Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

31.10.2019

30 октябри соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, дар ҳайати Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян-Петер Олтерс, мутахассисони калон оид ба рушди рақамӣ Олег Петров, Михаил Бунчун, Влад Маноил, мутахассиси пешбар оид ба рушди рақамӣ Джейн Тредвелл, роҳбари барнома Пол Валелӣ, корманди намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Абдулалиева ва дигар ҳамроҳони онҳо мулоқоти корӣ доир намуд.

NBTL0837.JPG

Дар оғози мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, татбиқи лоиҳаи “Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро барои рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кӯмак хоҳад кард.

- Татбиқи ҳадафмандона ва босамари Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад. Аз ин сабаб, он бояд бо назардошти хусусиятҳои хоси иқтисодиёти минтақа роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни ташкили Маркази татбиқи лоиҳаи “Digital CASA” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мусбати Бонки Ҷаҳонӣ дар амалисозии ҳамин гуна лоиҳаҳо дар мамлакатҳои дигар ба инобат гирифта шавад. Зеро ташкили Маркази пуриқтидори татбиқи лоиҳа имконияти назорати амалиётҳои рақамиро дар сатҳи зарурӣ фароҳам месозад,-таъкид дошт Ҷамолиддин Нуралиев.

NBTL0857.JPG

Давр навбати худ, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳамкории сатҳи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсиф намуда, иброз намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар самти амалигардонии лоиҳаи мазкур қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ҷаноби Ян-Петер Олтерс зикр намуд, ки Тоҷикистон барои мукаммал гаштани муҳтавои лоиҳаи мазкур ва механизми амалигардонии он корҳои зиёдро анҷом дода, дар ин самт миёни кишварҳои минтақа пешсаф аст.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа зиёд кардани дастрасӣ ба шабакаи Интернети босуръат дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст мебошад. Инчунин, татбиқи лоиҳаи мазкур амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилу тавсеаи тиҷорат ва татбиқи ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд.

Баъдан, ҷонибҳо масъалаҳои дигари вобаста ба татбиқи лоиҳаи “Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бурду бохти он ва роҳҳои бартараф намудани монеаҳои ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

NBTL0848.JPG

Боиси тазаккур аст, ки татбиқи лоиҳаи номбурда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки хати шабакаи интернети босуръатро якбора аз чанд тараф (аз шарқ – Чин; аз ғарб Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра) ба ҷумҳурӣ ворид намояд, ки он боиси таъминоти устувори Интернет мешавад.

Қобили қайд аст, ки рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи “Digital CASA” ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё: Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иқтисодиёти рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, фароҳам овардани имконият барои истифода аз хизматрасониҳои рақамии босифат, аз ҳадафҳои муҳими лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2221

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ