Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҳамкориҳо бо Бонки Осиёгии рушд идома меёбанд

06.10.2017

5 октябри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Бонки Осиёгии рушд дар ҳайати муовини сархазинадори Департаменти хазинадории БОР ҷаноби Казуки Фукунага ва сармутахассиси Департаменти хазинадории БОР ҷаноби Раҷеш Поддар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, баргузор гардид.

ABR_1.jpg

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла имконоти иловагии интихоби минбаъдаи қарзҳои имтиёзнок, пешниҳоди роҳҳои беҳтар намудани идораи хавфи асъорӣ ва банақшагирии молиявии қарзҳои имтиёзнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар доираи мавзӯи мулоқот сармутахассиси Департаменти хазинадории Бонки Осиёгии рушд ҷаноби Раҷеш Поддар аз сиёсати нави маблағгузорӣ таҳти унвони “Интихоби иловагии асъор барои маблағгузории имтиёзнок” дар назди ҳозирин муаррифӣ манзур намуда, аз хизматрасонӣ ва имтиёзҳое наве, ки Бонки Осиёгии рушд барои кишварҳои аъзо пешниҳод менамояд, маълумоти мушаххас дод. Мувофиқи сиёсати нави маблағгузории БОР қарзгирандагон аз 1 январи соли 2017 ба ғайр аз СПЗ ҳамчун асъори уҳдадорӣ метавонанд аз воҳидҳои асъории зерин, аз ҷумла доллари ИМА, йени ҷопонӣ, юани хитоӣ, евро ва фунт стерлинги бритониро то лаҳзаи анҷоми музокироти расмӣ интихоб намоянд.

ABR_2.jpg

Дар навбати худ, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев имкони доир намудани амалиётҳои СВОП, гузаронидани тадқиқотҳо ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррумӣ, инчунин кӯмаки техникӣ изҳори таваҷҷуҳ намуд. Ҷ.Нуралиев бахусус диққати ҳайати Бонки Осиёгии рушдро ба маблағгузории низоми бонкии кишвар равона намуд, ки айни замон дастгирии бонкҳои ҷумҳурӣ зарур арзёбӣ мегардад.

Ҳайати намояндагони Бонки Осиёгии рушд изҳор доштанд, ки пешниҳодҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баррасишударо ба роҳбарияти Дафтари асосии (штаб-квартира) Бонки Осиёгии рушд мерасонанд.

ABR_3.jpg

Дар интиҳои нишаст ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии рушд тасмим гирифтанд, ки барои тақвият додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самтҳои барои тарафҳо манфиатовар чунин мулоқоту вохӯриҳоро идома хоҳанд дод.

Шуъбаи матбуоти
БМТ



Диданд: 3349

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ