Шарҳи мухтасари таваррум дар моҳи апрели соли 2018

Бойгонии ахбор
22.05.2018

Шарҳи мухтасари таваррум дар моҳи апрели соли 2018

Сатҳи таваррум дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба 0,5 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи -0,7 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад. Қобили зикр аст, ки сатҳи таваррум дар умум аз сатҳи интизоришаванда каме баланд ҷамъбаст гардида, пас аз ду моҳи коҳишёбӣ (фев.-мар. с. 2018 ба андозаи -1,1 фоиз) ба нишондиҳандаи мусбӣ баробар шуд.

Ба таварруми ҳосилшуда асосан қиматшавии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба андозаи 0,9 фоиз (саҳм дар таваррум 0,5 б.ф.) ва молҳои ғайрихӯрока 0,2 фоиз таъсир расонид. Ҳамзамон, коҳишёбии арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ низ ба андозаи -0,1 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Бояд қайд намуд, ки таваррум асосан аз ҳисоби таъсири омилҳои мавсимӣ ба вуқӯъ пайваст. Инчунин, дар нимаи дуюми моҳ афзоиши фишорҳои беруна ба қурби пули миллӣ нисбатан таъсири худро ба нархи баъзе аз молҳои воридотӣ расонид.

Таварруми солона бошад, тавре интизор мерафт, раванди коҳишёбии худро идома дода, дар моҳи апрел ба 1,9 фоиз баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи -0,6 б.ф. кам мебошад.

Шарҳи бештар: Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи апрели соли 2018



Возврат к списку