Тағйир ёфтани рӯйхати миллӣ

25.06.2021

Тағйир ёфтани рӯйхати миллӣ

Ба рӯйхати миллии шахсони воқеӣ, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид карда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки мутобиқи ”Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд”, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, вазифадор аст, ки рӯйхати миллии шахсони бо терроризм алоқамандро дар сомонаи расмии худ ҷойгир намояд.

Рӯйхати миллии шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби мақоми ваколатдор дар самти мубориза бо терроризм – Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва пешниҳод карда мешавад.

 Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 1575

Бозгашт