияти панҷ соли охири Бонки миллиро дарбар мегирад ва мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дархости расмии Палатаи ҳисоб муҳлати санҷиш тамдид гардид.
    Илова бар ин, дар айни замон аз ҷумлаи кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ на 40 нафар, балки 16 нафар бо мақсади омӯзиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар бонк қарор доранд ва фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

12.03.2014
Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи додани қарз ба соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқиро надорад

Вокуниш ба мақолаи “Аз ширинӣ ба асал!”, ки 5 ва 10 марти соли равон дар ҳафтанома ва сомонаи “Фараж” нашр шудааст.

     Бо истифода аз имконияти мусоид тамоми рӯзноманигорони ҷумҳуриро бо фарорасии Иди матбуоти тоҷик ва Наврӯзи фархундапай, ҳамчунин Баҳори нозанин самимона табрик мегӯем ва барояшон комёбиҳои беназирро орзумандем.
     Дар робита ба андешаҳои муаллиф Ҷамила Мирбозхонова оид ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси ҷой доштани камбудиҳои дар раванди иҷозатномадиҳӣ ва додани қарз иброз менамоем, ки дар мақола барои исботи ин фикр ягон гуна арқому далели қотеъ оварда нашудааст.
     Дар ибтидо оид ба масъалаи иҷозатномадиҳӣ ба ташкилотҳои маблағгузории хурд зикр менамоем, ки баъди зиёд намудани андозаи сармояи оинномавии онҳо аз соли 2009 ба ин ҷониб шумораи кушодашавии онҳо якчанд маротиба кам шуд. Масалан, агар дар соли 2009 ба 24 ташкилотҳои маблағгузории хурд иҷозатнома дода шуда бошад, пас дар соли 2010- ин нишондиҳанда 5 адад, 2011- 2 адад, 2012 – 4 адад ва 2013 – 4 адад иҷозатномаро ташкил додааст. Дар соли сипаришуда 7 фонди қарзии хурд бинобар сабаби фаъолият накарданашон барҳам дода шуданд, ки ин аз ташаккул ёфтани бозори маблағгузории хурд ва пурзуршавии рақобати солим дар он шаҳодат медиҳад.
     Ташкилотҳои маблағгузории хурд аввал дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Танҳо баъди бақайдгирии давлатӣ ва пурра иҷро кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” Бонки миллии Точикистон дар муҳлати то ду моҳи баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар бораи ба ташкилотҳои маблағгузории хурд додан ё надодани иҷозатнома қарор қабул менамояд. Ба маълумоти ҳафтаномаи “Фараж” расонида мешавад, ки ҳамаи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки дар мақомоти андози ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар муҳлати муқараргардидаи қонун иҷозатномаҳои худро гирифтаанд. Бинобар ин, маълумоте, ки дар мақолаи номбурда оварда шудааст, ҳақиқати ҳолро таҳриф мекунад.
     Қайд кардан зарур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи додани қарз ба соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқиро надорад. Танҳо Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” метавонад дар ҳолатҳои фавқулода ҳамчун қарздиҳандаи ниҳоӣ бо шарти аз фоизи бозорӣ ду банди фоизӣ баландтар ва ба муҳлати то 3 моҳ ба ташкилотҳои қарзӣ барои таъмини пардохтпазирии онҳо қарз диҳад. Тибқи маълумоти Идораи амалиёт дар бозори озод, ки масъули амалиёти қарздиҳии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, дар муддати 4 соли охир ягон ташкилоти маблағгузории хурд барои гирифтани қарз ба бонк муроҷиат накардааст. Ба андешаи мо, дар ин робита иддаои муаллифи мақола дар бораи аз ҷониби кормандони Департаменти назорати бонкӣ ба истилоҳ гирифтани “сафедӣ” даъвои бепоя ва иғво мебошад.
     Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки Департаменти назорати бонкӣ салоҳияти ба ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод ва ё додани қарзро надорад. Зеро ин воҳиди сохторӣ барои танзим ва назорати фосилавӣ, санҷиш дар ҷойҳо, инчунин иҷозатномадиҳию тадбирҳои имдодӣ ваколатдор аст, ки ҳадафи асосии он ҳимояи манфиатҳои амонатгузорону қарздеҳон ва таъмини устувории низоми бонкии давлат мебошад.
     Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки муаллиф аз тартиби воқеии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон доир ба қарздиҳӣ огоҳӣ надорад ва ин боиси ба миён омадани нофаҳмиҳо дар баррасии масъала шудааст.
Илова бар ин, таъкид менамоем, ки бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба миён меояд, дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ +(992) 44- 600-15-20 фаъолият менамояд.
     Муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд. Телефони боварӣ рӯзҳои корӣ аз соати 8-00 то 17-00 фаъолият мекунад.
     Доир ба фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” қайд менамоем, ки муассиси ягонаи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва таърихи тулонии фаъолияти босамар дорад. Аз ин рӯ, ҳамчун бонки “нафақадиҳӣ” муаррифӣ кардани он нодуруст мебошад. “Амонатбонк” дар баробари ба нафақадиҳӣ машғул будан, инчунин ба аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетию дигар субъектҳои хоҷагидорӣ хизматрасонӣ намуда, номгӯи васеи амалиёти бонкиро анҷом медиҳад.
     Ва инак, ба диққати хонандагони гиромӣ мавқеи расмии роҳбарияти БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро дар мавриди масъалаи зикргардида манзур медорем.







     Дар интиҳо қайд менамоем, ки мақола ғаразноку яктарафа буда, муаллифи он дар бораи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳию додани қарз ва хизматрасонии нафақавии БДА ҶТ “Амонатбонк” маълумоти дақиқу мукаммал надорад.
     Боиси таассуф аст, ки надонистани нозукиҳои фаъолияти гуногунҷабҳаи Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби муаллиф ва бидуни таҳлилу таҳрир ба чоп расонидани чунин мақолаҳо аз ҷониби ҳафтанома сабабгори ба иштибоҳ равона кардани доираи васеи хонандагон мегардад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

03.03.2014
Пеши роҳи хавфи эҳтимолӣ гирифта шуд

Ҷавоб ба ахбори “Палата ва прокуратура фаъолияти Бонки миллиро месанҷанд?”, ки дар сомонаи “Фараж” 28 феврали соли 2014 нашр шудааст.


     Қабл аз ҳама, бояд изҳор намоем, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ аз оғози моҳи феврали соли равон барои омӯзиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар бонк қарор доранд ва то охири даҳаи дуюми моҳи март фаъолияти худро идома хоҳанд кард.
     Сониян, таъкид мекунем, ки дар ҳайати номбурда ба ғайр аз намояндагони Палатаи ҳисоб кормандони мақомоти дигар шомил нестанд.
     Дар мавриди қазияи ширкати “Ҳафт бурҷ” иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади таъмини манфиатҳои аҳолӣ ва пешгирии хавфи эҳтимолӣ кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва мақомоти дигари мамлакат фаъолияти ширкати номбурдаро омӯхта, маводи заруриро ба мақомоти судӣ пешниҳод намуданд.
     Дар натиҷа хулосаи ҷамъбастӣ аз ҷониби мақомоти судӣ қабул гардид ва қарор дар бораи баста шудани ширкати зикршуда бароварда шуд.
     Метавон гуфт, ки дар ҳамкорӣ ва бо кушишу талоши якҷояи якчанд мақомот пеши роҳи хатаре, ки ба халалдор кардани манфиатҳои аҳолӣ равона шуда буд, гирифта шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

07.01.2014
Шарҳи мухтасар вобаста ба ахбори сомонаи форсии радиои тоҷикӣ оид ба мақолаи “Фош шудани тақаллубкории Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон”

ҶСП БС “Конт Investment Bank” таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дошта, вобаста ба ин талаботҳо хизматрасонии интиқолҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст.
     Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар таъйид менамояд, ки тавассути суратҳисобҳои мавҷудаи бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз ҷониби таҳрими зикршуда манъ гардидааст, гузаронида нашудааст.
     Ҷиҳати муҳокимаи масъала вохӯрӣ бо ҳайати баландпояи намояндагии эронӣ бо сарварии муовини Раиси Бонки марказии Эрон тибқи риояи муқаррароти протоколӣ барпо шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф сурат гирифта буд.
    Боиси таассуф аст, ки дар мақолаи дарҷшуда кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷро намудани расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст.
     Илова бар ин, гурӯҳи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба пуррагӣ равшан намудани вазъи масъала дар ҶСП БС “Конт Investment Bank” кор бурда истодааст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

12.11.2013
Ба пулҳои қалбакӣ дар муомилот ҷой нест

Ҷавоб ба мақолаи рӯзномаи “ИмрӯзNews” “Миллионҳои қалбакӣ”,
2 октябри с. 2013


     Дар ибтидо ба рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва дигар ҳафтаномаҳою сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ, ки ба чунин як мавзуи муҳим – тақаллуби асъор таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ахбору мақолаҳо ба нашр расонидаанду мардумро бо ин восита ба ҳушёрию зиракӣ даъват намудаанд, миннатдории хешро баён менамоем. Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои васеи ин минбарҳои фаврии ташвиқотию тарғиботӣ ба маълумоти кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мерасонад, ки дар муомилоти пулии кишвар баъзан метавонад ҳодисаҳои пайдо шудани пулҳои қалбакӣ, хоса асъори хориҷӣ ба миён ояд.
     Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳангоми сару кор гирифтан бо пули нақд зираку мушоҳидакор бошем ва ин падидаи номатлубро, ки гоҳ-гоҳе аз худ дарак медиҳад, нодида нагирем. Зеро шахсон ё гурӯҳҳои тақаллубкор, бахусус дар бахши сохтани пулҳои қалбакӣ дар ҳама давру замон вуҷуд доштанд ва бо мақсадҳои гуногуни худ ба ин кор даст мезаданд. Бояд ҳамагон дарк намоем, ки гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот метавонад ба паст шудани қурби пули миллӣ оварда расонад, ба ҳаёти иҷтимоии ҳар шахс ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар зиён оварад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди тақаллубкории пул натанҳо вазифаи сохторҳои маъмурӣ, балки яке аз вазифаҳои муқаддаси низоми бонкӣ ва ҳатто ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
     Албатта, дар ин маврид саволе пайдо шуданаш мумкин аст, ки бо кадом роҳу воситаҳо метавон бо ин амали нопок мубориза бурд. Имрӯз мо дар қарни рушди босуръати илму техника зиндагӣ мекунем ва ширкатҳои истеҳсоли дастгоҳҳои бонкии олам барориши чунин мошинҳои пулшумории навтаринро ба роҳ мондаанд, ки онҳо дар ҷараёни пулшуморӣ пулҳои қалбакиро ба осонӣ ошкор менамоянд. Ба ғайр аз ин, дастгоҳҳои навтарине дар соҳаи бонкӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи онҳо муайян кардани аслияти пулро хело осон кардаанд. Вобаста ба ин, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки хазинаҳои бозшумории худро бо чунин дастгоҳҳои ҳозиразамон таъмин намоянд ва истифодаи онҳоро ба роҳ монанд.
     Бояд қайд намуд, ки дар тули таърихи мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот пайдо шудани пулҳои тақаллубии чӣ миллӣ ва чӣ хориҷӣ хеле кам ба қайд гирифта шудаанд.
     Бо вуҷуди ин, аз сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки барои эмин нигоҳ доштани маблағҳои нақдии худ унсурҳои ҳимоявии пули миллиро аз бар кунанд ва ҳангоми доду гирифт пулҳоро бодиққат аз назар гузаронанд. Ошкор намудани пулҳои қалбакӣ дар марҳалаи аввали пайдоишашон яке аз тарзҳои мубориза зидди тақаллубкорӣ мебошад.
     Ва ниҳоят шаҳрвандонро зарур аст, ки амалиётҳои хариду фурӯшро танҳо бо пули миллӣ анҷом бидиҳанд ва ҳангоми ошкор шудани пулҳои шубҳанок ба сохторҳои маъмурӣ хабар диҳанд. Агар барои ба роҳ мондани ин ё он доду гирифт зарурияти истифодаи асъори хориҷӣ ба миён ояд, бояд ин гуна амалиёт ба воситаи бонкҳо ё нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом дода шаванд.

Хадамоти матбуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

17.10.2013
Муҳлатҳои пардохти қарз ва фоизҳои он дароз карда шудаанд

Ҷавобба мақолаи ҳафтаномаи “Нигоҳ” “Корвон баъди як сол: оташ хомӯш нашудааст?”, 4 сентябри с. 2013

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Раиси ш.Душанбе “Оид ба тадбирҳои таъхирнопазир вобаста ба ҳодисаи сӯхтори шоми 5 сентябри соли 2012 дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ “Бозори Корвон”” ва ҳимояи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ дар ҷараёни фаъолияти Ситоди махсус, ки барои омӯзиш ва рафъи оқибатҳои воқеа таъсис дода шуда буд, дар доираи салоҳияти худ чораҳои заруриро андешид.

Бонки миллии Тоҷикистон бо вуҷуди он ки мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ҳуқуқи ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила кардан, аз ҷумла манъ кардани пардохти қарз ва фоизҳои онҳоро надорад, дар ин мавриди мушаххас ба ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳои заруриро ирсол намуд.

Бояд қайд намоем, ки тавсияҳоро дар хусуси мусоидат намудан ба тамдиди муҳлати қарз ва худдорӣ кардан аз ситонидани ҷаримаҳо барои саривақт насупоридани қарз ва фоизҳои он Бонки миллии Тоҷикистон 12 сентябри соли равон ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ равон карда буд.


(нусхаи барқияи телефонӣ замима мегардад).



Илова бар ин, дар рафти кори Ситод аксарияти мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ хоҳиш карда буданд, ки то як давраи муайян муҳлатҳои пардохти маблағҳои қарзи асосӣ ва фоизҳои он дароз карда шаванд. Дар натиҷа хоҳишу дархостҳои ҳар як соҳибкор ба инобат гирифта шуда, баъди гузаронидани таҳлил, ташхиси ҳолати воқеӣ ва суҳбатҳо бо зарардидагон, ки муштариёни ҶДММ “Бозори Корвон”мебошанд ва аз ташкилотҳои қарзӣ қарз гирифтаанд, оиди тамдиди муҳлатҳои қарз ва фоизҳои онҳо тадбирҳо андешида шуд.

Ва ниҳоят бояд изҳор намоем, ки бахшидани маблағи қарз ё фоизҳои он ба салоҳияти ташкилотҳои қарзӣ марбут аст ва дар сурати ба таври мусбат ҳал шуданаш, он дар асоси Шартнома сурат мегирад.

Хадамоти матбуоти

БМТ

03.07.2013
Абдуҷаббор Ширинов ҷашни 60-солагиашро умуман барпо накарда буд

Ҷавоб ба мақолаи Ҷамила Мирбозхонова “Бемасъулиятӣ дар бонки масъулиятшинос”, ки дар ҳафтаномаи “Озодагон” 26 июни соли 2013 таҳти №25 (285) ба чоп расидааст

      Қабл аз ҳама бояд қайд намуд, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов на 22 июн, тавре дар мақолаи номбурда омадааст, балки 20 июни соли равон ба синни 60-солагӣ қадам ниҳоданд. Илова бар ин, 20 июн, яъне панҷшанбе ва чанд рӯзи пеш аз ин бо сафари муҳими корӣ дар вилояти Суғд қарор доштанд.

      Дар мавриди он ки гӯё рӯзи шанбе, 22 июни соли ҷорӣ раиси БМТ А. Ширинов тантанаи ҷашни мавлуд барпо намудаю меҳмонон барои табрикаш омада бошанд, танҳо ҳаминро иброз доштанием, ки  он рӯзро ӯ дар дафтари кории худ барои ҳаллу фасли масъалаҳои бонкӣ сарф намуд.

      Таассуфовар он аст, ки ҳафтаномаи “Озодагон” маълумоти бардурӯғ ва иғвоангезро насанҷида ба нашр расонидааст, зеро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов умуман ҷашн ё тантанаи 60-солагиашро барпо накарда буд.

                Хадамоти матбуоти

БМТ

10.05.2013
Афви маблағҳои пулии шаҳрвандон имконияти қарздиҳии бонкҳоро васеъ кард

Ҷавоб ба мақолаи “Отмыли и забыли?”- и Игор Лекаркин, ҳафтаномаи “Азия-Плюс” (№20 аз 14 марти соли 2013)

     Дар робита ба саҳми пулҳои ҷалбшуда ба рушди иқтисодиёти миллӣ пас аз гузаронидани чорабинӣ оид ба афви маблағҳои пулии шаҳрвандон дар моҳи июни соли 2003 қайд намудан зарур аст, ки як қисмати муайяни маблағҳои ба расмият дароварда (18,2%), дар низоми бонкӣ боқӣ монд. Дар маҷмуъ, дар давоми бештар аз ду моҳи барои ин чорабинӣ ҷудошуда маблағи зиёда аз 589 млн. сомонӣ ба расмият дароварда шуда буд.
     Акнун рӯ меорем ба факту рақамҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат дар ҳамон шабу рӯз. Таваҷҷуҳ намоед, дар соли 2003 даромади умумии буҷети давлатӣ ҳамагӣ 776,3 млн. сомонӣ ва ММД-и номиналӣ 4’761,4 млн. сомониро ташкил дода буд. Маблағе, ки дар натиҷаи афви маблағҳои пулии шаҳрвандон ба даст омад, 76 фоизи даромади умумии буҷети давлатӣ ва 12 фоизи ММД-и ҳамон солро ташкил намуд. Танҳо ба таври мисол овардани рақамҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки то чи андоза дар он шабу рӯз гузаронидани ин маъракаи молиявӣ барои таҳкими иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим ва саривақтӣ буд. Илова бар ин, иқдоми зикршуда барои боло рафтани эътимоди мардум ба низоми бонкии мамлакат як такони ҷиддӣ бахшид.
     Ба ҳамагон маълум аст, ки вақте пасандозҳо ва амонатҳо дар шакли маблағҳо ба тавозуни бонк ворид гашта, дар суратҳисобҳо нигоҳ дошта мешаванд, дар навбати худ онҳо чун қарзҳои гуногун барои дастгирӣ ва маблағгузории бахши хусусӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, фаъолияти соҳибкории хурду миёна равона мегарданд. Масалан, дар соли 2003 ҳаҷми бақияи қарзҳо ҳамагӣ қариб 672 млн. сомониро ташкил дода буд, ҳол он ки соли гузашта ин нишондиҳанда қариб ба 5,7 млрд. сомонӣ баробар шуд.
     Аз ин рӯ, оид ба саволе, ки оё чорабинии афви маблағҳои пулии шаҳрвандон ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар таъсир дошт ё не, албатта, бидуни шубҳа метавон изҳор намуд, ки саҳми назаррасе гузошт.
     Дар мақолаи “Отмыли и забыли?” муаллифи он Игор Лекаркин оид ба истифода ва саҳми ин маблағҳо ба чашми шак нигариста, шубҳа дорад, ки ба андешаи мо, ин назари хусусии хабарнигор мебошад.
     Гузашта аз ин, гузаронидани марҳила ба марҳилаи ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ҷиҳати васеъ кардани хизматгузориҳо, такмили қонунгузорӣ ба тақвият ёфтани мавқеи ташкилотҳои қарзӣ мусоидат намуданд. Дар ин бора хонандагони гиромӣ метавонанд аз сомонаи БМТ маълумоти заруриро дастрас намоянд. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои сомонаи бонк ҳамаи далелҳо ва маълумотҳои зарурӣ вобаста ба рушди низоми бонкӣ, зиёд шудани шумораи ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ оварда шудаанд.
     Вобаста ба эътимод ва боварии мардум ба низоми бонкӣ пас аз гузаронидани афви маблағҳои пулии шаҳрвандон қайд кардан бамаврид аст, ки маълумотҳои омории мавҷуда низ дар бораи сол ба сол зиёд шудани ҳаҷми пасандозҳо далели то чи андоза баланд шудани ин боварии мардум мебошад.
     Барои исботи фикри боло ба нишондиҳандаҳо оид ба ҳаҷми пасандозҳои чанд соли пеш назар меандозем. Барои мисол, соли 2003 дар низоми бонкии мамлакат ҳамагӣ 242,5 млн. сомонӣ амонатҳо ҷамъоварӣ шуда буданд. Соли 2006 бошад, ин нишондиҳанда ба 1,1 млрд. сомонӣ баробар шуд.
     Дар маҷмуъ, алҳол дар низоми бонкӣ қариб 4,9 млрд. сомонӣ амонатҳо маҳфуз аст ва он назар ба даҳ соли пеш бештар аз 19 маротиба зиёд мебошад. Тавре аз таҳлили боло бармеояд, маблағҳои пасандозу амонатҳо дар бонкҳо на бо фоиз, балки даҳҳо маротиб афзудаанд, ки шарҳи ин раванд ҳоҷат ба баён намебошад.
     Ва ниҳоят, ҳамаи ин далелу рақамҳои оварда аз боварии мардум ба бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дарак медиҳанд. Бо вуҷуди ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба ин ҳама дастовардҳо нигоҳ накарда, барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти низоми бонкии ҷумҳурӣ навгониҳо ва ислоҳоти соҳаро идома медиҳад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

09.10.2012
Эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ зиёд мегардад

Посух ба мақолаи хабарнигори “Радиои Озодӣ”-Зарангези Наврӯзшоҳ аз 14 сентябри соли 2012 оиди “Фирори сармояҳо-беэътимодӣ ба бонк ё пулҳои ғайриқонунӣ”.
     Дар иртибот ба нуқтаи назари муаллифи мақолаи номбаршуда оид ба он тоҷирону сарватмандоне, ки сармояи худро аксаран дар шакли нақдӣ нигоҳ дошта, бо бонкҳо муомилот намекунанд ва танҳо барои хариди молу мулк истифода мебаранд, қайд карданием, ки имрӯзҳо дилхоҳ амалиёти тиҷоратӣ тавассути суратҳисобҳои бонкҳои ватанӣ мегузаранд, зеро эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявӣ-бонкии кишвар сол аз сол зиёд гашта истодааст.
     Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир пайваста ва мунтазам ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии давлат гузаронида мешаванд, ки ин ҳама барои боло бардоштани боварии аҳолӣ равона карда шудаанд.
     Ҳамзамон, тӯли солҳои охир афзоиши назарраси ҳаҷми пасандозҳо ва сармояи ташкилотҳои қарзӣ ба назар мерасад, ки рушди солонаи он ба ҳисоби миёна дар се соли охир мувофиқан 32,1 ва 22,2 фоизро ташкил дода, аз 2,6 млрд. ва 1,2 млрд. сомонӣ то 4,4 млрд. ва 1,9 млрд. сомонӣ зиёд шудааст. Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон маблағи зиёда аз 65 млрд. сомонӣ ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии байнибонкӣ анҷом дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89,5 фоиз зиёд аст.
     Тамоили мазкур воқеан, аз болоравии эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар гувоҳӣ дода, барои вусъат ёфтани ҷараёни маблағгузории қарзӣ, таҳкимёбии низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

05.09.2012
Ҳофиз манаму бародарам мехонад

Санаи 8-уми августи соли 2012 дар сомонаи Радиои “Озодӣ” мақолае бо номи “Интиқоли пули муҳоҷирон имсол кам мешавад” ба нашр расид, ки дар он таҳлилҳои гуногуни беасос оварда шудааст.

Дар таркиби маблағи интиқоли пулии ба кишвари Тоҷикистон воридшаванда маблағҳое мавҷуданд, ки хислати тиҷорати хурдро доранд ва аз нигоҳи мутахассисони соҳаи иқтисод бояд ин гуна маблағҳо аз ҳаҷми умумии маблағи интиқоли пулӣ хориҷ карда шаванд, чунки ин маблағҳо аллакай Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мебошанд.

Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷми интиқолҳои пулиро дар Тавозуни пардохт ва қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ба нашр мерасонад, ки дар сомонаи худ ҷой додааст. Хуб мешуд мутахассисони соҳаи иқтисод аз ин гуна рақамҳои расмӣ истифода мекарданд.

Чи тавре ки аз таҳлили овардашудаи ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев бармеояд, рақамҳои овардашуда асоси иқтисодӣ надоранд. Аслан ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев тавре худашонро муаррифӣ менамоянд иқтисодчӣ нестанд.

Мутобиқи иттилоъи мо ин "иқтисодчӣ"-и мӯҳтарам дар асл факултаи “забонҳои шарқ”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин)-ро бо ихтисоси “забони форсӣ” хатм намудааст. Бинобар ин, чӣ гуна ин "мутахассис" тибқи таҳлили иқтисодӣ метавонад хулосаи дурусти мантиқии иқтисодӣ барорад, ки 90 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои интиқоли пулии муҳоҷирони меҳнатӣ зиндагӣ мекунанд.

Оё ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев дар исботи фикрҳои худ далели ҳаллу фасли иқтисодӣ дорад ва метавонад дар сурати зарурӣ онро бо рақамҳои омории боэътимод исбот намояд?

Муҳтарам, муттасаддиёни Радиои "Озодӣ"! Лутфан пеш аз нашри ин гуна рақамҳои беасоси ба мафкураи мардуми кишвар таъсиррасон озмоишҳои эътимодбахшро истифода намоед, то сабаби парешонсозии фикри аҳолӣ дар ин самти бисёр ҳассос набошед.

Қайд кардан бомаврид аст, ки зерсохторҳои Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам аз рӯи интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ тадқиқотҳо мегузаронанд. Натиҷаҳои ин пурсиш шаҳодат медиҳанд, ки 11,7 фоиз аз ҳаҷми умумии интиқолҳои пулии ба кишвар воридшаванда, ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва фаъолияти соҳибкории хурду миёна тааллуқ дорад.

Ҷаноби Давлатмурод Ҷумъаев дар таҳлилашон овардаанд, ки 90 дарсади аҳолии кишвар аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ рӯзгори хешро пеш мебаранд. Вале мутобиқи маълумотҳои оморӣ 29,3 фоизи аҳолии кишвар дар иқтисодиёт машғули коранд, 17,2 фоиз дар мақомоти идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда ва 12,2 фоизи дигар аз ҳисоби соҳибкории хусусӣ рӯзгори худро таъмин менамоянд, ки дар маҷмӯъ бештар аз 58 фоизро дар бар мегирад. Равшан аст, ки маълумоти муаллиф беэътимод ва муболиға буда, аз воқеият дур аст.

Бояд дар ёд дошт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ тамоюли ҷаҳонӣ буда, дар ин ё он шакл тамоми кишварҳои оламро фаро гирифтааст ва дар кишварҳои тараққикардаи Аврупо низ зуҳуроти чашмрас мебошад.

Агар ба таърихи иқтисодиёти кишварҳои олам назар афканем мебинем, ки бисёр давлатҳо дар марҳилаи барпошавии иқтисодиёташон ин гуна зуҳуротро аз сар гузаронидаанд. Мо итминон дорем, ки бо мурури замон эҳёи иқтисодиёти комили ватанӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба эътидол хоҳад омад.

Идораи омор ва тавозуни пардохти

Бонки миллии Тоҷикистон

08.06.2012
Камбудиҳо ислоҳ мегарданд

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи “Чархи гардун” Лолаи Саидакбар “Банкоматҳои бепул ва муштариёни саргардон”, №16, 18 апрели соли 2012

                Мақолаи мазкур таҳти баррасӣ қарор гирифт ва нисбати он андешаҳои зерин пешниҳод мешаванд.

                Дар низоми бонкии кишвар истифодаи қартаҳои пластикӣ аз соли 1998 оғоз гардида, доираи истифодаи онҳо чун воситаи пардохт тадриҷан васеъ мегардад. Барои мисол, охири семоҳаи соли ҷорӣ шумораи қартаҳо ба 423313 адад расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 140% зиёд мебошад.

                Воқеан, афзоиши қартаҳои пардохтӣ агар аз як тараф оммавӣ гаштани онро нишон диҳад ҳам, аз ҷониби дигар барориши он бидуни инфрасохтори хизматрасонӣ боиси паст гардидани сифати хизматрасониҳо шуда, эътимоди аҳолиро ба ин воситаи пардохт ва дар маҷмӯъ ба низоми бонкӣ коҳиш медиҳад.

                Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии мазкури бонкӣ номгӯйи муфассали чорабиниҳо барои ташкилотҳои қарзӣ ирсол гардид ва иҷрои бандҳои он таҳти назорат қарор доранд.

Танзими ҷойгиркунии банкоматҳо дар маҳалҳо ва саривақт таъмин кардани онҳо бо пули нақди арзишҳои гуногун масъалаи муҳим ба шумор рафта, он аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бояд доимо зери назорат гирифта шавад.

Дар сурати муроҷиати ташкилотҳои қарзӣ оид ба гирифтани маблағ пули нақд тавассути шӯъбаҳои дахлдори Бонки миллӣ дастрас карда мешавад.

Барои бартараф намудани камбудиҳое, ки муаллифи мақола ба онҳо ишора кардааст, ба унвонии роҳбарияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мактуб ирсол карда шуд ва мо аминем, ки норасоиҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат ислоҳи худро меёбанд.

Илова бар ин, бо мақсади кам кардани ҳиссаи муомилоти нақдӣ ва татбиқи технологияҳои пардохтии ҳозиразамон дар кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ соли гузашта Маркази протсессингии миллиро ташкил намуд. Ташкилоти мазкур ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба рушди низоми пардохт тавассути қартаҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасонии арзон ва аълосифат мусоидат менамояд.

Ба роҳ мондани фаъолияти ҳамаҷонибаи Маркази протсессингии миллӣ, пеш аз ҳама барои рушди низоми интиқолҳои ғайринақдӣ мусоидат намуда, имконияти васеи истифодаи қартаҳоро ҳангоми пардохти маош, нафақа ва дигар пардохтпулиҳо, ҷамъоварии маблағҳои хизмати коммуналӣ ва ғайра фароҳам меорад.

Муҳимтар аз ҳама, соҳиби қартаҳои бонкӣ барои пардохти арзиши молу ашё ва ҳаққи хизматрасонӣ метавонанд аз терминалҳои нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода баранд. Дар сурати истифодаи картаҳои бонкӣ, аз ҷумла қартаҳои миллӣ дар терминалҳои ватанӣ, шабакаҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, инчунин қабули пардохтҳо аз тариқи онҳо истифодаи пули нақд дар муомилот хеле кам шуда, мушкилоти мавҷудаи банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ дар мавриди пешниҳоди пули нақд оҳиста-оҳиста аз байн меравад.

Хадамоти матбуоти

БМТ

02.03.2012
Барномаи нав ҳоло тасдиқ нашудааст

Хабаре, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” №24 аз 23 феврали соли 2012 таҳти сарлавҳаи “Роҳандозии барномаи нави Хазинаи байналхалқии асъор” дар мавриди ба таври илова ҷудо намудани 165 млн. долл. ба нашр расидааст, воқеият надорад. Барномае, ки соли 2009 таҳти унвони “Механизми васеи қарздиҳӣ” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор қабул гардида буд, ҳанӯз идома дорад. 
    Дар айни замон машваратҳои ҳайати ХБА бо масъулони ватанӣ дар мавриди ҷамъбасти ин Барнома рафта истодааст ва танҳо баъд аз он муҳокимаи Барномаи нав оғоз меёбад.

Хадамоти мабуоти
БМТ

23.05.2011
Бо таври сунъӣ нигоҳ доштани қурби асъор аз имкон берун аст

Ба Сардабири ҳафтаномаи
“СССР”ҷаноби Сайёфи Мизроб      


    Мақолаи хабарнигори ҳафтаномаи “СССР” Муҳаммади Мубориз таҳти унвони бисёртаркибаи “БМТ қурби долларро раҳо кардааст”ва“Қассобонро ҷазо додем: Бонкҳоро ким муҷозот мекунад?” (СССР, №20(141), панҷшанбе, 19 майи соли 2011.) баррасӣ намуда, Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон қайд менамояд, ки нашрияи мардумӣ кӯшиш ба харҷ додааст, то ҷое масъалаи доғи рӯз – баландшавии нарху навои молу маҳсулот ва арзиши асъори хориҷиро дар қаламрави ҷумҳурӣ пайгирӣ намояд. Ба муаллиф барои таваҷҷӯх ва ҷалби диққати аҳли ҷомеа ба чунин масъалаҳои рӯзмарра  ташаккур мегӯем.
    Дар баробари ин, бо мақсади то андозае рӯшанӣ андохтан ба масъалаҳои мавриди назар, нисбати баъзе факту рақамҳо ва хулосаҳои муаллифи мақола шарҳу эзоҳи худро пешниҳод менамоем.
    Аввалан, Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ҳамчун бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии давлат, ниҳоди мустақил буда, “зердаст”-и Ҳукумати ҷумҳурӣ нест ва он ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дахолат намекунад.
    Тибқи ҳамин Қонун, мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо (таваррум) дар давраи дарозмӯҳлат, таъмину таҳкими фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва пардохт мебошад. Тавре мебинем, ҳифзи пули миллӣ ё худ нигоҳдории қурби он мақсаду вазифа ё нишондиҳандаи ҳатмии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон нест.
    Сарфи назар аз ин, бо назардошти он, ки қурби пули миллӣ яке аз омилҳои раванди нархгузории бозорҳои молу мавод аст, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза онро таҳқиқу таҳлил менамояд ва барои тағйирёбии мӯътадили он чораҳо меандешад.
    Тибқи санадҳои қонунгузории мавҷуда, реҷаи расмии қурби сомонӣ, реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муқаррар кардани ҳудудҳои ин шинокунӣ” буда, тибқи он қурби сомонӣ нисбати асъорҳои хориҷӣ тавассути бозори дохилии асъор аз рӯи таносуби талабот ва пешниҳоди онҳо муқаррар карда мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар мавридҳои аз ҳолати эътидол берун тағйир ёфтани қурб ба фаъолияти ин бозор дахолат карда метавонад.
    Имрӯз, бозори дохилии асъори ҷумҳурӣ ба як сохтори мураккаб ва бонизом фаъолияткунанда табдил ёфтааст, ки дар он эҳтиёҷоту талаботи кулли мардум, субъектҳои ҳоҷагидорӣ, бонкҳо ва давлат ба асъори хориҷӣ қонеъ гардонида мешавад.
Бозори дохилии асъор аз се қисм: - бозори байнибонкӣ (Бонки миллии Тоҷикистон ва 23 ташкилотҳои қарзӣ), бозори дохилибонкӣ (ташкилотҳои қарзӣ ва мизоҷони онҳо) ва бозори чаканаи хариду фурӯши асъори нақд – нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеъӣ (ҳамагӣ - 931 адад) иборат буда, танҳо дар 4 моҳи соли ҷорӣ тавассути он зиёда аз 3,0 млрд. доллари ИМА хариду фурӯш шудааст.
    Дар давраи аз 1 то 17 май бошад, дар он 294,9 млн. доллари ИМА қарордодҳои хариду фурӯш анҷом дода шудааст, ки 77,8 млн. доллари ИМА ё 26,4 фоизи онро қарордодҳои нақдии хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ташкил медиҳанд.
    Қурби асъори нақди хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бо таносуби талабот ва пешниҳоди онҳо муқаррар мешавад. Аз ин рӯ, дар ҳудуди ш.Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ вобаста аз шароити бозорҳои молу мавод, имконияту эҳтиёҷоти аҳолӣ ва моликони нуқтаҳои мубодилаи асъор ин қурб гуногун аст.
    Муқаррар кардани қурби ягона дар ин бозор ва бо таври сунъӣ нигоҳ доштани он аз имкон берун аст ва дар ягон давлати дунё ба истиснои давлатҳое, ки низоми асъориашон мутамарказ аст, амалӣ карда намешавад.
    Тартиб ва қоидаҳои ягонаи кушодан, бақайдгирӣ ва ташкилу танзими фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор, аз он ҷумла қоидаи муқаррар кардани қурбҳои хариду фурӯш дар онҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
    Ва ин маҷмӯи амалҳо имкон медиҳад, ки бозори мазкур дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ яксон ташкилу фаъолият намояд ва танзиму назорат шавад.
    Зиёд шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ ва мутаносибан баланд шудани қурби онҳо нисбат ба сомонӣ аз омилҳои зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ, молиявӣ, пулию қарзӣ, мавсимӣ ва психологӣ вобастагӣ дорад.
    Ҳар як омил хусусияти хоси худро дорад ва таъсири он ба талабот ва раванди қурбофарии бозор гуногун аст.
    Акнун сухане чанд дар мавриди иқтибосҳо аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва фаҳмишу хулосаҳои муаллиф оид ба маълумоти дар он ҷой додашуда.
    Дар маълумотнома гап дар бораи қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ меравад, ки он аз қурби нуқтаҳои мубодилаи асъори ноҳияҳои ш.Душанбе ё ягон маҳаллаи дигари пойтахт фарқ мекунад. Ин қурб ҳисоби миёнаи арифметикии тамоми қурбҳои амалкунанда дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳуриро инъикос менамояд.
Дигар ин ки қурби дар саҳифаи асосии сомонаи бонк дар шакли ишора ё рақам омада, қурби расмии асъорҳои хориҷӣ нисбати сомонӣ буда, он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қурби миёнавазни бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ рӯзи 16 май то соати 15:00 ҷойдошта, ҳисоб карда шуда, барои рӯзи дигар 17 май эълон карда шудааст.
Мутаассифона, муаллиф дар бораи он, ки дар саҳифаи дохилии ин ишора Бонки миллии Тоҷикистон ин қурбҳоро қурби расмӣ ва бо онҳо хариду фурӯш накарданашро эълон дорад, чизе наменависад ё аз мавҷуд будани чунин рӯйхати пурраи қурби сомонӣ нисбати асъорҳои хориҷи огоҳӣ надорад.
Ин қурб барои ташкилотҳои қарзӣ ҳам барои муайян кардани қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ бо мизоҷонаш асос шуда наметавонад. Қурби расмӣ барои ҳисоби муҳосибавӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва таҳлили иқтисоди хориҷӣ истифода мешаваду халос.
Қурби асъори нақди хориҷӣ аз қурби расмӣ, аз қурбҳои қарордодҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ ҳамеша баланд аст. Зеро барои аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ овардани асъори нақди хориҷӣ ҳароҷоти иловагӣ, аз ҷумла, ҳаққи хизмати кассавӣ, нақлиётӣ, ҳаққи хизмати таъмини бехатарӣ, пардохтҳои гумрукӣ дар мамлакати хориҷӣ ва боз ҳамин гуна ҳароҷот дар ҳудуди ҷумҳурӣ заруранд ва табиист, ки онҳо бояд ҷуброн карда шаванд.
Ба замми ҳароҷоти номбурда боз ҳароҷоти андозҳо, музди меҳнат, хизматҳои коммуналӣ, барқ ва ғайраи худи нуқтаи мубодилаи асъор низ ҳаст.
Ногуфта намонад, ки барои фаъолияти мӯътадилу ҷавобгӯи талабот ин муассисаҳо бояд як миқдори муайян фоида ба даст оранд. Тамоми ин ҳароҷот ба қурби асъори хориҷӣ зам мегардад.
Баландшавии қурб дар нуқтаҳои мубодилаи асъор то андозае аз соҳиби асъори нақди хориҷӣ низ, ки мехоҳад онро ҳар чӣ қиматтар фурӯшаду фоидаи бештар ба даст орад, вобаста аст.
Навиштаҷоти муаллиф, ки гуё саррофхонаҳои маҳаллаи “Гулистон”-и ш.Душанбе 16 майи соли 2011  1 доллари ИМА-ро бо нархи 6,64 сомонӣ мехарида бошанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳақиқат рост намеояд, зеро худи ӯ дар ҷумлаи навбатии мақола менависад, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қурби хариди 1 доллари ИМА ба 4,65 сомонӣ баробар аст.
Бо истифода аз имконияти муносиб ба хонандагони гиромӣ ва нуктасанҷи ҳафтаномаи мардумии “СССР” изҳор медорем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳар соату ҳар рӯз вазъи бозори дохилии асъор, дигар бозорҳои молу мавод, низоми пулию қарзӣ ва пардохтро таҳқиқ ва ташхису мушоҳида менамояд.
Бо мақсади таъмини суботи бозори дохилии асъор, Бонки миллии Тоҷикистон аз тамоми воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ, аз он ҷумла аз механизми дахолатҳои бевоситаи асъорӣ ба ҳар се қисми бозор истифода мебарад. Ва ин амал якдафъаина набуда, мунтазам сурат мегирад.
Ба хотири баробар кардани таносуби талабот ва пешниҳодот, Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори нақдӣ моҳи апрел 9,8 млн. ва дар 18 рӯзи моҳи май 10,4 млн. доллари нақдии ИМА-ро ба фурӯш баровард.
Чунин амалия минбаъд низ идома меёбад ва барои таъмини мақсадҳои гузошташуда Бонки миллии Тоҷикистон тамоми имконияту воситаҳоро дар ихтиёр дорад ва аз онҳо истифода хоҳад кард.

    
М. Мавлонов,
Директори Департаменти танзими
асъори Бонки миллии Тоҷикистон

07.02.2011
Хулосаҳои носаҳеҳи муаллиф шояд аз надоштани маълумоти кофӣ бошад?

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори рӯзномаи “СССР” Сафват Бурҳонов “Пули миллӣ куҷо мерай, гушот кар?”, 30 декабри соли 2010

Муаллифи мӯҳтарам мушоҳидаю мулоҳизаҳои муфид ва муҳимро дар мақолаи худ баррасӣ намудаанд, ҳамзамон бархе аз онҳо баҳснок мебошанд. Дар идома посухи мухтасар ба саволҳои мақолаи зикргардида пешниҳод карда мешавад.

1. Нисбати эҳтиром ба пул. Воқеан, пули миллӣ ифтихори ҳар як шаҳрванд ба шумор рафта, ҳолати хуби зоҳирӣ ва коршоямии он на танҳо аз кӯшишу талошҳои бонкҳо, балки аз муносибати тамоми сокинони мамлакат вобастагӣ дорад. Аз ҷониби низоми бонкӣ баҳри такмили муомилоти пулӣ маҷмӯи густурдаи тадбирҳо, аз ҷумлаи тавсеъаи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ, ҷорӣ шудани хизматрасониҳои электронӣ ва иқдомҳои дигар татбиқ гардида истодаанд.

Вале сарфи назар аз ин, ба Шумо оид ба қайди нуктаи хеле муҳим - нисбати баланд бардоштани фарҳанги нигоҳдории пули миллӣ миннатдории худро изҳор менамоем ва аз шаҳрвандон – ҳамватанони гиромӣ хоҳиш мекунем, ки нисбати нигоҳдорӣ ва истифодаи он ҷиддӣ ва эҳтиёткор бошанд.

2. Дар мавриди шабзиндадории пул. Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки дараҷаи рақобатнокии пул ба сатҳи истеҳсолоту иқтисодиёти кишвар вобастагӣ дошта, арзиши он бештар ба вазъи воқеии иқтисодиёт, фаъолияти содиротии маҳсулоту хизматрасонӣ алоқаманд мебошад.

Танҳо дар мавриди афзудани талабот ба маҳсулоти ватанӣ дар хориҷа ва мавқеъи устувори таносуби мусбати содироту воридот сомонӣ рақобатпазиру устувор мегардад.

Вобаста ба таъмини гардиши доимии маблағҳои пулӣ бошад, Бонки миллии Тоҷикистон алҳол ба низомҳои махсуси байналмилалии молиявӣ, ки ба таври муттасил фаъолият доранд, васл гардидааст ва дар бозори байналхалқӣ тавассути онҳо шабонарӯзӣ амалиёт мегузаронад.

3. Нисбати бозомӯзии кормандон ва аъзои Раёсат. Низоми ҷаҳонии бонкӣ ҳамарӯза пеш меравад ва дар ин замина бонкҳо бо истифода аз техника ва технологияи нави замонавӣ рӯ ба рушд ниҳода, маҳсулот ва хизматрасониҳои нав ба навро ба муштариён пешкаш менамоянд. Маҳз барои ҳамин, мутахассисони на танҳо Бонки милли Тоҷикистон, балки ҳамаи кормандони бонкҳо дар тамоми ҷаҳон доимо дар омӯзиши дониш ва таҷрибаҳои нав қарор доранд. Айни замон арзиши маълумот ва таҳлили хуб нисбати бештари дороиҳои моддӣ баланд мебошад.

Нисбати аъзои Раёсат бошад, муаллиф аз моддаи 76 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” иқтибос меорад, вале қайд кардан зарур аст, ки дар қонуни мазкур нисбати доштани манфиатҳои молиявӣ дар ташкилотҳои қарзӣ низ маҳдудиятҳо ҷой доранд.

Ин маҳдудиятҳо аз он иборатанд, ки аъзои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар вазифаи ба ӯҳда доштаашон ва ба хотири пешгирӣ намудани “бархӯрди манфиатҳо” набояд дар ягон ташкилотҳои қарзӣ ширкат дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ҳадафгирии мустақилияти мақомот аъзои Раёсат комилан аз хизматрасониҳо ва воситаҳои дигари таъсиррасонии бонкӣ истифода намекунанд.

4. Дар боби санатория ва таваррум. Нисбати ҳисоботи нимсолаи бонк, ки муаллифи гиромии мақола ба қавли худаш “бо юмор муносибат карда, бисёр чизҳои хандаоварро” кашф кардааст, қайд менамоем, ки дар ин ҳисобот шарҳи мухтасари равандҳои макроиқтисодии кишвар ва зикри мафҳумҳои иқтисодии расмӣ ҷой дода шудаанд.

Хабарнигори мӯҳтарам мафҳуми таваррумро надониста, ақидаи тамасхуромези шахсии худро, ки аз сатҳи “маданият”-и он кас далолат медиҳад, чун ҳақиқат ба хонандагон пешниҳод кардааст, ки хушбахтона, аз ҷониби ягон хабарнигори дигар дастгирӣ наёфтааст.

Ин нигоштаи муаллиф аз он шаҳодат медиҳад, ки хабарнигор маълумоти кофӣ дар бораи мафҳумҳои иқтисодию молиявӣ надошта, даст ба таълифи мақолаи муҳими таҳлилӣ задааст. Сарфи назар аз ин, тавре дар боло қайд кардем, мақола аз нуктаҳои муфид холӣ нест ва ба муаллиф дар корҳои минбаъдаи эҷодиашон комёбиҳо таманно дорем.

Хадамоти мабуоти
Бонки миллии Тоҷикистон

ш. Душанбе, 7 феврали соли 2011

16.06.2009
Посух ба мақолаи “Пули миллӣ 32 % беқурб шуд” (ҳафтаномаи “Озодагон”, №20, 21 майи с.2009)

Рӯзҳои охир вобаста ба баланд шудани қурби долл. ИМА нисбат ба сомонӣ аз ҷониби васоити ахбори умум, мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва шахсони алоҳида пурсишҳою сару садоҳои зиёд сурат гирифта истодаанд. 

Рости гап, баъди хондани мақолаи “Пули миллӣ 32% беқурб шуд” ман ҳамчун мутахассиси соҳаи бонкдорӣ ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили асоснок ва ҳаматарафаи муаллифи мақоларо бисёр хуб пазируфтам. Аз мутолиаи маводи номбурда ҳисси миллӣ доштани муаллифро ҳис кардам ва аз ин рӯ, миннатдории худро барояш иброз медорам. 

Вобаста ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ қурби пули миллии ҳар як давлат нисбат ба асъорҳои хориҷӣ тағйир меёбад, ки ин як қоидаи маъмулӣ ба шумор меравад. 

Агар пастравии қурби пули миллиро нисбати асъори миллии мамлакатҳои шарикони иқтисодии ҷумҳурӣ муқоиса кунем, яқин маълум мегардад, ки сомонӣ нисбат ба онҳо устувортар буд. 

Паст рафтани қурби пули миллии давлатҳои шарикони иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россия -52%, Қазоқистон -25%, Узбекистон -20% ва ғайра) рақобатнокии маҳсулоти содиротии ҷумҳуриро хеле паст мекард. 

Дар ин маврид, албатта, суоле ба миён меояд, ки паст шудани қурби пули миллӣ ба иқтисодиёт, потенсиали содиротӣ ва давлат чӣ фоида ё зарареро оварданаш мумкин аст? 

Барои мисол, диққати шуморо ба ҳалли мисолҳои оддии арифметикӣ ҷалб менамоем. Агари соли гузашта соҳибкор ё тоҷири тоҷик дар қаламрави Русия як килло зардолуи хушкро бо арзиши 500 рубл мефурӯхту бар ивазаш дар Тоҷикистон (500/23x3,5) 80 сомонӣ мегирифт, ҳоло ӯ баъди анҷоми ин амалиёт ҳамагӣ 60 сомонӣ ба даст меорад. Тақрибан ҳамин амал ҳангоми фурӯши қариб ҳамаи маҳсулотҳои дигари содиротӣ ба мушоҳида мерасад. 

Айнан чунин натиҷаи корро дар фаъолият ва ба даст овардани маоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ мушоҳида кардан мумкин аст. 

Маҳз бо сабабҳои дар боло овардашуда, барои мо муҳим ва зарур буд, ки қурби пули миллӣ нисбати асъорҳои мамлакатҳои шарикони иқтисодӣ баробар ва оҳиста-оҳиста тағйир ёбад. Хушбахтона, имрӯз мо то он ҷое, расидем, ки ба содиротчиён барои рушди истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рақобати баландтари истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ ва устуворсозии вазъи молиявии корхонаҳои дохилӣ шароити мусоид фароҳам оварем. 

Мутаассифона, дар фазои иттилоотии кишвар, қисме аз расонаҳои ахбори омма дар ҳолате қарор доранд, ки таҳти шуъои манфиатҳои бархе аз гурӯҳҳо ва ё шахсиятҳо мебошанд. 

Ба таври яқин метавон гуфт, ки на ҳама вақт манфиатҳои ин гурӯҳҳо ё сохторҳои дахлдори хориҷӣ, ба қавле “хоҷагон”-и маблағгузори нашрияю оҷонсиҳо ба манфиати миллату ватани мо рост меоянд. 

Вобаста ба ин, дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодии кишвар, ки аксаран дар мамолики ҷаҳон ба назар мерасад, ба рӯзноманигорони аслии ватанӣ муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба ин мавзӯъ муносибат намоянд. 

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

16.06.2009
Диққати мардумро ба ташкил ва рушди истеҳсолоти ватанӣ, талқини соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тавлиди маҳсулот дар кишвар ҷалб бояд кард

Ба рӯзномаю маҷаллаҳо 
ва расонаҳои хабарии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бонки миллии Тоҷикистон дар ибтидо бо арзи эҳтиром ба ҳамаи васоити ахбори омма, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, барои таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба шарҳи нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат миннатдории хешро баён менамояд. 

Воқеан, айни замон, бо назардошти вазъи ноустувори бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла қурби асъори хориҷӣ таҳти фишор қарор дорад ва зуд-зуд тағйир меёбад. Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки вобаста ба хусусияти сохтори иқтисодӣ ва раванди таърихӣ дар кишвари мо, мутаассифона, қурби асъори хориҷӣ аҳамияти аз ҳад зиёд баландро ба худ касб кардаааст. 

Бо мақсади боз ҳам воқеъбинонаю дақиқ амалӣ гаштани муҳокимаҳо атрофи ин масъала ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он аз намояндагони васоити ахбори омма эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми таҳияи маводҳои чопӣ дар мавзӯи боло ба нуктаҳои зайл диққат диҳанд: 

Дар маҷмӯъ, дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба қурби асъор асосан ду омил бештар таъсир мерасонанд: 

Якум – омили макроиқтисодӣ. Ин, пеш аз ҳама, фарқияти ҳаҷми содироти (экспорт) молу маҳсулот (фурӯши онҳо ва ба даст овардани захираҳои асъорӣ) ва воридоти (импорт) молу ашё ба дохили кишвар (хариди онҳо аз хориҷ ва пардохти арзиши онҳо аз ҳисоби манбаҳои дохилӣ) мебошад. 

Дар назар бояд дошт, ки алҳол ҷумҳурии мо дорои иқтисодиёти воқеан рақобатноке нест, ки тавонад бо истифода аз иқтидори баланди содиротии хеш талаботи бозори дохилии худро пурра қонеъ гардонад. 

Аҳволи феълӣ ё воқеияти мазкур хосияти объективӣ дошта, бо натиҷаи фоҷиабори ҷанги шаҳрвандию иқтисодиёти дар тӯли 70 соли Иттиҳоди Шуравӣ дотатсияшаванда, якбора канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ бо шарикони анъанавии иқтисодӣ ва як зумра сабабҳои муҳими дигар алоқаманд мебошад. 

Гузашта аз ин, солҳои навадуми асри гузашта муддате чанд ҷомеаи мо таҷрибаи манфии набудани низоми пули миллӣ ва истифодаи асъори хориҷиро дар қаламрави ҷумҳурӣ паси сар намуд. 

Ҳамзамон, як зумра ислоҳотҳое, ки аз солҳои 2000 то ба имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ амалӣ гашта истодаанд, тадриҷан мавқеъ ва сохтори иқтисодии моро дар самти рушди низоми мустақил, худкифоя ва соҳибистиқлол таъмин менамоянд. 

Дар амал татбиқ намудани механизми равзанаи ягона, соддагардонии низоми андозсупорӣ, кам кардани таъсир ва дахолати маъмурии мақомотҳо ва дигарҳо аз ҷумлаи ислоҳотҳое мебошанд, ки барои ба сатҳи кифоягӣ расонидани истеҳсолоти дохилӣ равона карда шудаанд. 

Дар маҷмӯъ, тамоми саъю кӯшишҳои аҳли ҷомеа барои эҳёи истеҳсолоти дохилӣ ва беҳтар кардани вазъи иқтисодиёти кишвар равона шудаанд ва маҳз бо ин мақсад мақомоти дахлдор оид ба комёбию пешрафти соҳаҳои мухталиф мунтазам аз тариқи воситаҳои ахбори умум ба мардум ахбор пешниҳод менамояд. 

Сарфи назар аз қафомонии баъзе аз бахшҳои ислоҳот ва камбудиҳои ҷойдошта, имрӯз мо ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки тадриҷан иқтисодиёти миллиамон рӯ ба таррақӣ ниҳодааст ва мунтазам истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ низ меафзояд. 

Барои касе пӯшида нест, ки яку-якбора иқтисодиёти мустақилро созмон додан аз имкон берун аст, зеро ин раванд мӯҳлати тӯлониро талаб мекунад. Таҷрибаи аксари мамлакатҳо, аз он ҷумла Чин нишон медиҳад, ки барои амалӣ намудани чунин ислоҳотҳо муддати беш аз 20-30 сол вақт зарур аст. 

Дуюм - омили психиологӣ. Ибтидо бояд иброз дорем, ки омили мазкур умуман ба ҳолати иқтисодиёт мустақиман алоқамандӣ надорад, он танҳо пайдо шудани ҳолати афзоиши майлу хоҳиши шаҳрвандон, ширкатҳою корхонаҳоро барои хариди асосноку ғайриасосноки асъори хориҷи ифода менамояд. 

Тавре таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир дар матбуот сару садоҳо оид ба коҳишёбии қурби пули миллӣ ба чоп мерасанд, ки фазои ороми психологиро мушавваш ва ваҳму тарсро дар дилҳо ҷой мекунанд. 

Дар робита ба ин масъала, Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ кӯшиш ба харҷ дод, то ки пеши роҳи ин сарусадоҳои беасосро бигирад. Аз ҷумла, дар тӯли панҷ моҳи соли равон дар БМТ барои хабарнигорони ватанию хориҷӣ ду маротиба нишасти матбуотӣ баргузор гардид, як зумра маводҳои мухтасари таҳлилӣ ба нашр расонида шуданд, қариб ҳамарӯза иттилооти фаврии ҷорӣ оид ба қурби асъор дар бозори асъори ҷумҳурӣ дар саҳифаи интернетии бонк ҷойгир ва аз тариқи радио ва оҷонсиҳои хабарӣ ба самъи мардум расонида мешуданд. 

Бо вуҷуди ин, эътироф бояд намуд, ки тибқи қонуният ва нозукиҳои муҳими психологӣ, анҷоми ин амал танҳо аз ҷониби як ташкилот нокифоя мебошад. Дар сурате ки расонаҳои хабарӣ, нашрияҳо ва радиою телевизионҳои дохилию хориҷӣ мунтазам ба масъала ё мавзӯи носолим - ба қурби коҳишёбандаи асъор ва ё иқтисодиёти ноустувор аҳамияти хоса медиҳанд, ин бешубҳа, дар натиҷа нобоварии мардумро ба пули миллӣ ва маъюсию тарси шаҳрвандон ба ояндаи ҷомеа ба миён меорад. 

Бинобар сабаби ниҳоят ҷиддӣ будани масъала, саҳми назаррас доштан он дар эътидоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, хоҳиш мекунем, ки дар ин давраи хеле ҳассоси таърихӣ ақаллан барои як муддати кӯтоҳ аз мақсадҳои гурӯҳӣ ва хусусӣ сарфи назар намуда, диққати худ ва ҷомеаро на ба қурби асъор, балки ба ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, худкифоя гардонидани иқтисодиёти ватанӣ, рушди илму фарҳанг ва муттаҳидию якдилӣ равона гардонем. 

Мисоли равшани мусбӣ будани ин таҷриба дар мамлакатҳои мутараққӣ ба назар мерасад, ки муҳокимаю баҳсҳо аз ҷониби матбуот асосан дар атрофи масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, аз қабили шуғл, истеҳсолот ва ҳимояи манфиатҳои доираи калони шаҳрвандон сурат мегиранд. 

Танҳо дар қаламрави давлатҳои ИДМ ва кишварҳои тараққиёбанда ба масъалаи қурби асъор аҳамияти бесобиқа медиҳанд ва онро чун яке аз воситаҳои захираи иловагӣ ва сармоягузорӣ нишон медиҳанд. 

Имрӯз хеле хуб мебуд, ки ҳамагон аз ин фурсати муносиб истифода барем, то тавонем, рӯҳияи ҷамъият ва шаҳрвандонро ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз ҷумлаи ташкил ва рушди истеҳсолоти ватанӣ, талқини соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тавлиди маҳсулот дар кишвар (ба ҷойи хариди маҳсулоти соддаю камсифат ва хатарнок дар хориҷа ва фурӯши он дар дохили кишвар) ва ҳама гуна дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсад мусоидат менамояд, равона созем. 

Бо камоли эҳтиром, 

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон

05.06.2009
Посух ба мақолаи “Афтиши озоди сомонӣ аз осмони Тоҷикистон...” (ҳафтаномаи “СССР”, №19, 07 майи с.2009)

Дар сурати паст шудани қурби асъори кишварҳое, ки бо мо муносибатҳои иқтисодӣ доранд (Россия -52%, Қазоқистон -25%, Узбекистон -20% ва ғайра) ва бетағйир мондани қурби сомонӣ, маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ рақобатпазирии худро аз даст медиҳанд ва аз бозори кишварҳои номбурда бароварда мешаванд. Барои мисол, агар соли гузашта соҳибкор ё тоҷири тоҷик дар қаламрави Русия як килло зардолуи хушкро бо арзиши 500 рубл мефурӯхту бар ивазаш дар Тоҷикистон 500/23x3,5=80 сомонӣ мегирифт, ҳоло ӯ баъди анҷоми ин амалиёт ҳамагӣ 60 сомонӣ ба даст меорад. Тақрибан ҳамин амал ҳангоми фурӯши қариб ҳамаи маҳсулотҳои дигари содиротӣ ба мушоҳида мерасад.

Айнан ҳамин ҳолро дар фаъолият ва ба даст овардани маоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ мушоҳида кардан мумкин аст. Тасаввур кунед, ки муҳоҷири тоҷик соли гузашта бар ивази 23 000 рубли русии моҳонааш дар Тоҷикистон 3 500 сомонӣ мегирифт, ҳоло бошад, ӯ бо 23 000 рубли музди маошаш, ҳамагӣ соҳиби 3 220 сомонӣ мегардад. Бубинед, фарқ аз куҷо то куҷост?

Маҳз бо ҳамин сабаб барои мо муҳим ва зарур буд, ки қурби пули миллӣ нисбати асъорҳои мамлакатҳои шарикони иқтисодӣ баробар тағйир ёбад. Азбаски мо ба монанди Қазоқистон ва Арманистон имконияти яку якбора дар як рӯз тағйир додани қурби пули худро надоштем, онро батадриҷ ва оҳиста-оҳиста дигар кардем.

Ба ҳамин тартиб мутобиқ намудани қурби пули миллӣ ба қурби асъори мамлакатҳои алоҳидаи шарики иқтисодӣ боиси фаъол шудани истеҳсолоти дохилӣ ва боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мегардад. Маҳз бо ҳамин мақсад Ҳукумат ва Бонки марказии ИМА ҳама чораҳоро меандешад, то ки қурби доллари ИМА нисбати пулҳои хориҷӣ поён равад. Вале, тавре ҳамагон мушоҳида карда истодаем, қурби он, албатта, коҳиш намеёбад. Яқин суоле ба миён меояд, ки чаро? Имрӯз ҷавоб ин аст, ки кишварҳои дигар коҳишёбии онро намехоҳанд ва тамоми чораҳоро меандешанд, то ба ин роҳ надиҳанд, зеро поён рафтани қурби доллар бар зарари иқтисодиёти онҳост.

Қабл аз ҳама, мо бояд дарк кунем, ки сиёсати пулӣ бисёр нозук аст ва он бояд ниҳоят эҳтиёткорона дар амал пиёда карда шавад.

Ва дар ниҳояти кор, мо, албатта, наметавонем пеши роҳи он хизматгузорони баъзе аз васоити ахбори оммаро, ки дар хидмати гурӯҳу ҳизбҳои алоҳида ва шояд кишварҳои хориҷӣ қарор доранд, бигирем.

Ҳамеша дар хотир бояд дошта бошем, ки як гоми беэҳтиётона ва як сухани бемулоҳизаю беандешона, аз қабили “то 6 сомонӣ баланд шудани 1 доллари ИМА”, метавонад 100 млн. сомонӣ ба иқтисодиёти кишвар зарар ворид созад. Бинобар ин, мо аз ҳамаи онҳое, ки манфиати миллат ва ҷумҳурии азизамонро гиромӣ медоранду арҷ мегузоранд, хоҳиш мекунем, ки дар мавриди баррасии ин мавзӯъ бомасъулияту эҳтиёткор бошанд.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

20.05.2009
Суханҳои мо нодуруст тавзеҳ дода шудаанд

Посухи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ба андешаҳои узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки дар ҳафтаномаҳои “Миллат”, “Фараж” ва “Озодагон” 7 майи соли равон таҳти унвони “Дурӯғи бе ҳадду марз” ба нашр расидаанд.

Номбурда дар посухи хеш ба мақолаи “Тӯраҷонзода – ҷосуси КГБ?” аз он ҷумла, навиштааст: “Дар бораи масъалаҳое, ки банда дар он мусоҳиба ва мақола дар бораи Заводи алюминий баён карда будам, хусусан дар бораи афсонаи гӯё “манбаи асосии даромади буҷети мамлакат” будани он, фақат ҳаминро гуфтаниам, ки хушбахтона, 23 апрели соли 2009 Раиси Бонки миллии ҶТ, ҷаноби Ш. Раҳимзода дар мусоҳибаи худ дар ҳафтаномаи “Озодагон” дар бораи мифҳои “фоидаовар” будани “Талко” ба таври возеҳ ишора карданд. Хоҳишмандам, муроҷиат намоед.” 

- Дар ҳақиқат, ҳангоми посух додан ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди саҳми асъори воридотӣ аз ҳисоби пахта ва алюминий ба иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор намуда будам, ки аз ҳисоби ин ду маҳсулоти стратегӣ тақрибан 30 фоизи ҳаҷми умумии асъори хориҷӣ ба кишвар ворид мешавад. Бояд тазаккур дод, ки қисми асосии ин рақамро маблағҳои воридотии корхонаи “ТАЛКО” ташкил медиҳад ва дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ин рақам барои танҳо як корхона кам нест. Барои мисол, агар соли газашта ба Тоҷикистон ҳудуди 5 миллиард доллари ИМА (аз ҷумла, бо назардошти қарзҳои беруна, грантҳо, сармояҳои хориҷӣ, маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ ва фурӯши маҳсулоти ватанӣ) ворид шуда бошад, тақрибан 1,4 миллиард доллари он ба корхонаи “ТАЛКО” рост меояд. Ҳамчунин, бояд кайд намуд, ки асъори воридкардаи “ТАЛКО” бевосита ба иқтисодиёти кишвар равона шуда, муназзамии онро кафолат медиҳад. Ҳол он ки дар муқоиса ба ин маблағҳо асъоре, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ворид мегардад, аслан барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолӣ сарф мешавад.

Қобили қайд аст, ки пардохтҳои пулии “Ширкати алюминии тоҷик” ба буҷети давлат ва суратҳисобҳои корхонаҳои ватанӣ дар соли 2008 маблағи бештар аз 870 миллион сомониро ташкил дод (истеҳсоли алюминий 400 ҳазор тонна дар як сол), аз он ҷумла:


Андозҳо, тақрибан 286 млн. сомонӣ, 
Музди меҳнат 102 млн. сомонӣ, 
Пардохтҳо барои истифодаи барқ 360 млн. сомонӣ, 
Аз он ҷумда, воридоти барқи Туркманистон 82 млн. сомонӣ, 
“Тоҷикгаз” 43 млн. сомонӣ, 
“Роҳи оҳани Тоҷикистон” 22 млн. сомонӣ, 
Дигар корхонаҳои дохилӣ 57 млн. сомонӣ. 

Барои мисол, агар тасаввур кунем, ки фаъолияти КВД “Ширкати алюминии тоҷик” қатъ гардидааст, пардохти маблағҳои зикргардида ба куллӣ таъмин намегардад ва таъсири манфии он на танҳо ба худи ширкат, балки ба буҷети давлат ва дигар ширкатҳои ватанӣ низ хоҳад расид. Танҳо дар сурати то 300 ҳазор тонна кам кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, пардохти маблағҳо аз ин ҳисоб то 591 млн. сомонӣ кам мешаванд, аз он ҷумла:

Андозҳо, тақрибан 172 млн. сомонӣ, 
Музди меҳнат 86 млн. сомонӣ, 
Пардохтҳо барои истифодаи барқ 236 млн. сомонӣ, 
“Тоҷикгаз” 41 млн. сомонӣ, 
“Роҳи оҳани Тоҷикистон” 15 млн. сомонӣ, 
Дигар корхонаҳои дохилӣ 41 млн. сомонӣ. 

Аз ин рӯ, бешубҳа, саҳми корхонаи “ТАЛКО” дар иқтисодиёти кишвар бузург аст ва ин нуктаро сарфи назар кардан, иштибоҳи маҳз аст. Мисоли равшан ва аёни онро дар сурати коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот дар ин коргоҳ бо рақамҳои мушаххас баён намудем.

Ба андешаи мо, мӯҳтарам Тӯраҷонзода дар мақолаи худ “Дурӯғи бе ҳадду марз” барои исботи назари худ гуфтаҳои моро нодуруст тавзеҳ додаанд. Умед бар он мекунем, ки эшон дар оянда ҳангоми тавзеҳи масъалаҳои иқтисодӣ бо дарки масъулияти том амал хоҳанд кард. 

Маркази матбуоти 
БМТ

08.04.2009
Посух ба мақолаи Аслиддин Достиев “Диктатура дар Бонки миллӣ?” (Ҳафтаномаи “СССР”, аз 19 марти соли 2009)

Маълумоти чопгардидаи рӯзноманигор ҷиҳати пешниҳоди маълумот дар бораи фаъолияти низоми бонкӣ ба Воситаҳои ахбори омма (ВАО) баррасӣ гардида, нисбати он чораи мушаххас андешида шуд.

Мақсади қабули Фармони қаблӣ (таҳти №31/3 аз 13 январи соли 2009) аз муқаррар намудани тартиби муайяни қабули саволҳо, мувофиқаи онҳо бо идораҳои марбута ва ирсоли онҳо ба муроҷиаткунанда иборат буд. Эроди мазкурро қобили қабул дониста, барои вусъат додани омодагии шӯъбаҳо дар минтақаҳо ва беҳтар ба роҳ мондани раванди ҳамкориҳо бо ВАО дар ин робита Фармоиши нав таҳти №310/3 аз 20 марти соли 2009 қабул гардид. 

Дар асоси он шӯъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон метавонанд маълумоти хусусияти умумибонкӣ дошта, яъне омори дорои мақоми сирри бонкӣ надоштаро, дар раванди кори ҳаррӯза ва дар ҳолати зарурӣ ба ВАО пешниҳод намоянд. 

Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои минтақавии он омода ҳастанд, ки бо ВАО муносибати судмандро ба хотири рушду нумӯи иқтисодиёти кишварамон идома диҳанд. Ҳамзамон аз рӯзноманигорон хоҳиш менамоем, ки ҳангоми омода намудани саволҳо ва пахши ҷавобҳо ҷиддӣ ва босалоҳият рафтор намоянд.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

08.04.2009
Ҷавоб ба мақолаи “Бонки насиҳат” (“СССР”, №12 аз 19 марти соли 2009, муаллиф С. Бурҳонов)

Вобаста ба мақолаи С. Бурҳонов бояд тазаккур намуд, ки воқеан чунин зуҳуроти гардиши асъори хориҷӣ дар кишвар мавҷуд аст, ки он хоси бештари мамлакатҳои тараққиёбанда, алалхусус узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Табиати ин гуна муомилот на танҳо аз меъёрҳои бонкӣ, балки аз омилҳои бештар васеъ, алалхусус макроиқтисодиёт, вазъ ва рушди сохтори истеҳсолот, интизорият ва афзалият додани намуди асъор аз худи шаҳрвандон, мавқеи фаъолияти иқтисоди хориҷии кишвар ва дигарҳо низ сарчашма мегиранд.

Аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва унсурҳои қонуниятҳои иқтисоди муосир танзими ин кор бо роҳи маъмурӣ, маҳдудкунӣ ва манъ кардан ба даст намеояд, зеро дар асл он тамоюли баръаксро ба миён меорад. Роҳи устувор ва бидуни тағйироти куллии ин ҳолат гузариши марҳилаҳои табиии таҳаввул (эволютсионӣ), тадриҷии рушд ва афзалиятпазирии аҳли ҷомеъа мебошад.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

11.03.2009
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст...

Посухи мухтасар ба мақолаи Сафват Бурҳонов “Истеҳсолкунандаи Ватанӣ. 
Давои бӯҳрон” (ҳафтаномаи “СССР”, №9(25), аз 26 феврали с.2009) 


Боиси таассуф ва нигаронист, ки рӯзҳои охир баъзе аз шореҳони воситаҳои ахбори омма хусусият ва нозукиҳои фаъолияти бозор, низом ва тартиби муносибатҳои иқтисодиро надониста, оид ба мавқеи вазорату ташкилотҳои гуногун хеле пурҳаяҷон ва дар баъзе мавридҳо аз одоб берун ҳукм меронанд.

Дар мавриде, ки танқид ва ошкор намудани камбудиҳои вазоратҳою идораҳо тавре дар одоби муошират ва меъёрҳои журналистӣ қабул шудааст, бидуни расидан ба иззати нафси шахсият ва пешниҳодоти барои аҳли ҷомеа судманд бошад, чунин эроду нуқтаи назарҳо ҳамеша қобили қабул ва пазироӣ мебошанд.

Вале, дар баъзе мавридҳо шахс оид ба мавзӯе, ки худ маълумоти ба он дахлдорро аз саҳифаҳои сомона (интернет) ё матбуот гирифтаасту, қонуният ва рукнҳои дохилии бозор ва иқтисодиётро наомӯхта, бидуни дарки моҳияти он андешаҳои худро дар ҳафтанома ҷой додаю пешкаши хонандагон мегардонад, чунин саросемакорӣ оқибати хуб нахоҳад дошт. Зеро аз ин кори муаллиф шояд бӯи ғараз, мақсади номуайян, бадбинии шахсӣ, ноҳурматӣ ба арзишҳои ҷамъияту миллат дида шавад.

Биноан, аз хонандагони гиромӣ ва нуктасанҷ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми мутолиаи ин зумра мақолаҳои рӯякӣ ва хориҷ аз таҳлилҳои амиқ ба ҳаяҷон ва хулосаҳои носанҷида дода нашуда, худ ба таҳлилу қиёси рақамҳои воқеӣ даст зананд ё аз маслиҳатҳои олимону мутахассисони соҳа истифода кунанд. Яқин аст, ки ҳақиқатро дармеёбанд.

Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки ҷомеаи феълӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳаст, хавфҳои муайян бошанд, таъсири онҳоро бештар менамоянд, ба андешаи мо, барои паси сар кардани онҳо аз ибрози суханҳои аз одоб беруну носазо дида, муҳокимаҳои беғаразонаю бе расидан ба иззати нафси шахсиятҳо хубтару беҳтар аст.

Дар асл, мақола аз лиҳози банду баст, мазмун, дарки мафҳумҳои иқтисодӣ орӣ мебошад ва дар он омезиши хеле ғайриоддии унсурҳои пулӣ, молӣ, иқтисодӣ мушоҳида мешаванд, ки аз доираи фаҳмиши иқтисодӣ хеле дур мебошанд. Аз ин рӯ, таҳлили амиқ намудану посухи муфассал гуфтан ба он ғайриимкон ба назар мерасад.

Масалан, реҷаи асъории номбурдаи идораи асъорӣ (currencу board) умуман дар кишвари мо дар ягон вақт татбиқ нагаштааст. Реҷаи асъорие, ки дар ватанамон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ва ҳукми расмӣ дорад “низоми шинокунандаи танзимшаванда“ ном дорад. Матни Қарори ин мақомот тавассути рӯзномаҳо ва сомонаи интернетӣ ба таври озод ба диққати тамоми аҳолӣ ва ҷамъият расонида шудааст. Аз он воқиф набудани муаллиф, мазмуни мавҷуд набудани онро надорад ва масъулияти чунин саҳвро ба худи он кас вомегузорем.

Боиси таассуф аст, ки агар хабарнигор надонад дар ватанаш кадом низом татбиқ мешавад ва надонад, ки маълумот оид ба онро чӣ тавр пайдо кардан мумкин аст, дар асоси кадом меъёрҳои аҳлоқӣ ва этикети журналистӣ, пиндори худро чун ҳақиқат ба сари мақомотҳо бор карда, аз рӯи он хулосаҳои хеле “муҳим” ба даст орад? Ба ғайр аз иштибоҳ дар тахайюли “Идораи асъорӣ”, чандин нуктаҳои дигаре ҳаст, ки бо бандҳои алоҳидаи худи мақола дар тазоданд ва аз маълумоти оддитарин хабардор набудани муаллифи мӯҳтарам дарак медиҳанд. Валекин, нисбати рӯзнома эҳтироми худро зоҳир намуда, аз пахши камбудиҳои дағалонаи он кас худдорӣ менамоем.

Аслан, тибқи ҳикмати халқӣ, ки бо гузашти асрҳо моҳияташ бештар гаштааст, ҷавоби чунин мақолаҳо сукут аст, аммо бо дарназардошти мураккабии вақт ва ҳатмӣ будани ҷавобдиҳӣ ба он, мо ин ҷавобро пешкаши хонандагон гардонидем.

Аз хонандагони гиромӣ бошад, даъват менамоем, ки дар чунин лаҳзаҳо на ба тазодкорӣ, ҷудоию парокандагӣ, балки дасти ҳамдигарро гирифта, ба ҳамдилию ҳамбастагӣ, иттиҳод ва ҳурмати якдигар рӯ оварем. Зеро, танҳо бо ин роҳ мо метавонем ба миллату ватани худ хизмат намуда, ба комёбиҳои дилхоҳ ноил шавем.

Маркази матбуоти 
Бонки миллии Тоҷикистон 

25.02.2009
Посухи мухтасар ба мақолаи Сайёфи Мизроб “Хатари гуруснагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ҳафтаномаи “СССР”, №5 аз 9 октябри соли 2008)

Қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ мутобиқи шароити иқтисодиёт ва мавқеи холиси амалиёти иқтисодӣ-хориҷии тамоми корхонаҳо, ширкатҳои гуногун, соҳибкорони ватанӣ тағйир меёбад, ки дар нигоҳдории он, аз ин лиҳоз, тамоми мардуми кишвар саҳм доранд.

Аз ин сабаб, беҳурматӣ нисбати қурби пули миллӣ ин беҳурматӣ нисбат ба мақомот ва шахсони алоҳида не, балки нисбати тамоми ҷомеаи ватанӣ мебошад.

Маркази матбуоти 
БМТ 

Посухи мухтасар ба мақолаи Сайёфи Мизроб “Баргардиш: чаро ба бӯҳрони ҷаҳонӣ омода набудем?” 
(Ҳафтаномаи “СССР”, №6 аз 5 феврали соли 2009)


Оид ба сар задани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва тавассути кадом омилҳо таъсир расонидани он ба иқтисодиёт пеш аз ҳама созмонҳои дахлдори кишварҳои пешрафтаи дунё хабардор буданд. Аммо то имрӯз бо вуҷуди тадбирҳои пешакӣ ва ба муомилот баровардани маблағҳои калони пулӣ натиҷаи манфии бӯҳронро бартараф насохтаанд ва зарари он меафзояд. Оё давлатеро гуфта метавонем, ки аз сару садо баланд кардану бонги хатар задани масъулини он таъсирҳои бӯҳрон бартараф шуда бошанд?

Дар кишварҳои тавлидкунандаи ин бӯҳрон қисме аз иқтисоддонҳо пеш аз зоҳир гардидани таъсири бӯҳрон таҳлилҳои мушаххас гузаронида, пешниҳодҳо карда буданд, вале мутаассифона, гуфтаҳои онҳо ба инобат гирифта нашуд. Мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба зоҳир ва нишонаҳои таъсир, мушкилиҳо ва чораҳои то имрӯз андешидашуда пайваста маълумот медиҳанд ва чандин бор тавассути ВАО оиди ин масъалаҳо баромадҳо карданд.

Барои ба омма рушанӣ андохтан оиди бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ бо як далели беасос масъулинро бехабар аз ҳама рӯйдодҳои ҷаҳонӣ шумурдан саҳв аст. Баръакс, агар дар бораи мушкилиҳои пешомада ва чораҳои ҷиҳати бартарафсозии онҳо андешидашуда сухан гӯем, беҳтар аст. Чунки аксари суолҳо ва нофаҳмиҳои дар байни мардум пайдошуда, аслан мушкилиҳои имрӯзаро дар бар мегиранд.

Аз ин рӯ, мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимон ва масъулини соҳаҳои гуногуни иқтисод мунтазам тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои телевизион ва радио, вазъи имрӯзаи молиявию иқтисодии кишварро бо дарназардошти таъсирҳои расонидаи бӯҳрони молиявӣ ва ҳалли мушкилиҳои мавҷуда инъикос менамоянд.

Маркази матбуоти 
БМТ 

Ҷавоб ба мақолаи шаҳрванд Додарбек Сафаров – “Қосимов пурсад, Раҳимзода медиҳад?”, ҳафтаномаи “Фараж” аз 19 феврали соли 2009

Дар мавриди навиштаҳои муаллиф оид ба паст рафтани арзиши нахи пахта зикри он нуқта зарур аст, ки поёнравии арзиши маҳсулоти номбурда аз ҷумҳурии мо ва ё ягон мақомоти алоҳидаи давлатӣ вобастагӣ надорад. Зеро арзиши пахта дар музоядаҳои бирҷаҳои ҷаҳонӣ муайян карда шуда, боло ё поёнравии он аз талаботу пешниҳоди тавлидгарон ва истеъмолкунандагони калон вобаста мебошад.

Бинобар вазъияти баамаломада ё дар мавриди истеҳсоли пахта деҳқонон танҳо бо рӯёнидани ҳосили баланд метавонанд даромади дилхоҳ ва фоидаи соф ба даст оранд.

Муаллиф дар сархати дигар ба иштибоҳ роҳ дода, ба ҷои 180 млн. сомоние, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли равон барои рушд ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ ҷудо кардааст, 180 ҳазор доллари ИМА нишон дода, қайд намудааст, ки ин маблағ ба деҳқонон на аз ҷониби бонкҳо, балки аз тарафи Вазорати кишоварзӣ дода шавад.

Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки мутобиқи қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ иҷрои амалиёти бонкӣ дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Чун Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори давлатии мутасаддӣ барои пешбурди татбиқи сиёсат дар соҳаи кишоварзӣ мебошад, ҳуқуқи қарздиҳиро надорад. Дар иқтисодиёт ҳар сохтор бояд ба иҷрои вазифаҳои худ машғул бошад. Албатта, агар соле пеш фаъолияти фючеристон ба кишоварзон маъқул набуд ва имрӯз бошад, фаъолияти бонкҳо ба қисме аз одамон маъқул нест, мо бояд корро дар ин ҷода беҳтар намоем.

Маркази матбуоти 
БМТ 

19.12.2008
Шарҳе ба мақолаи “Дар Бағдод ҳама ором аст?” (аз 10 декабри соли 2008, ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, №50)

Ҳанӯз дар оғози марҳилаи таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бахши молиявии мамлакати мо, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои тиҷоратӣ мунтазам вохӯриҳо гузаронида шуда, дар рафти онҳо роҳҳои бартараф ва то ҳадди имкон кам кардани хавфҳои бӯҳрони молиявӣ ҳамаҷониба муҳокима мегардиданд, ҳамчунин масъалаҳои устувории низоми бонкӣ дар мавриди баҳо додан ба таъсири эҳтимолии бӯҳрон ба низоми бонкии мо мавриди омӯзиш қарор дода мешуданд.

Давр ҷараёни мулоқотҳо ба масъалаҳои таъмини омодагии ҳаматарафаи бонкҳо барои то ҳадди имкон кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани эътимоднокии захираҳои қарзӣ ва сифати дороиҳои бонкҳои ҷумҳурӣ, махсусан ба мавҷуд набудани пардохпазириҳое, ки хосияти кӯтоҳмӯҳлатӣ доранд, аҳамияти махсус дода шуда буд.

Дар айни замон, бӯҳрони номбурда дорои ҷараёни ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашаванда мебошад, ки аллакай амалҳо ва оқибатҳои ногаҳонии худро ба бахшҳои дигари иқтисодиёти мамлакат нишон дод ва онҳо дар шакли тағйир ёфтани шартҳои савдо дар воридоту содирот вобаста ба тағйироти талабот ва нархҳо ба молҳо дар бозори ҷаҳонӣ инъикос ёфта истодаанд.

Бо назардошти шартҳои мавҷуда Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф кардани таъсири бӯҳрони молиявӣ ба низоми бонкии мамлакат як қатор чораҳоро андешида истодааст. Дар ҳолати пеш омадани зарурат ба ташкилотҳои қарзӣ барои аз байн бурдани проблемаҳои марбут ба камбуди захираҳо, аз он ҷумла барои додани маблағҳои интиқолӣ ва баргардонидани қарзҳои бонкҳои хориҷӣ, пардохтпазириҳои кӯтоҳмӯҳлатро пешниҳод менамояд. Илова бар ин, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли равон меъёри бозтамвил аз 14,0% то 13,5% кам карда шуд.

Дар айни замон Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои оид ба тағйири талаботи захираҳои ҳатмӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ, инчунин ба ташкилотҳои қарзӣ додани ҳуқуқи қисман истифода бурдани захираҳои умумиро баррасӣ карда истодааст. 

Ба ин нигоҳ накарда, бо назардошти пешгирӣ кардани таъсири номатлуби бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, аз он ҷумла бӯҳрони пардохтпазирӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва бо мақсади нигоҳ доштани устувории пешниҳоди пулӣ, Бонки миллии Тоҷикистон то охири сол сиёсати муносиби пулию қарзиро идома медиҳад. 

Қобили қайд аст, ки Ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон омодагии худро барои ба ташкилотҳои бонкии ҷумҳурӣ расонидани тамоми кӯмакҳои зарурӣ изҳор намуданд. 

Ш. Душанбе, 
18 декабри с. 2008 
(Аз забони русӣ тарҷума шудааст.)

04.08.2008
Шарҳе ба мақолаи “Евро мавқеашро дар Тоҷикистон торафт коҳиш медиҳад” (аз 13 августи соли 2008, CA-NEWS (TJ))

Дар мақолаи мазкур омадааст, ки “Қурби хариду фурӯши евро, долари ИМА ва рубли Русия дар бозори сиёҳ назар ба қурби расмии муқарраршуда фарқияти зиёд дорад”.

Пеш аз ҳама бояд зикр кард, ки мафҳуми “бозори сиёҳ” дар кишвари мо аллакай 5-6 сол мешавад, ки аз байн рафтааст. Ба туфайли сиёсати либерализатсияи бозори асъор, ки шаффофияти фаъолиятро аз ҷумла дар нуқтаҳои мубодилаи асъор дар назар дорад, ҳоло бо боварии том метавон гуфт, ки дар мамлакати мо бозори тараққикарда ва рақобатпазири асъор ташаккул ёфтааст.

Дар мавриди нишондиҳандаҳои қурби расмии мубодилавӣ ва қурби асъори нақди хориҷӣ бояд гуфт, ки масалан дар таърихи 22 августи соли 2008 таносуби онҳо ба шакли зайл буд: барои доллари ИМА 3,4193 ва 3,4400 сомонӣ, барои евро 5,0380 ва 5,1700 сомонӣ ва барои 10 рубли Русия 1,4070 ва 1,4000 сомонӣ.

Ин ҷо аён аст, ки ин фарқият, яъне фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби мубодилавии пули нақд дар ҳудуди то 2 фоиз қарор дорад, ки аз рӯи меъёрҳои байналхалқӣ онро ҷоиз шуморидан мумкин аст.

Динамикаи тағйирёбии қурби расмии мубодилавӣ ва қурби мубодилавии пули нақд нишон медиҳад, ки вазъи бозори дохилии асъор дар айни замон ба қадри кофӣ мӯътадил мебошад.
Шарҳе ба мақолаи “Навоварӣ (дар робита ба Рақами мушаххаси андозсупоранда). Оё интиқолҳои пулӣ боз ҳадафи мақомоти андоз қарор гирифтанд?” 
(аз 9 июли соли 2008, “Азия - Плюс”, №28) 

Дар ин мақола масъалаҳои вобаста ба тағйироту иловаҳои охирин ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз тарафи бонкҳо аз муштариён талаб карда шудани Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) ҳангоми додани интиқолҳои пулӣ баррасӣ шудаанд.

Бо мақсади мусоидат ба раванди воридшавии асъори хориҷӣ ба кишварамон, аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 июли соли 2008, №2/789) ва Бонки миллии Тоҷикистон (9 июли соли 2008,3 78/ОП) Дастури муштарак “Ҷиҳати мусоидат ба раванди воридоти асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид (замима мегардад).

Мутобиқи он бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ҳангоми ба расмият даровардан ва додани интиқолҳои пулии ба ҷумҳурӣ бе кушодани суратҳисоб воридшуда, аз муштариён Рақами мушаххаси андозсупорандаро талаб нахоҳанд кард.

Дастури мазкур аллакай ба маълумоти бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва мақомоти андоз дар маҳалҳо расонида шудааст. 

ш. Душанбе
17 июли соли 2008

03.04.2008
Шарҳи мухтасари мақолаҳои “Мавқеи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Тоҷикистон”, (“Зиндагӣ”, № 13 аз 27 марти соли 2008, муаллиф Л.Латифӣ) ва “Бонкҳои байналмиллалӣ аз Тоҷикистон рӯ тофтанд”, (“Тоҷикистон”, № 13 аз 27 марти соли 2008)

Маълумоти чопгардида оид ба қатъ гардидани ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи хабари дар сайти интернет нашр шуда, асли тамоилро инъикос наменамояд.

Зеро айни замон, ҳамкории созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо кишвари мо идома дорад ва нақшаҳои гуногун дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои давраи миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат амалӣ карда шуда истодаанд.

ш. Душанбе
2 апрели с. 2008

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Сатҳи таваррум %
  • graphic

  • СУОЛИ РӮЗ

    Дар интихоби бонк ба Шумо пеш аз ҳама чӣ чиз муҳим аст?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Дар интихоби бонк ба Шумо пеш аз ҳама чӣ чиз муҳим аст?
      1. Сифати хизматрасонӣ ба муштариён
        1173 (36.6%)
      2. Эътибори бонк
        934 (29.1%)
      3. Меъёри фоизӣ аз рӯйи қарзҳо
        857 (26.7%)
      4. Меъёри фоизӣ аз рӯйи пасандозҳо
        243 (7.6%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ