Озмун

Вазифаҳои холӣ

14.05.2024 Эълони Озмун

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд

  I
Мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • маҳорати кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё молиявӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

08.05.2024 Эълони Озмун

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 
 Шуъбаи назорати бонкӣ:

 Мутахассиси дараҷаи I (шартномавӣ) (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • доштани қобиляти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
  • доштани қобилияти гузаронидани санҷишҳои мавзӯӣ ва ҳамаҷонибаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
  • дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point) ва дигар барномаҳо;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

22.04.2024 Эълони Озмун

ДЕПАРТАМЕНТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ

I

Аудитори дараҷаи I шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти

фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:     

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ дар самти аудити дохилӣ, идоракунии хавфҳо, комплаенс, низоми назорати дохилӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ, ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

15.03.2024 Эълони Озмун

ИДОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОНИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ

I
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи танзим
ва методология (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (иқтисодӣ);
  • доштани таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
  • малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
  • донистани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои ситеъмолкунандагони хизматрасониҳои моилявӣ, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дорад.

 

13.03.2024 Эълони Озмун


Департаменти технологияҳои иттилоотӣ 

  I

Мутахассиси пешбари шуъбаи коркард ва
пешбурди барномаҳо (1 ҷой)


  Талабот ба номзад:

  • Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз забонҳои барномасозии JavaScript, Java, Python, C#, PHP, Golang ё дигар;
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз фреймворкҳои Angular, VueJS, React, Django, Laravel, ASP.NET Core ё дигар;
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз пойгоҳҳои маълумотҳои MS SQL, Postgresql, MySQL ва ё дигар;
  • Доштани маълумоти кофӣ оид ба техникаи ҳисоббарор ва чопӣ, таҷҳизоти серверӣ ва коммуникатсионӣ;
  • Пайваста омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани технологияҳои навтарин дар соҳаи барномасозӣ;
  • Донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – дар сатҳи хондани ҳуҷҷатҳои техникӣ;
  • Доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ.



Новости 1 - 5 аз 74
Аввал | Пешӣ | 1 2 3 4 5 | Баъдӣ | Охир