МУРОДАЛИЗОДА ДАЛЕР УСМОН
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Муродализода Далер Усмон 18 феврали соли 1989 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи Белевюи иёлати Небраскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ихтисоси менеҷмент (с. 2012) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос (с. 2018) мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2012 аз коромӯзи Гурӯҳи захиравии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" дар шаҳри Душанбе шуруъ карда, солҳои 2013 – 2014 менеҷер оид ба алоқаи сектори кор бо муштариёни Шуъбаи бонкдории корпоративии дирексияи амалиётии №1-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" дар шаҳри Душанбе буд.
Аз соли 2015 то соли 2021 ба ҳайси мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми бонкии Бонки миллии Тоҷикистон, сардори шуъбаи саводнокии молиявии Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, муовини сардори идора – сардори шуъбаи танзим ва методологияи идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Муродализода Далер Усмон солҳои 2022 – 2025 дар вазифаи сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2025, №1027 Муродализода Далер Усмон муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.
Номбурда соли 2024 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.
Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, забонҳои англисӣ ва русиро медонад.
Оиладор.