5 марти соли 2024 мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел, директори иҷроияи Департаменти хазинадории БАТР ҷаноби Аксел Ван Недервин, роҳбари департаменти амалиётии БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, директор оид ба идорасозии портфели пули миллӣ хонум Ауде Пакатте, трейдери асосӣ ҷаноби Азамат Мауилшарип ва масъули бахши молиявии намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Баҳодур Юсупов баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои марҳилаи аввали лоиҳаи “Ташхиси сохтори бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус пешниҳоди кумакҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Дар идома қайд карда шуд, ки муайян намудани заминаҳо ва омилҳои рушди бозори байнибонкии пул, инчунин бозори коғазҳои қиматнок дар пешбурди сиёсати пулию қарзии кишвар ва таъмини устувории бахши молиявӣ нақши муҳим мебозад. Маҳз бо пайгирии нуктаҳои болозикр байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд созишномаи ҳамкорӣ дар бораи омӯзиш ва ташхиси сохтори бозори пул ба имзо расидааст. Тибқи барномаи пешбинишуда барои идома додани лоиҳаи ташхиси бозори пул дар солҳои наздик бо ташкили гурӯҳи корӣ қадамҳои минбаъда ба нақша гирифта шудаанд, ки бевосита ба баҳодиҳӣ ва муайянсозии монеаҳо, инчунин бозори байнибонкии пул таъсири мусбат мерасонанд.
Бозори пул яке аз бахшҳои калидии низоми молиявӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати таъмин намудани инфрасохтори муосири пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлат ва ҷойгиркунии маблағҳо байни ташкилотҳои қарзӣ ба рушду устувории иқтисоди кишвар, инчунин тақсимоти самараноки захираҳои бонкӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтосидиёт мусоидат менамояд. Ҳамчунин, рушди бозори пул барои беҳбудию самарабахшии натиҷаҳои фаъолият ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми молиявии кишвар заминаҳои хуб фароҳам оварда, ба раванди гузариш ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум суръати нав мебахшад, - гуфт Фирдавс Толибзода.
Низоми молиявии кишварҳои пешрафта, ки дорои бозори пулии рушдёфта мебошанд, ба як қатор натиҷаҳо, аз ҷумла рушди бозори қарзии байнибонкӣ ва афзоиши амалиётҳои байнибонкӣ, танзим ва идораи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, дастрасии саривақтии ташкилотҳои қарзӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат ҳангоми норасоии маблағ, воридшавии сармояи бештар ба низоми бонкӣ, бахусус аз сармоягузорони хориҷӣ, самаранокии воситаю механизмҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, ба мисли амалиётҳои РЕПО ва рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, даст ёфтаанд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо корҳои анҷомдодаро дар марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода, муҳиммияти онро барои тақвияти минбаъдаи бозори пул (Money Market) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд.
Дар фарҷоми вохӯрии судманд ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории самарабахш изҳор намуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ