Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи мухтасари таваррум дар моҳи марти соли 2018

09.04.2018

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоюли коҳишёбии худро ба монанди моҳи қаблӣ (феврали с.2018) идома дода, бо нишондиҳандаи манфии -1,0 фоиз ҷамъбаст гардид, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта ба андозаи 2,5 банди фоизӣ кам мебошад.

Ба таварруми ҳосилшуда асосан коҳишёбии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба андозаи -2,0 фоиз таъсир расонид. Инчунин, дар ин моҳ нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ 0,1 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 0,4 фоиз афзуданд.

Аз ҷумла, дар сохтори тағйирёбии таваррум дар моҳи ҳисоботӣ поёнравии нархи бархе аз маҳсулотҳои серистеъмоли аҳолӣ, аз қабили орд, тухм, шакар, равғани пахта, шир, картошка, пиёз, сабзӣ, карам ва ғайра мушоҳида гардид. Инчунин, нархи маводи сӯзишворӣ, ба монанди гази моеъ раванди коҳишёбӣ дошт, ки ин пеш аз ҳама бо воридшавии зиёди ин маҳсулот арзёбӣ гардида, ба муътадил шудани нархи он оварда расонид.

Аз аввали сол сатҳи таваррум -0,8 фоизро ташкил дод. Сатҳи таварруми солона бошад (дар 12 моҳи охир), дар моҳи марти соли ҷорӣ ба 2,5 фоиз баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи 2,7 банди фоизӣ кам мебошад.

Пешбинӣ мегардад, ки сатҳи таваррум дар соли 2018 раванди муътадилро идома дода, дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% ± 2 б.ф.) нигоҳ дошта мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома медиҳад.

Шарҳи бештари маълумот оид ба омилҳои таъсиррасон ба сатҳи таваррум дар маводи “Шарҳи таварруми моҳона барои моҳи марти соли 2018” интишор мегардад.


Диданд: 2239

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ