Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Муовини Роҳбари Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Гинкел

15.11.2019

14 ноябри соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Муовини Роҳбари Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Гинкелро, ки ба тозагӣ интихоб шудааст, ба ҳузур пазируфт.

NBTL1988.JPG

Ҷамолиддин Нуралиев зимни мулоқот ҷаноби Ҷон Гинкелро барои оғози фаъолият ба ҳайси муовини Роҳбари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон таҳният гуфта, барои фароҳам будани заминаи мусоид баҳри тавсеа бахшидани ҳамкориҳо изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории дуҷонибаи самарабахш дар самти низомӣ бонкӣ, аз ҷумла имконоти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ табодули афкор намуда изҳор доштанд, ки маҳз бо василаи рушди ҳамкориҳо метавон дар рушди низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ иқтисодиёт саҳмгузор буд. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар рафти мулоқот аз сатҳи хуби ҳамкориҳо бо Сафорати ИМА, аз ҷумла кӯмаки техникии ҳукумати ИМА ба Бонки миллии Тоҷикистон, ки лоиҳаи назаррас буда, татбиқи он дар се фаза давоми ду сол ҷиҳати таҷдиди низоми автоматишудаи бонкиро (НАБ) фарогир хоҳад шуд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳукумати ИМА барои ҷалби ин кӯмаки техникӣ, ки тавассути Корпуси волонтёрони хизматрасониҳои молиявӣ татбиқ мегардад, изҳори миннатдорӣ намуда зикр кард, ки дар доираи дастгирии Сафорати ИМА айни ҳол фазаи якуми кӯмаки техникӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори танзимгарон ва бахши хусусӣ дар муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм татбиқ гардида истодааст. Дар баробари ин, корҳо дар доираи фазаи дуюми лоиҳа идома дошта, дар рафти татбиқи он чорабиниҳо ҷиҳати мусоидат ба тақвияти сиёсати монетарӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ, устувории суботи молиявӣ ва ғайра амалӣ хоҳанд гашт. Кӯмаки техникии мазкур ба ислоҳоти Бонки миллии Тоҷикистон дар самти устувор намудани бахши молиявӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, - зикр намуд Ҷамолиддин Нуралиев.

NBTL2108.JPG

Аз тарафи худ Муовини Роҳбари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Гинкел таъкид намуд, ки Ҳукумати Амрико дар ҳама ҳолат омодаи ҳамкорӣ буда, баҳри вусъат додани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, таҳкими низоми муосири автоматикунонӣ дар низоми бонкӣ ва бахшҳои дигар низ талош хоҳад кард, зеро фазои мусоид ва беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар низоми бонкӣ, на танҳо ба нафъи як кишвар, балки ба вазъи иқтисодии ҳарду давлат таъсири мусбат хоҳад расонд.

Дар мулоқот инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат дошта, оид ба таҳкими фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, аз ҷумла гузариш аз реҷаи миқдорӣ ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ, идоракунии пардохтпазирӣ, мутаммарказ гардонидани сохтори амалиётҳои монетарӣ, вусъат додани иқтидори дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, самтҳои муҳими таъмини фарогирии молиявӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, усулҳои истифодабарии самараноки захираҳои молиявӣ ва ислоҳотҳои назаррас дар ин самт маълумот манзур намуданд. Зикр гардид, ки раванди фарогирии молиявӣ ба аҳолӣ дар навбати худ ба рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасию истифодаи хизматрасониҳои баландсифати бонкӣ, зиёд гардидани миқдори суратҳисобҳо дар низом, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, афзоиши интиқоли маблағҳои пулӣ, ҷалби пасандоз ва қарздиҳӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

NBTL2022.JPG

Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо аз доираи ҳамкориҳои судманд дар самти низоми бонкии ду кишвар изҳори хушнудӣ намуда, барои тақвият бахшидани он дар низоми бонкии кишвар, аз ҷумла кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои ИМА, сиёсати пулию қарзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи бонкӣ, таҷдиди низоми автоматишудаи бонкӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ ва татбиқи ислоҳот бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ омодагии хешро баён доштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 3067

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ