Баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо мақсади таъмини самаранокии низоми миллӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

26.08.2021

Баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо мақсади таъмини самаранокии низоми миллӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

Аз 17 то 20 августи соли 2021дар шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб (вилояти Хатлон) бо ташаббуси Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.

Дар курси омӯзишии мазкур кормандони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш Кӯлоб, ш. Бохтар, ш. Хоруғ ва зиёда аз 30 нафар мутахассисони ташкилотҳои қарзии молиявии дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолиятдошта, аз ҷумла БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК "Ориёнбонк"; ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”; ҶСК “Тавҳидбонк”; ҶСП “Бонки Эсхата”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон", ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”, ҶДММ ТАҚХ “ФАЗО С” ва ҶДММ ТҚХ “Фурӯз” иштирок намуданд.

Снимок.PNG-1.PNG

Чорабиниро Мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб Алиаҳмад Юсуфзода оғоз намуда, оид ба зарурати баргузории чунин чорабинии омӯзишӣ ва бо мақсади баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба иштирокчиёни курс маълумот манзур намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки курси омӯзишӣ тибқи Барномаи омӯзишии Маркази омӯзишӣ – методӣ бо иштироки кормандони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Снимок.PNG-2.PNG

Шунавандагони курс бо самтҳои мухталифи мавзӯҳои марбут ба МҚД/МТ/МПСҚО шинос шуданд , аз ҷумла:

  • Асосҳои ба вуҷуд омадани стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва татбиқи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО;
  • Пешниҳоди ҳисобот оид ба аҳд/амалиёти шубҳанок ва ҳатман назоратшаванда;
  • Ошкорнамоии ҳолатҳои маблағгузории терроризм ваҷиноятҳои предикатӣ.

Қайд кардан ба маврид аст, ки курсҳои омузишӣ барои шунавандагон на танҳо аҳамияти назариявӣ,балки аҳамияти амалӣ низ дорад, зеро мутахассисони зикршуда дар фаъолияти худ амалиётҳоеро анҷом медиҳанд, ки бевосита ба масъалаҳои марбут ба МҚД/МТ/МПСҚО дахл доранд.

Дар анҷом ба иштироккунандагони чорабинии омӯзишӣ сертификати хатми курси мазкур тақдим гардид.

Диданд: 1265

Бозгашт