Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Бонки миллии Тоҷикистон дар кишвар моҳи саводнокии молиявиро эълон намуд

03.04.2020

Аз 1 то 30 апрели соли равон Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои шарик дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2020 моҳи саводнокии молиявиро баргузор менамояд.

Шарикони ин маъракаи таълимӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC), Фонди Хазинавии Ҳамкории Байналмилалии Олмон, Институти Ҷамъияти Кушода – Фонди Кӯмак дар Тоҷикистон, ширкати Сиёма ва инчунин ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ширкати МегаФон Тоҷикистон шарики рақамӣ ва медиа-ҳолдинги Азия-плюс шарики иттилоотӣ мебошанд.

Маъракаи мазкур ҳамасола дар саросари ҷаҳон баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти муҳим касб кардааст.

Имрӯз дар сатҳи ҷаҳон камтар аз 1% кӯдакон аз маърифати молиявӣ бархӯрдоранд ва ба бахши молиявӣ ҷалб гардидаанд. Аксарияти ҷавонон ҳангоми гирифтан ва истифодаи қарзҳо ба мушкилиҳои зиёд дучор мегарданд, ки ин ба рушди минбаъда ва некӯаҳволии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, баргузории маъракаи байналмилалии Global Money Week-2020 барои ҷалби диққати бештар ба аҳамияти ҳуқуқҳои молиявӣ, хусусан барои кӯдакон ва ҷавонон мусоидат менамояд, зеро бо шарофати дастрасӣ ба маърифати молиявӣ, кӯдакон тарзи оқилона идора кардани пулро меомӯзанд.

“Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” - шиори расмии Global Money Week-2020 аст. Ин шиор ҳадафҳои асосии маъракаи Global Money Week-2020-ро инъикос намуда, кӯдакон ва ҷавононро на танҳо барои тақсимоти оқилонаи буҷаи худ водор мекунад, балки дар интиқол додани дониши андӯхтаи худ ба оила ва атрофиёни худ ба онҳо кӯмак мекунад. Илова бар ин, шиори “Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” ба ҳамагон имкон медиҳад, ки оқилона истифода бурдани пул, фикр кардани ояндаи худ, барои худ ва оила пул кор карданро омӯзанд.

Дар доираи баргузории маъракаи Global Money Week-2020 давоми як моҳ ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён семинару тренинг ва экскурсияҳо ташкил менамоянд. Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур боздид аз осорхонаи БМТ ва иншоотҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Давоми як моҳ Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ва радиои «Азия-Плюс» барномаи «Даромади дастрас»-ро роҳандозӣ мекунанд, ки он дар як рӯз 3 маротиба, соатҳои 8:35, 13:35 ва 18:35 пахш мешавад.

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати МегаФон Тоҷикистон, Фонди Хазинавии Ҳамкории Байналмилалии Олмон, Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва ширкати Сиёма мактаббачагону донишҷӯёни ҳавасмандро барои иштирок дар озмунҳои зерин даъват мекунад:

1. Озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ;
2. Озмуни видеои беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ;
3. Озмуни беҳтарин флеш-моб (челленҷ) дар мавзӯи саводнокии молиявӣ.

Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Маълумоти бештарро аз суроғаи зерин метавонед дастрас намоед: http://nbt.tj/tj/Protection/konkursy.php
Ба рақами +992000002020 дар Viber, Telegram, Whatsapp нависед;
Ба рақами +992000002020 занг занед.
Маводҳо барои озмун бояд тариқи Viber, Telegram, Whatsapp бо рақами +992000002020 ё ба почтаи электронии gmw2020tj@gmail.com ирсол карда шаванд.

Оид ба ҳамаи чорабиниҳое, ки дар доираи Global Money Week-2020 дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, аз саҳифаҳои иҷтимоии мазкур маълумоти бештар метавонед дастрас намоед:

www.fb.com/fingramtj,
www.ok.ru/fingramtj,
www.instagram.com/fingramtj

Шуъбаи матбуот


Диданд: 3546

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ