Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Табодули таҷриба миёни кормандони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Авросиё

31.10.2017

17-19 октябри соли 2017 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон (шаҳри Гулистон) дар доираи Барномаи таълим ва такмили ихтисоси кормандони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё ва Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ташкили инфрасохтори бозори маблағгузории хурд ва кооператсияи қарзҳо” семинари байналхалқӣ гузаронида шуд.

sugd_1.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ кори семинарро оғоз бахшида, изҳор дошт, ки дар вазъи феълии хоҷагидорӣ ташкили инфрасохтори бозори маблағгузории хурд ва кооператсияи қарзҳо мавзӯи ҷолиб буда, ҳам барои низоми бонкии ҷаҳонӣ ва ҳам барои низоми бонкии давлатҳои алоҳида муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, зикр гардид, ки чорабинии мазкур иқдоми муҳимми амалия дар сафарбар намудани имкониятҳои зеҳнии бахши бонкӣ мебошад.

sugd_2.JPG

Иштирокдорони семинар дар рафти машғулият меъёрҳои молиявии ташкилотҳои маблағгузории хурд, бозори маблағгузории хурд, талаботҳои ба танзим даровардани ташкилотҳои маблағгузории хурд ва кооператсияи қарзҳо, рушди низоми кафолатдиҳӣ дар бозори копператсияи қарзҳоро муҳокимаронӣ намуданд.

Муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ инчунин таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба баррасӣ намудани масоили низоми идоракунии хавфҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, хусусан хавфи қарзӣ, хавфи амалиётӣ, хавфҳои асъорӣ ва истифодаи фишангҳои анъанавии молиявӣ барои суғуртаи хавфҳо, аз ҷумла форвард, фючерс, своп, опсион ва гузоштани масъулияти хавфи асъорӣ ба зиммаи муштарӣ аз таҷрибаи бонкҳои иштирокдор ҷалб намуд.

sugd-3.jpg

Қобили қайд аст, ки дар доираи Барномаи таълим ва такмили ихтисоси кормандони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё (Русия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон) ва Тоҷикистон, бо мақсади табодули афкору таҷриба дар масъалаҳои гуногуни низоми бонкӣ, барои мутахассисон пайваста семинару мизҳои мудаввар гузаронида шуда, баъдан таҷрибаҳои пешқадам дар фаъолияти кории бонкҳои марказӣ (миллӣ) мавриди истифода қарор дода мешаванд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2237

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ