Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи 10-уми Шӯрои Роҳбарони мақомоти иктишофи молиявии давлатҳои-аъзои ИДМ

29.11.2017

Аз 20 то 22 ноябри соли 2017 дар ш. Маскав (Федератсияи Русия) ҷаласаи 10-уми Шӯрои Роҳбарони мақомоти иктишофи молиявии давлатҳои-аъзои ИДМ (ШРМКМ ИДМ), ҷаласаҳои Гурӯҳҳои кории ин ташкилот ва ҷаласаи гурӯҳи коршиносон баргузор гардид. Дар доираи ҷаласаҳои ШРМКМ як қатор масъалаҳо марбут ба фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳо/таҳдидҳо ва гурӯҳи корӣ оид ба муқовимат ба маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қобили қайд аст, ки дар доираи ҷаласаи зикргардида, аз ҷониби гурӯҳи коршиносон бандҳои рӯзномаи ҷаласа ва натиҷаҳои фаъолияти Гурӯҳҳои корӣ муҳокима гардиданд.

Дар ҷаласаи 10-уми ШРМКМ намояндагони як қатор мақомоти иктишофи молиявии давлатҳои-иштирокчиёни ИДМ, аз ҷумла, намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.

Jalasa-3.png

Дар доираи ҷаласаи 10-уми ШРМКМ масъалаи тарҳрезӣ намудани тавсияҳо барои идораи низомҳои дорои ҳомили иттилоотии молиявӣ, бо мақсади пешгирӣ намудани истифодаи он барои ҚД/МТ мавриди муҳокима қарор гирифт. Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаи тарҳрезӣ намудани тавсияҳо аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявӣ дар рафти омодагӣ ба ҷаласаи 9-уми ШРМКМ пешниҳод гардида, кор дар ин самт тибқи қарори ҷаласаи 10-уми ШРМКМ идома хоҳад ёфт.

Яке аз лаҳзаҳои хотирмони ҷаласаи 10-уми ШРМКМ давраи мукофотонидани шахсоне, ки ба рушди ШРМКМ ва ҳаллу фасли масъалаҳои ба зиммаи Шӯро вогузоргардида саҳм гузоштанд, ба шумор меравад. Қобили қайд аст, ки ҷиҳати сарфароз гардонидани шахсони зикргардида аз ҷониби Котиботи ШРМКМ мукофотҳои махсус, аз ҷумла, медал ба муносибати 5-умин солгарди таъсисёбии ШРМКМ, раҳматнома ва ифтихорномаҳои фахрӣ омода гардиданд.

Jalasa-4.png

Дар рӯйхати шахсони мукофотонидашаванда намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода М.М., Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С.С. шомил шуда, бинобар гузоштани саҳми арзанда дар таъсисёбӣ ва рушди ШРМКМ, бо медалҳои хотиравӣ ба муносибати 5-умин солгарди таъсисёбии ШРМКМ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ба И.в. директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзуллозода Ф. медал барои “хизматҳои шоиста” дар рафти кори ШРМКМ тақдим гардид.

Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 2307

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ