- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 28.03.2024 1 USD 10.9546 1 EUR 11.8540 1 RUB 0.1187
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Посух ба маводи “Азия-Плюс” ва радиои “Озодӣ”
Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба маводи хабаргузории "Азия Плюс", муаллиф Пайрав Чоршанбиев таҳти унвони "В Таджикистане не хватает сомони. Это целенаправленная политика НБТ?” (https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20190930/v-tadzhikistane-ne-hvataet-somoni-eto-tselenapravlennaya-politika-nbt) ва маводи радиои "Озодӣ" аз 21 сентбяри 2019 таҳти унвони "На рубл медиҳанд, на сомонӣ". Норизоии сокинони Кӯлоб аз кори бонкҳо.(https://www.ozodi.org/a/the-problem-of-cash-money-in-banks-tajikistan/30175153.html) чунин иттилоъ медиҳад:
Ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани пули нақд тибқи муқаррарот дархостҳои худро ба Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон як рӯз қабл аз гирифтани пули нақд пешниҳод менамоянд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо қабули дархост санҷиши ҳолати бақияи хазинаҳои муомилотии ташкилотҳои қарзӣ ва ба кадом мақсад истифода намудани пули нақди дархостшударо мегузаронанд. Ҳангоми дар хазинаҳои муомилотӣ ва банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд будани маблағҳои калони пули нақд дархости онҳо ба инобат гирифта намешавад.
Ҳолатҳое ҳастанд, ки ташкилотҳои қарзӣ дар суратҳисобҳояшон маблағи зарурӣ надоранд, ки ба суратҳисоби махсус барои гирифтани пули нақд гузаронанд ва бо пули нақд таъмин карда шаванд, ки ин мушкилоти ташкилотҳои қарзӣ мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро мунтазам бо пули нақд таъмин менамояд. Дар ҳашт моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ аз хазинаҳои Хазинаи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва хазинаҳои шуъбаҳои минтақавии он, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 7 миллиард (7 050) сомонӣ бо пули нақд таъмин карда шудаанд. Пули нақд ба ташкилотҳои қарзӣ пеш аз ҳама бо мақсади пардохти музди меҳнат, нафақа, пасандозҳо, лоиҳаҳои қарздиҳӣ, алалхусус қарздиҳӣ ба соҳаи пахтакорӣ равона карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дорои захираҳои кофии пули нақд (пулҳои коғазӣ ва тангаҳои филизӣ) мебошад ва дар самти саривақт бо пули нақд таъмин намудани соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ягон мамоният вуҷуд надорад.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 6084
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ