Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ташрифи сармоягузорони институтсионалӣ: Бонки амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои бонуфузи сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske ба Бонки миллии Тоҷикистон

09.04.2018

9 апрели соли 2018 Сармоягузорони институтсионалӣ дар Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske бо мақсади шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми бонкии кишвар ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар баробари шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, ҳайати бонуфузи сармоягузорон ба ҶСК “НБО Роғун” ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ сафар карданд.

563A0910-1.jpg

Ҳайати бонуфузи сармоягузоронро Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳузур пазируфт. Дар оғози вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати расмиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба ҳозирин аз вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат, самтҳои асосии барои сармоягузорӣ ҷолиб, мавҷудияти захира ва имкониятҳои зиёд дар соҳаи гидроэнергетика, сайёҳӣ ва кишоварзӣ маълумоти муфассал манзур намуд. Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронӣ аз мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ба низоми бонкӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, таъмини дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна бо мақсади рушди истеҳсолот ва таъмини ҷойҳои нави корӣ изҳори назар кард.

563A1234.JPG

Дар идома аз ҷониби директори Департаменти назорати бонкӣ Нурмуҳаммад Шарипов ва сардори шуъбаи таҳлили хавфҳои Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Файзалии Сафаралӣ дар мавзӯи “Шарҳи умумии низоми бонкии кишвар ва дурнамои он” муаррифинома муфассал ба ҳозирин манзур гардид. Зимни муаррифӣ оид ба Дурнамои макроиқтисодии кишвар ва нақшаҳои минбаъда дар самти кушодани бозор маълумот дода шуд. Шарҳи мукаммалро оид ба татбиқи босамари сиёсати монетарӣ бо истифода аз воситаҳои муосир, гузариш ба низоми ҳадафгирии таваррум, татбиқи ислоҳот ва имкониятҳои саҳмгузорӣ ба бонкҳо Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев пешниҳод намуд.

563A0993.JPG

Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” дар якҷоягӣ бо намояндагони фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske аз пазироии хуб ва мулоқоти муфид изҳори миннатдорӣ карда, дар муҳокимаи пурмуҳтаво ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти саҳмгузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Дар ҷамъбасти мулоқоти корӣ Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев махсусан қайд намуд, ки дар ҳайати мазкур харидорони фаъоли вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Евробондҳо) қарор доранд ва онҳо таҳти идораи худ фондҳои бузургтарини сармоягузории ҷаҳониро дар ихтиёр доранд ва мулоқоти мазкур барои кишварамон дар самти ҷалби иловагии сармояи хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

563A0626.JPG

Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч”, ки онҳоро сармоягузорон ва фондҳои бонуфузи сармоягузории ҷаҳонӣ, аз қабили Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske ҳамроҳӣ мекарданд, баъди анҷоми мулоқот ба шаҳри Роғун барои аз наздик шинос шудан бо корҳои сохтмонӣ ба иншооти ҶСК “НБО Роғун”раҳсипор гаштанд.

Бояд қайд кард, ки Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузронидани як қатор мулоқотҳоро бо намояндагони Вазорати молия, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои иншооти энергетикӣ, ҶСК “НБО Роғун”, намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ, ХБА ва Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дар нақша доранд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 3036

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ