Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи июл
    0,4%
  • 8,9%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (июл)
    12,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±3)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон (июл)15,8
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    14,92
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    27,12
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (май)
    13,87
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (май)
    3,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 18.08.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1972.95 1992.88
10 3847.45 3886.31
20 7529.50 7605.55
50 18554.07 18741.48
100 36921.60 37294.54

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

Мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Биржаи Москва

21.04.2017

Имрӯз, 21 апрели соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшед Нурмаҳмадзода аъзои Раёсати Биржаи Москва ҷаноби Игор Маричро, ки бо сафари хизматӣ ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.

Mos_birja_1.JPG

Дар мулоқоти расмӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар ошно намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегарданд. Зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро ба таъмини рушди босуботи низоми бонкӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои гуногун ба низоми молиявӣ равона сохтааст.

Ҷаноби Игор Марич дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати мазкур, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон буда, бад-ин васила ҷонибҳо метавонанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Номбурда дар хусуси доир намудани амалиётҳо тавассути биржа бо истифода аз фишангҳои гуногун ва маҳсулоти дигари ҷолиб маълумот пешниҳод кард.

Mos_birja_2.JPG

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳҳои пешбурди бозори асъори хориҷӣ бо назардошти имкониятҳои Биржаи Москва, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва савдои сомонӣ/рубл табодули назар намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар рафти вохӯрӣ оид ба пайдо шудани заминаи ҳуқуқӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт” ҷиҳати иштирок дар амалиётҳои гуногуни бозори байнибонкӣ сухан кард. Мавсуф зикр кард, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар ин самт таҳлил ва омӯзиши дақиқ ҷиҳати манфиатовар будани он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.

Mos_birja_3.JPG

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳим ва ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои судманд муҳокима шуданд. Дар интиҳо ҷаноби Игор Марич Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро барои ташриф ба Биржаи Москва даъват намуд.

Аъзои Раёсати Биржаи Москва ҷаноби Игор Маричро, дар ин сафари расмӣ директори Департаменти намояндагии байналмилалии биржаи мазкур ҷаноби Сергей Данов ҳамроҳӣ намуд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 708

Бозгашт

  • Тақвими ахбор
  •       Август      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    31 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3

  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        5944 (34.6%)
      2. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        5941 (34.6%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        4976 (29.0%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        306 (1.8%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ