- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи август0,6%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (август) млрд. сомонӣ34,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (август)8,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)12,86 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)23,22 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)15,84 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)20,71%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)23,04%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 25.09.2023 1 USD 10.9608 1 EUR 11.6656 1 RUB 0.1140
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ахбор
Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 29-30 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА мӯътадил паст фаромада, дар ҳудуди 4,3890 - 4,4268 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор гирифт. Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро низ чунин тамоилро доштанд ва 1 евро ба 6,3896 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4586 сомонӣ баробар шуданд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар рӯзҳои истироҳат тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,41-4,43 сомониро ташкил дод.
Қурби миёнаи долл. нақдии ИМА 23-25 сентябр мунтазам паст фаромад. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд ба 4,4150-4,4250 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 10 рубли русӣ 1,4500-1,4600 сомонӣ ва 1 евро 6,4600-6,5000 сомониро ташкил доданд. Дар маҷмӯъ, айни замон ба сомонӣ талаботи бештар ба мушоҳида мерасад.
Дар рӯзи кории 18 сентябр ва рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор мунтазам паст фаромад Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд ба ҳисоби миёна 1 доллари ИМА ба 4,4280-4,4420 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 10 рубли русӣ 1,4320-1,4420 сомонӣ ва 1 евро 6,4300-6,4800 сомониро ташкил доданд.
Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар давоми рӯзҳои кории 15-16 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА мӯътадил боқӣ монда, арзиши 1 долл. ИМА 4,3945 - 4,4298 сомониро ташкил дод. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд шуда, 1 евро ба 6,3896 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,4389 сомонӣ баробар шуданд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар давоми рӯзҳои кории 10 -11 сентябр ва рӯзҳои истироҳат каме пасттар шуд. Ин тамоюл рӯзҳои охир ва инчунин субҳи имрӯз, 14 сентябр низ дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ идома ёфт ва қурби 1 долл. ИМА дар ҳудуди 4,4320-4,4540 сомониро ташкил дод. Қурби асъорҳои хориҷии дигар нисбати сомонӣ бошад, каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,41 сомонӣ ва 1 евро ба 6,32 сомонӣ баробар шуданд.
Дар рӯзҳои 8-9 сентябр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,45 - 4,46 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд.
Дар рӯзҳои истироҳат чун чанд рӯзи гузашта қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тағйир наёфта, ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар буд.
3 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва рубли русӣ дар бахшҳои асосии бозори асъор тағйир наёфта, дар қисмати байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор ба 4,39-4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,37-1,40 сомонӣ барои 10 рубли русӣ баробар шуд. Қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад, каме афзуда 6,29 сомониро барои 1 евро ташкил дод.
Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе 2 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА нисбат ба рӯзи гузашта устувор боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна 4,4380 - 4,4530 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,3750-1,3890 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2820-6,3170 сомонӣ барои баробар шудаанд.
Дар давоми рӯзи 1 сентябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти долл. ИМА ва рубли русӣ каме тағйир ёфта, мувофиқан 4,4350-4,4550 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,3850-1,3950 сомонӣ барои 10 рубли русӣ муқаррар шуданд, қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад, каме афзуда, ба ҳисоби миёна 1 евро ба 6,2920-6,3130 сомонӣ баробар шуд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ нисбатан мӯътадил буда, ба ҳисоби миёна 4,43-4,45 сомониро ташкил дод.
Имрӯз, 28 августи соли ҷорӣ, ҳаҷми қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳои дар бозори байнибонкӣ муқарраршуда, аз фаъолтар шудани амалиётҳо бо евро ва рубли русӣ шаҳодат медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме тағйир ёфта, 4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА 6,29 сомонӣ барои 1 евро ва 1,40 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА 27 августи соли ҷорӣ чун рӯзҳои пештара бетағйир монд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 1 долл. ИМА ба 4,4340 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои асъорҳои дигар низ мӯътадил буданд, яъне 10 рубли русӣ 1,3930 сомонӣ ва 1 евро 6,2950 сомониро ташкил доданд.
26 августи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва евро дар бештари бахшҳои бозори асъор каме паст шуда, дар қисмати байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор 1 долл. ИМА ба 4,39-4,43 сомонӣ ва 1 евро ба 6,25-6,29 сомонӣ баробар шуданд. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ бошад, каме афзуд ва 10 рубли русӣ 1,40 сомониро ташкил дод.
25 августи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, то андозаи 4,39 – 4,43 сомонӣ паст фаромад. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,40 сомонӣ барои ва 1 евро ба 6,30 сомонӣ баробар шуд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,43-4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар буд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баландтар шуда, мувофиқан 1,38-1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,26-6,31 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд. Айни замон баробарии талабот ва пешниҳоди пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дида мешавад.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор мунтазам паст фаромада, аз ҷумла дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе дар давоми рӯз 21 август, он устувор боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,4314-4,4523 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан ба 1,38-1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,26-6,31 сомонӣ барои 1 евро баробар шудаанд. Айни замон зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дида мешавад.
20 август қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна ба 4,43 – 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, ба 1,37 – 1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,16 -6,25 сомонӣ барои 1 евро баробар шуд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз 19 август, бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4312 - 4,4523 сомониро ташкил дод, дар бозор камтар шудани талабот ба асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ мӯътадил буда, мувофиқан 1,36-1,38 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,25-6,29 сомониро барои 1 евро ташкил намуданд.
Имрӯз, 18 августи соли ҷорӣ, ҳаҷми қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳои дар бозори байнибонкӣ муқарраршуда, тамоюли пастшавӣ дошта, фаъолтар шудани амалиётҳо бо долл. ИМА ва евроро нишон медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиёт, қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме паст шуда, 4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА 6,26 сомонӣ барои 1 евро ва 1,38 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд.
Дар рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бетағйир монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4325-4,4534 сомонӣ боқӣ монд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе 14 август устувор боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан ба 1,38-1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,25-6,31 сомонӣ барои 1 евро баробар шудаанд. Айни замон баробарии талабот ва пешниҳоди пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дида мешавад.
Дар давоми рӯз, 13 август қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе 4,4346-4,4565 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ташкил намуд.
Дар шаҳри Душанбе 12 августи соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме боло рафта, дар ҳудуди 4,4340-4,4550 сомонӣ барои долл. ИМА ва 6,2450-6,3150 сомонӣ барои евро ҷамъбаст шуд.
11 август қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, чун рӯзҳои пештара бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 4,4436 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Дар навбати худ, қурби дигар асъорҳо низ нисбатан мӯътадил буданд ва қурби миёнаи хариду фурӯши 10 рубли русӣ ба 1,4015 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2536 сомонӣ баробар шуданд.
Ахбор 4785 - 4810 аз 4996
Аввал | Пешӣ | 183 184 185 186 187 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ