Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мубориза бо коррупсия - яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ

15.09.2017

14 сентябри соли ҷорӣ, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ вохўрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардорони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ва идораҳои дахлдори ташкилотҳои молиявӣ баргузор гардид.

_MG_1586.JPG

Тавре дар ибтидои маҷлис муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ иброз дошт, ҳадаф аз баргузории вохӯриҳои мазкур пешгирӣ намудан аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионидошта мебошад.

Қайд карда шуд, ки ҷиноятҳои хислати коррупсионидошта дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир асосоҳои давлатдориро заиф намуда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани хатари коррупсия дар ҷомеа имрӯз ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Сипас, Расули Барот – сардори раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Раҳмонзода Фаромарз – нозири ҳамин сарраёсат вобаста ба омилҳои сар задани коррупсия, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин падидаи нангин ва масъалаҳои иҷрои талаботи қонуну санадҳои зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла мақсаду мароми “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  дар назди иштирокдорони ҷаласа суханронӣ намуданд.

_MG_1580.JPG

Зикр гардид, ки коррупсия – ҳамчун як падидаи нангини ҷомеа метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он пайдо намуда, барои ҷинояткорӣ заминаи асосиро гузорад. Бинобар ин, ҳар нафари ватандӯстро лозим аст, ки баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа муборизаи беамон барад ва ба пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми арзанда гузорад. Дар баробари ин, таъкид карда шуд, ки “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”   дар мубориза ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта заминаи мустаҳкам гузошта, дар самти муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳлили омори вазъи коррупсионӣ тамоми масъалаҳоро пешбинӣ намудааст. Дар стратегияи мазкур вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлативу худидоракунӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар пайи иҷрои нақша-чорабиниҳо дар самти мубориза бо коррупсия ҳамкориро бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба таври зарурӣ ба роҳ монанд.

_MG_1584.JPG

Дар идомаи мулоқот изҳор карда шуд, ки барои таъмини иҷрои босамари талаботи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва пешгирӣ намудан аз кирдорҳои коррупсионӣ иштирокдорони ҷаласа бояд дар ташкилоту идораҳои худ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои лозимиро мунтазам бояд ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани тафаккури зиддикоррупсионӣ дар миёни кормандони низоми бонкӣ тамоми тадбирҳо андешида шаванд.

Дар қисмати ҷамъбастии вохурӣ иштирокдорон ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

Шуъбаи матбуоти БМТ 


Диданд: 6285

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ