Бойгонии ахбор
03.04.2014

Ҳафтаи равон қурби доллари ИМА каме паст шуд

    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,9780-4,9910 сомониро ташкил намуд.
    Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро дар ин давра каме баланд гардида, 0,1388-0,1398 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,7950-6,8170 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
    Имрӯз, 3 апрел қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9790-4,9980 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9800-4,9900 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9800-4,9900 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку