Бойгонии ахбор
10.07.2014

Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро каме паст шуданд

    Ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ муътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 5,0150-5,0390 сомониро ташкил намуд.
    Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст фаромада, ба 0,1450-0,1470 сомонӣ барои як рубли русӣ, ба 6,8160-6,8540 сомонӣ барои як евро баробар шуданд.
     Имрӯз, 10 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,0210-5,0450 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,0350-5,0450 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,0200-5,0400 сомонӣ ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ


Возврат к списку