Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи декабр
    0,3%
  • 5,4%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (декабр)
    15,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (ноябр)14,22
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (ноябр)
    9,56
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (ноябр)
    27,20
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (ноябр)
    21,08
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (ноябр)
    18,02
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (ноябр)
    4,77
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 18.01.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2074.54 2124.08
10 4062.10 4159.11
20 7978.11 8168.64
50 19707.08 20177.72
100 39249.40 40186.74

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    31 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои сарнавиштсоз ва ҳидоятномаи боз як марҳилаи нави рушд

03.01.2019

3 январи соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, бо иштироки Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва аҳли кормандон ҷаласаи васеъ доир гардид.

NBTL3740-1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва дорои афзалиятҳои давлатдории миллӣ шинохта шуда, моҳиятан дастури сабақомӯз ва ҳидоятнома ба фардои боз ҳам дурахшон аст ва халқи тоҷикро ба марҳалаи нави рушд раҳнамун месозад.

“Дар Паёми навбатӣ низ аз тарафи Пешвои муаззами миллат нақши низоми бонкӣ дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус, пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ муҳим арзёбӣ гардид.

NBTL3738-2a.JPG

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Дар зарфи 11 моҳи соли 2018 аз ҷониби низоми бонкии мамлакат ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 7 миллиарду 250 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 миллион сомонӣ ё 3 фоиз зиёд мебошад.

NBTL3764-2.JPG

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши хусусӣ ва махсусан, ба соҳаҳои истеҳсолӣ, нигоҳ доштани суботи низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасониҳо, омода кардани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо чораҳои қатъӣ андешад ва ба амалияи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар вусъат бахшида, ин амалия дар соли 2019 дар пардохти хизматрасониҳо ва низоми савдо ба таври васеъ ҷорӣ карда шавад.

NBTL3762-3.JPG

Аз ин рӯ, Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки тамоми имконият, захираҳои моддиву зеҳнӣ ва қувваи худро ба татбиқи амалии вазифаҳои дарпешгузоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, ба ин восита ба рушди низоми бонкӣ, татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва дар маҷмуъ иқтисодиёти кишвар пешрафти ҳамаҷонибаи кишварро таъмин намоем”, - қайд намуд Ҷ.Нурмаҳмадзода.

Дар идомаи ҷаласа, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов зимни суханронӣ қайд кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти мардуми кишварро барои боз як соли дигар дақиқу мушаххас муқаррар намуд.

NBTL3759-4.JPG

Зимни суханронӣ се рӯйдоди муҳимми таърихӣ, ки сароғози Паём аз ин рӯйдодҳо ҳарф зада шуд, дар амалӣ гардидани ин рӯйдодҳо бидуни муболиға нақши Пешвои миллати тоҷикон ба истилоҳ калидӣ арзёбӣ гардид. Зеро, ҳам баррасии масъалаи оби ширини ошомиданӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳам ба истифода додани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҳам муносибати ҳасана бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба азму иродаи қавӣ ва ҷуръату ҷасорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бастагии ногусастанӣ дорад.

Пешвои миллат бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ зарур донистанд, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд.

NBTL3769-5.JPG

Ба андешаи Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд”, - зикр шуд зикри суханронии М.Султонов.

NBTL3744-6.JPG

Дар идомаи чорабинӣ, инчунин, директори Департаменти назорати бонкӣ Нурмуҳаммад Шарипов ва раиси Шӯрои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон Гулнора Саломова дар робита ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фикру андешаҳои худро баён дошта, зикр намуданд, ки аз ҷониби воҳидҳои сохтории бонк тамоми масъалаҳое, ки дар Паёми навбатӣ вобаста ба низоми бонкӣ ва молиявӣ ироа гардидааст, омӯхта шуда, дар робита ба он механизми дастгирии барномаҳо ва ҳадафҳои қайдшуда дар шакли нақша-чорабиниҳо бояд таҳия ва мавриди иҷро қарор гиранд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо суханҳои ҷамъбастӣ бори дигар изҳор доштанд, ки дар Паёми навбатӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат нақши низоми бонкӣ дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус, пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ муҳим арзёбӣ гардид.

NBTL3750-7.JPG

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа Ҷамшед Нурмаҳмадзода иштирокдоронро ба иҷрои супоришҳои дар Паём ишорагардида даъват намуда, таъкид бар он дошт, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дастури раҳнамоест, ки моро ба кӯшиши ҳамвора ба хотири татбиқи амалии он фаро мехонад ва татбиқи муваффақонаи нуктаҳои муҳимми он ба пешрафту дастовардҳои назарраси кишвари мо, дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гунаи неку мусоидат мекунад.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Диданд: 706

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        1063 (44.61%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        565 (23.71%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        428 (17.96%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        1448 (60.76%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        340 (14.27%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        222 (9.32%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ