Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Коршиноси байналмилалӣ назорати суғуртаи муосирро бо ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ баррасӣ намуд

13.11.2018

9 ноябри соли 2018 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи кӯмакҳои техникии Бонки Осиёии Рушд аз тарафи коршинос-машваратчии байналмилалӣ Рудолфо Верҳан Франсиско ва ҳуқуқшиноси маҳаллӣ Шуҳрат Шораҳмонов барои намояндагони ташкилотҳои суғуртавии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Назорати суғуртаи муосир” семинар-тренинг гузаронида шуд.

563A7960.JPG

Чорабинии мазкурро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро мухтасар бо вазъи феълии бозори суғурта ва дастоварду камбудиҳои соҳа шинос намуд. Аз ҷумла, Машрабзода Ҳ. таъкид бар он дошт, ки гузаронидани машғулияти мазкур барои иштирокчиёни касбии бозори суғуртаи ҷумҳурӣ саривақтӣ ва муҳим мебошад.

563A7997.JPG

Сипас коршинос-машваратчии байналмилалӣ Рудолфо Верҳан Франсиско аз натиҷаи вохӯрӣ ва таҳлилҳои доиркардааш бо ташкилотҳои суғуртавӣ ва омӯзиши бозори суғуртаи ҷумҳурӣ ақидаҳои хешро иброз намуд. Номбурда зикр намуд, ки сармояи оинномавии имрӯзаи ташилотҳои суғуртавӣ, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, таҳти №283 муқаррар шудааст, барои пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ ва ба зимма гирифтани уҳдадориҳои зиёд, инчунин пешрафти минбаъдаи соҳаи суғурта маблағи ночиз аст ва мақоми назорати суғуртавӣ бояд дар ин самт чораву тадбирҳои мушаххас андешад.

563A7995.JPG

Коршиноси байналмилалӣ Рудолфо Верҳан аз набудани Ассотсиатсия ё худ ҷамъияти ташкилотҳои суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” пешбинӣ гардидааст, ибрози назар намуда, аз намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ даъват ба амал овард, ки масъалаи мазкур бояд ҳарчӣ зудтар ҳалли худро ёбад. Зеро, манфиати ташкилотҳои суғуртавиро дар назди мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо, маҳз чунин ассотсиатсияҳо баррасӣ ва ҳимоя менамоянд.

563A7969.JPG

Дар ҷараёни тренинг иштирокдорон доир ба камбудиҳои соҳа мубодилаи афкор намуда, оид ба тарзи андозбандӣ, набудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар ин самт ва масъалаҳои дигари соҳа фикру пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

Коршинос-машваратчии байналмилалӣ Рудолфо Верҳан дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоту пешниҳодҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дастурҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2898

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ