Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Қурби долл. ИМА дар бозор тамоили болоравӣ дошт

29.07.2015

Дар оғози ҳафтаи равон қурби миёнаи муқарраршудаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда бошад ҳам, қурби он дар бозор тамоили болоравӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 6,67-6,69 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуд.

Яке аз омилҳои асосии болоравии қурби долл. ИМА–и нақд якбора паст шудани қурби рубли русӣ нисбати долл. ИМА дар рӯзҳои охир мебошад. Рубли русӣ аз аввали моҳ 7,8 фоиз ва танҳо дар 8 рӯзи охир 6,0 фоиз беқурб шуд (аз 55,84 рубл то ба 60,22 рубл барои 1 долл. ИМА). Беқурбшавии рубли русӣ асосан аз ҳисоби паст рафтани нархи нафт (аз 57,01 долл. ИМА то 52,87 долл. ИМА барои 1 баррел) сурат гирифта истодааст. Мутаносибан рубли русии нақдӣ дар ин давра нисбати сомонӣ низ 5,0 фоиз беқурб шуд (аз 0,1160 сомонӣ то ба 0,1102 сомонӣ барои 1 рубли русӣ), (нигаред ба диаграммаҳо).

diag_tj_.jpg

diag_tj_1.jpg

Ин вазъият ба кам шудани фурӯши рубли русии нақд ва долл. ИМА-и нақд аз ҷониби шахсони воқеӣ сабаб гашта, амалан ба қатъ шудани хариди рубли русӣ бо долл. ИМА-и нақд ва фурӯши долл. ИМА-и нақд дар бозори дохилӣ оварда расонидааст.

Омили дигар, омили мавсимӣ буда, ҳамасола дар оғози моҳи август талабот ба хариди долл. ИМА-и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродие, ки ба ворид кардани молу маводи талаботи аввалиндараҷа машғул мебошанд, меафзояд. Бахусус, имсол ин давра пас аз тамом шудани моҳи шарифи Рамазон ва хариду фурӯши идона фаро расида, талаботи хариди долл. ИМА-и нақдро ба маротиб зиёд кардааст.

Вазъият зери назорат қарор дошта, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ барои дар ҳудуди 6,52-6,54 сомонӣ нигоҳ доштани қурби хариду фурӯши долл. ИМА-и нақд тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Қурби миёнаи амалиёти хариду фурӯш бо рубли русӣ ва еврои нақдӣ низ паст шуда, мувофиқан 0,1097-0,1108 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 7,1778-7,1978 сомонӣ ба як евро баробар аст.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 12331

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ