Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

БМТ: майдончаи варзишӣ-тадбири созанда баҳри ободӣ

04.06.2018

Дар рӯзҳои таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”, рӯзи 2 июни соли 2018 дар шаҳраки 33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар буриши кӯчаҳои Ҷаббор Расулов ва Низоми Ганҷавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон майдончаи варзишию фароғатӣ ба истифода дода шуд.

DSC_8600-1.JPG

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷумазода Фаррух, Раиси ноҳияи Синои пойтахт Салимзода Нусратулло, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола ва истиқоматкунандагони шаҳрак иштирок ва суханронӣ намуданд.

DSC_8556-2.JPG

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷумазода Фаррух ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, зимни баромади худ аз ҷумла чунин гуфт: “Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохтмони як қатор майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда,  роҳандозии ин тадбир дар оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, махсусан наврасону ҷавонон саҳми беандоза дорад. Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 - юми феврали соли 2017, №9-ф тасдиқ шудааст, сохтмони майдончаи варзишии мазкур моҳи феврали соли 2018  оғоз гардида, дар муҳлати муқарраргардида омода ва бо сифати баланд ба истифода дода шуд”.

DSC_8614-3.JPG

Раиси ноҳияи Синои пойтахт Салимзода Нусратулло зимни суханронӣ ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶДММ “Бунёд-сифат” барои сохтмони майдончаи варзишӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз сокинони шаҳрак даъват ба амал овард, ки дар ободу зебо гардидани маҳал ва шаҳрак саҳмгузор бошанд.

DSC_8624-4.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола Ҷумаевна дар навбати худ иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон иқдомҳои созандаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор, аз ҷумла пойтахти кишварамон саҳми арзандаи худро мегузорад ва сохтмони майдончаи варзишӣ давоми чунин тадбриҳост”.

DSC_8616-5.JPG

Дар фароварди ҷамъомад раиси шаҳраки 33-и ноҳияи Синои пойтахт Пирова Арӯсмо ба Роҳбарияти шаҳр, ноҳияи Сино, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон миннатдории худ ва сокинонро изҳор намуда, аз волидайн даъват ба амал овард, то фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ тарбия намуда, ба қадри ин гуна  ободкориҳо бирасанд.

563A1697.JPG

Маврид ба зикр аст, ки майдончаи варзишию фароғатӣ дар масоҳати 0,22 га бо арзиши беш аз 840 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Иншооти варзишӣ аз майдончаи стандартии варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, бозиҳои кӯдакона, айвончаҳо бо насби курсиҳои нишаст барои фароғати сокинон иборат буда, бо истифода аз таҷҳизоти муосири шаҳрсозӣ ва шаклу усулҳои нави сохтмонӣ бунёд гардидааст.

563A1629.JPG

Дар  ҳавлича ва гирду атрофи он беш аз 7,5 ҳазор бех гулҳои ороишиву дарахтҳои ҳамешасабз, 700 метри мураббаъ сабзазор шинонида шуда, барои нигоҳубин ва ҳамеша сабзу мунаввар нигоҳ доштани ҳудуди майдонча хатти об бо обмонакҳои махсус  гузаронида шудааст. 

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2547

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ