Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҷаноби Сандип Махаҷан

18.10.2018

16 октябри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Менеҷери бахши макроиқтисодӣ, тиҷорат ва сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Сандип Махаҷан баргузор гардид.

563A7292-1.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар оғози мулоқот ҷаноби Сандип Махаҷан - Менеҷери Бонки Ҷаҳониро бо вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, низоми бонкӣ, амалигардонии як қатор ислоҳотҳо ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ бо истифода аз фишангҳои муосири монетарӣ (амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвил, аз қабили қарзҳои овернайт, интрадей, музоядаҳои қарзӣ) ва гузариши батадриҷ ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ дар доираи татбиқи як қатор лоиҳаҳои кӯмакҳои техникӣ ба таври мухтасар шинос намуд.

563A7301-2.JPG

Менеҷери Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Сандип Махаҷан дар навбати худ оид ба вазъи иқтисодии кишвар ва саҳми низоми бонкӣ дар ин самт, ислоҳотҳои татбиқшаванда ва тадбирҳои пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолӣ бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла мавҷҳои такрории буҳрони иқтисодӣ пурсон шуда, барои таҳким бахшидани сиёсати пулию қарзӣ ва саҳми он дар устувории иқтисодии кишвар изҳори андеша намуд. Ҷаноби Сандип Махаҷан зимни баррасии масъалаи устувории иқтисодиёт ва низоми молиявӣ изҳор дошт, ки новобаста аз таъсири фишорҳои буҳронӣ татбиқи бомуваффақи ислоҳотҳои гузаронидашуда дар самти дастрасии рейтинги соҳибихтиёрии давлат, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, солимгардонии низоми бонкӣ ва нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои муътадили якрақама дар Тоҷикистон худ натиҷаи хуб аст.

563A7283-3.JPG

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба як қатор масъалаҳо вобаста ба буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва оқибатҳои он дар иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ, инчунин ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ табодули назар намуданд. Ҷонибҳо оид ба вазъи низоми бонкӣ, қарзҳои беруна, сармоягузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми шарикони стратегӣ дар рушди иқтисодиёт ибрози назар намуданд.

Дар фароварди мулоқот, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳо изҳори умед кард, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳисоботҳои иқтисодии худ оид ба Тоҷикистон бо назари воқеъбинона ва ба таври шаффоф бо назардошти ислоҳотҳои татбиқшуда хулосабаброрӣ хоҳад кард.

Мулоқоти мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, дар рафти он, инчунин вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самтҳои дигари низоми бонкӣ ва роҳҳои таҳким бахшидани шарикии минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1496

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ