Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи июн
    0,5%
  • 1,6%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (июн)
    14,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)14,23
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    10,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    30,54
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (май)
    12,93
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (май)
    24,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.07.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1991.81 2039.38
10 3879.56 3972.21
20 7584.31 7765.43
50 18675.74 19121.75
100 37154.33 38041.64

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5

Шарҳи бозори кортҳои пардохтӣ

Рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот мебошад. Барои ҳалли масъалаи зикргардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ барои вусъат додани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва қабули онҳо ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Айни замон, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кортҳои пардохтии Низоми пардохтии миллӣ “КОРТИ МИЛЛӢ”, низомҳои пардохтии байналмилалии Visa ва Masterсard, кортҳои муштараки (кобрендинг)  низомҳои пардохтии UnionPay ва НПМ ”КОРТИ МИЛЛӢ ва кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ  ба муомилот бароварда шуда истодаанд.

Ҳиссаи кортҳои пардохтии низомҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳиссаи кортҳои пардохтии низомҳои пардохтӣ дар.JPG

Тибқи ҳисоботи оморӣ ба санаи 31 марти соли 2018, миқдори умумии кортҳои пардохтии ба муомилот бароварда шуда 1 714,9 ҳазор ададро ташкил доданд, ки  нисбат ба санаи 31 марти соли 2017 2,9% зиёд гардидаанд. Аз ин микдор, 84,14% кортҳои Низоми пардохтии миллии (НПМ) “КОРТИ МИЛЛӢ”, 9,73% кортҳои низомҳои пардохтии байналмилалӣ (Visa ва Masterсard), 5,53% кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ 0,6% кортҳои пардохтии муштарак (UnionPay-НПМ ”КОРТИ МИЛЛӢ) мебошанд.

Шумораи кортҳои пардохтии ба муомилот баровардашуда аз рӯи низомҳои пардохтӣ

Шумораи кортҳои пардохтии ба муомилот баровардашуда аз рӯи низомҳои пардохтӣ.JPG

Ҳиссаи кортҳои пардохтии баровардашудаи ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳиссаи кортҳои пардохтии баровардашудаи ташкилотҳои қарзии .JPG

Ҳиссаи асосии кортҳои пардохтии дар ҷумҳурӣ ба муомилот бароварда шуда ин кортҳои пардохтии БДА ҶТ “Амонатбонк” мебошанд, ки 79,6%-и ҳаҷми умумии кортҳои баровардашударо ташкил медиҳад.

Шумора ва ҳаҷми амалиётҳо тавассути кортҳои пардохтӣ

Шумораваҳаҷмиамалиётҳотавассути кортҳои пардохтӣ.JPG

Дар семоҳаи аввали соли 2018 дорандагони кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он  4 886 ҳаз. амалиёт ба маблағи умумии 2 261,1 млн. сомонӣ амалӣ карданд (нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 шумораи амалиётҳо 30,7% ва ҳаҷми амалиётҳо 35,8% зиёд шуданд).

Вазни қиёсии ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ  аз ҳаҷми умумии амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ ба санаи 31 марти соли 2018  4,3%-ро ташкил дод.


Динамикаи рушди инфрасохтори пардохтӣ барои қабул ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ (адад)

Динамикаи рушди инфрасохтори пардохтӣ барои қабул ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ (адад).JPG

Инфрасохтори пардохтӣ барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ дар ҷараёни афзуншавӣ қарор дорад. Дар семоҳаи аввали соли 2018 шумораи терминалҳои электронӣ, ки барои гузаронидани пардохтҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода мешаванд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169,6% зиёд шудааст ва миқдорашон ба 2 224 адад расидааст.

Инфрасохтори пардохтӣ  барои қабул ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инфрасохтори пардохтӣ бароиқабул ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣдар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.JPG

Тибқи диаграммаи овардашуда, бештари инфрасохтори   хизматрасонии   кортҳои   пардохтӣ дар ш. Душанбе ҷалб шуданд ва дар минтақаҳои кишвар нисбатан камтар тараққӣ ёфта истодаанд.

Тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» Бонки миллии Тоҷикистон раванди додани иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, аз ҷумла операторони низоми пардохтие, ки хизматрасонии  интиқоли маблағҳоро пешниҳод менамоянд, роҳандозӣ намуда истодааст.

Бо мақсади рушди минбаъда ва такмили низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи навовариҳо дар низоми пардохтҳои чакана ва рушди технологияҳои пардохтҳои мобилӣ шароити мусоид муҳаё намуда, дар ин самт бо тарафҳои манфиатдор ва пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ ҳамкорӣ менамояд.



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ