Количество показов: 1929
Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Гулистони вилояти Суғд рӯзҳои 14-15 майи соли 2018 ҷаласаи машваратии байналмилалии (гурӯҳи техникӣ)-и Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (АФИ) баргузор гардид. Дар ҷаласаи зикргардида намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии кишвар, ҳамчунин мутахассисони як қатор бонкҳои марказии Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (АШОМ), аз ҷумла Бонки марказии Осияи Федералӣ, Бонки марказии Ҷумҳурии Арманистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Гурҷистон, Агентии батанзимдарорандаи молиявии Муғулистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Беларус ширкат варзиданд.
Ҷаласаи мазкурро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, баъдан аз ҷониби директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Моҳбону Накатова ва мутахассисони Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ рӯнамоӣ (презентатсия) манзури иштирокчиён гардонида шуд.
Мақсади асосии ҷаласаи машваратӣ аз баррасии масъалаи таъсиси Гурӯҳи кории минтақавӣ дар минтақаи АШОМ ба ҳисоб мерафт.Ташаккулёбии Гурӯҳи кории минтақавӣ барои беҳтар намудани шароити дастрасии молиявӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар минтақаи АШОМ мусоидат менамояд.
Дар рафти ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои муҳимро мавриди муҳокима қарор доданд, аз ҷумла механизми андозагирии иқтидори молиявӣ - барометр (Арманистон), тартиби шинос намудани қарзгиранда бо созишномаи қарзӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ, ворид намудани фанни молия ва иқтисод дар барномаи таълимии мактабҳои миёна (синфҳои 7-9 (Гурҷистон) ва нақши бонкҳо дар баланд бардоштани дастрасии молиявӣ ба занон (Тоҷикистон) ибрози назар карда шуд.
Дар охири ҷаласа, иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба қонунгузориҳо дар самти хизматрасониҳои пардохтӣ, низоми пардохтӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ маълумот ба ҳамагон пешниҳод намуданд.
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ