16.02.2021
				Эълони Озмун
					
 БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
 барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
  
 ОЗМУН
 ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
  
  
 Маҷаллаи “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ”
  
  
 Сармутахассис (1 ҷой)
 Талабот ба номзад:
	- таҳсилоти олии рӯзноманигорӣ ё иқтисодӣ;
 
	- 
	малакаи кор ва эҷодкорӣ дар навиштани мақолаҳои таҳлилӣ ва дигар жанрҳои журналистӣ дар мавзӯъҳои бонкӣ ва иқтисодӣ, қобилияти хуби таҳрири маводҳои муаллифон, пешниҳоди идеяҳои наву ҷолиб;
 
	- 
	малака ва маҳорати хуби кор дар компютер; 
 
	- 
	маҳорати хубу эҷодкоронаи аксбардорӣ, дарки нозукиҳои кор бо дастгоҳи суратгирӣ;
 
	- 
	ба бонувони дорои маҳорати баланди касбӣ дар бахши рӯзноманигорӣ афзалият дода мешавад;
 
	- 
	донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист; 
 
	- 
	Пешниҳоди намунаи корҳои эҷодӣ (ахбор, мусоҳиба, мақола ва дигар жанрҳои рӯзноманигори)-и як соли охир дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расида, ба назар гирифта мешавад; 
 
	- 
	доштани на камтар аз 3 сол собиқаи кории рӯзноманигорӣ дар ВАО. 
 
 Мутахассиси пешбар (1 ҷой)
  
 Талабот ба номзад:
	- таҳсилоти олии дизайнерӣ (ороишгарӣ, саҳифабандӣ дар ВАО) ё рӯзноманигорӣ;
 
	- 
	малака ва маҳорати хуби кор дар компютер;
 
	- 
	маҳорати хубу эҷодкоронаи аксбардорӣ, дарки нозукиҳои кор бо дастгоҳи суратгирӣ;
 
	- 
	малакаи кор ва эҷодкорӣ дар саҳифабандии маҷалла ва доштани қобилияти баланди дизайнерӣ (ороишгарӣ), пешниҳоди идеяҳои наву ҷолиб;
 
	- 
	доштани таҷрибаи баланди корӣ бо барномаҳои Microsoft Office, Indesign, Corel Draw, Adobe Photoshop ва Adobe Acrobat; 
 
	- 
	ба бонувони дорои маҳорати баланди касбӣ дар бахши дизайнерӣ ва саҳифабандӣ афзалият дода мешавад;
 
	- 
	донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
 
	- 
	Пешниҳоди намунаи корҳои эҷодии дизайнерӣ ва саҳибандии як соли охир дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расида, ба назар гирифта мешавад; 
 
	- 
	доштани на камтар аз 3 сол собиқаи кории дизайнерӣ ва саҳифабандӣ. 
 
  
 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
	- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун; 
 
	- 
	маълумотнома (справка-объективка); 
 
	- 
	варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд; 
 
	- 
	тарҷумаи ҳол (ҳолнома); 
 
	- 
	расм 4 дона андозаи 3х4; 
 
	- 
	нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома); 
 
	- 
	нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом); 
 
	- 
	нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; 
 
	- 
	маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ); 
 
	- 
	маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ; 
 
	- 
	Нусхаи билети ҳарбӣ; 
 
	- 
	Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН). 
 
 Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
	- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон 
 
	- 
	барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38 
 
	- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 26.02 с.2021