Бойгонии ахбор
29.05.2014

Қурби долл. ИМА андаке паст шуд

    Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке коҳиш ёфта, ба ҳисоби миёна то андозаи 5,1120-5,1290 сомонӣ паст шуд.
    Дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ каме баланд шуда, ба 0,1480-0,1490 сомонӣ ба як рубли русӣ ва қурби евро каме паст шуда, ба 6,9380-6,9630 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
    Имрӯз, 29 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,1130-5,1310 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,1200-5,1300 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,1100-5,1300 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку