Ёддошти тафоҳум “Оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи барномаи маблағгузории занони соҳибкор дар Тоҷикистон”

Ахбор

Ёддошти тафоҳум “Оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи барномаи маблағгузории занони соҳибкор дар Тоҷикистон”


29 апрели соли 2024 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) хонум Одил Рено-Бассо, мудири иҷроияи БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай ва ҳайати ҳамроҳикунандаи онҳо мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии геосиёсӣ, таъсири он ба иқтисодиёти кишвар, муҳиммияти ҷалби кумакҳои БАТР ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин афзоиши ҳамкориҳои судманд дар бахши низоми бонкӣ табодули андеша намуданд.

NBTL0829-min.JPG

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба мувофиқа расиданд, ки дар самти дастгирии соҳибкории занон ва мусоидат ба тиҷорати байналмилалии онҳо ҳамкориро тавсеа диҳанд.

Дар доираи мулоқоти зикргардида, байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ёддошти тафоҳум “Оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи барномаи маблағгузории занони соҳибкор дар Тоҷикистон” (Women Entrepreneurs Finance Code) ба имзо расид.

Тибқи ёддошти тафоҳум ҷонибҳо ҷиҳати ҷалб намудани шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ва беҳтар намудани таҳлилу истифодаи маълумоти марбут ба фарогирии молиявии корхонаҳои таҳти роҳбарии занон кушиш хоҳанд намуд. Ин тасмим дар коҳиш додани касри маблағгузорӣ барои занони соҳибкор ва пешниҳоди ҳалли инноватсионӣ ҷиҳати сафарбар кардани сармояи зарурӣ барои рушди онҳо кӯмак хоҳад кард.

NBTL0905-min.JPG

Қобили зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур намояндагони ҶСП Бонки “Арванд” ва ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” низ ҳузур доштанд. Дар ҳошияи Ёддошти тафоҳум байни Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва ҶСП Бонки “Арванд” тибқи Барномаи “Women in business” созишномаи қарзӣ ба маблағи 5 миллион доллари ИМА ба имзо расида, дар доираи Барномаи мусоидат ба рушди савдои БАТР (TFP) бо ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” созишномаи бонкӣ ба маблағи 1 миллион доллари ИМА баста шуд.


Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 1656

30.04.2024

Возврат к списку