Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,7%
  • 5,3%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (октябр)
    15,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)14,16
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    9,31
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр
    28,48
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (сентябр
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (сентябр)
    17,18
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (сентябр)
    3,00
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 16.11.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1946.97 1993.47
10 3806.97 3897.88
20 7467.84 7646.18
50 18431.39 18871.57
100 36698.02 37574.44

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2

ШӮРОИ МИЛЛИИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН




Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири манфии хавфҳои эҳтимолӣ ва буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти миллӣ, бо кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2018 Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯро) таъсис дода шуд (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №331 аз 21.06.2018).

Шӯро мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратие мебошад, ки бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани онҳо таъсис дода шудааст.

Тибқи низомномаи Шӯро ба ҳайати он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раиси Шӯро, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муовини раиси Шӯро ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун котиби ҳамоҳангсоз дохил мебошанд. Дар баробари ин, Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аъзои доимӣ ва инчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчӣ ба ҳайси нозири мустақили Шӯро мебошанд.

Ҷаласаҳои Шӯро на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ гузаронида мешавад. Дар баробари ин, ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯро метавонанд аз ҷониби раиси Шӯро бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо пешниҳоди аксарияти аъзои Шӯро даъват карда шаванд.

Шӯро усули арзёбии самараноки шаклҳои мухталифи дастгирии давлатии молиявиро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд ва то қабул гардидани қарор дар бораи дастгирии давлатии молиявӣ таҳлили онро мегузаронад.

Вазифаҳои асосии Шӯро аз инҳо иборат мебошад:

-   гузаронидани арзёбии мунтазами суботи молиявӣ;

-   ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсатҳои макропруденсиалӣ ва микропруденсиалӣ барои бартараф намудани осебпазирии имконпазир;

-   муайянсозӣ ва баҳодиҳии сатҳи хавфҳои ҷойдошта ва таъсири эҳтимолии хавфҳои пешомад ба устувории низоми молиявӣ;

-   таҳияи пешниҳодҳо оид ба тадбирҳои ба барқарорсозии суботи молиявӣ равонагардида;

-   ҳамоҳангсозии мубодилаи иттилоот дар байни иштирокчиёни Шӯро;

-   машваратдиҳӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати мутобиқати сиёсати меъёрии танзимкунанда дар доираи таъмини суботи молиявӣ;

-   таҳия, баррасӣ ва амалисозии нақшаҳои фавқулодда ҷиҳати идоракунӣ ва бартарафсозии таъсири буҳронҳои иқтисодию молиявӣ;

-   баланд бардоштани дараҷаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ вобаста ба таъмини суботи молиявӣ;

-   омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешқадам дар соҳаи танзим ва назорати бахши молиявӣ.

Дар сурати ба миён омадани ҳолати буҳронӣ ё ҳодисаҳои ғайричашмдошти номуътадилсозанда, аз ҷумла офатҳои табиӣ, Шӯро бо мақсади ба қадри имкон пешгирӣ намудани онҳо ва дар ҳолати дигар бо мақсади бартарафсозӣ, идоракунӣ ва ҳаллу фасли онҳо, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи фавқулодда пешниҳод менамояд.

Ҳангоми таҳияи нақшаи фавқулодда ҳар узви Шӯро вобаста ба ваколатҳояш масъалаҳои дахлдорро, аз қабили тавсифи усули гузаронидани арзёбии дурусти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва муассисаҳои дигари молиявӣ, тақсимоти хавфҳои низом ва таҳияи расмиёти истифодаи натиҷаи фишорсанҷишҳо ва низоми огоҳкунии пешакӣ, номгӯи барҳамдиҳандагон ва мудирони махсуси ташкилотҳои қарзии молиявиро баррасӣ менамояд.

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Не, аз он ягон фоида нест;
        365 (38.67%)
      2. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        340 (36.02%)
      3. Ба ман фарқ надорад;
        166 (17.58%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        393 (41.63%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        233 (24.68%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        209 (22.14%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ