18.01.2022
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бозраси пешбари шуъбаи назорати бонкӣ – (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ;
- доштани қобилияти хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
- доштани малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
- доштани малакаи кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point);
- донистани забони давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
- доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 2 сол;
- дар ҳайати коллектив кор карда тавонистан;
- доштани имконият барои сафарҳои хизматӣ ба шаҳру навоҳии дохили кишвар;
- донистани тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ;
- муайян карда тавонистани хавфҳои соҳавӣ ва равандҳои осебпазир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-
ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
-
маълумотнома (справка-объективка);
-
варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
-
тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
-
нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
-
нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
-
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
-
маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
-
нусхаи билети ҳарбӣ;
-
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
- ш.Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 168, Шуъбаи кормандон ва умури ҳуқуқӣ
- Барои маълумот – тел: +99299 (44) 630-06-39
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 31.01. 2022