Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи феврал
    1,1%
  • Таварруми солона, феврал
    5,9%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (январ)
    9,7
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (феврал)
    11,1
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри фоизи захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ (апрел)3,0
    • Меъёри фоизи захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (апрел)9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)9,5
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    14,70
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    21,67
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (январ)
    13,06
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (январ)
    9,51
  • Яндекс.Метрика


Омори ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ

Дар қаламрави ҷумҳурӣ ба санаи 1 октябри соли 2016 шумораи умумии пардохтҳо бо роҳҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ (дохилибонкӣ, тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ ва тавассути суратҳисоби (зерсуратҳисоби) муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда) зиёда аз 44 730 ҳаз. ҳуҷҷати пардохтро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 3,4% зиёд шуд. Маблағи умумии амалиётҳо 283 421 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  32,6% кам мебошад.

Дар санаи 1 октябри соли 2016 ҳаҷми умумии пардохтҳои байнибонкӣ 51 645 млн. сомониро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 35,5% кам гардид. Шумораи умумии пардохтҳои байнибонкӣ 1 660 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 9,2% зиёд шуд.

Ҳаҷми пардохтҳои тавассути Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи 1 октябри соли 2016 амалигашта 48 933 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 36,4% кам гардид. Шумораи пардохтҳо 1 468 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 13,4% зиёд мебошад.

Ҳаҷми пардохтҳои тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ дар санаи 1 октябри соли 2016 амалигашта 2 712 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 11,9% кам шуд, шумораи пардохтҳо 192 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,0% кам мебошад.

 

Динамикаи тағйирёбии пардохтҳои байнибонкӣ

diagramma_1.JPG         

Ҳисоббаробаркуниҳои байнидавлатӣ тавассути низоми SWIFT амалӣ гашта, Бонки миллии Тоҷикистон ва 29 адад ташкилотҳои қарзӣ узви он буда, онҳо иштирокдорони Нуқтаи дастёбии дастаҷамъӣ ба шабакаи SWIFT дар назди Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҳисоб мераванд.

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ