Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Молия ва нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

17.10.2018

15 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 бо сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.

563A6619-1.JPG

Форуми соҳибкоронро сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҷанбаҳои муҳимтарини иқтисодиёти кишвар ва нақши рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар он, равандҳои муосир дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва иқтисодиёти рақамӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ, зарурати саъю кӯшишҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри истифодаи оқилонаи имконият ва захираҳои мавҷуда, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии натиҷаҳои фаъолият ва сатҳу сифати хизматрасонӣ, тавсеаи номгӯи молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ махсусан қайд гардид.

563A6655-2.JPG

Зимни суханронӣ саҳми низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ, зиёд будани талабот ба маблағҳои қарзӣ аз ҷониби соҳибкорон, норасоии воситаҳои озоди бонкҳо, баланд будани фоизи қарзҳо ва дастрасии нокифояи соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ таъкид карда шуда, барои андешидани тадбирҳои иловагӣ дастуру супоришҳо дода шуд. Бояд қайд кард, ки дар панҷ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарзии мамлакат ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба маблағи 49 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод шудааст, ки наздики 27 млрд. сомонӣ, яъне 55 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст.

563A6776-3.JPG

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ, ташкилотҳои қарзӣ муваззаф карда шуданд, ки дар нуқтаҳои хизматрасонӣ бештар бонувонро ба кору фаъолият ҷалб намоянд.

563A7054-4.JPG

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баъд аз нимаи рӯз кори худро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаш панели алоҳида идома дод.

Панели сеюми Форум дар мавзӯи “Молия ва нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо“ таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ, сармоягузорон, соҳибкорони дохилию хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ баргузор гардид.

563A6959-5.JPG

Дар оғози кори панели мазкур Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки Форуми мазкур ба бахши давлатӣ ва хусусӣ имконият фароҳам меорад, ки дар чунин як платформаи муносиб тамоми масоилу мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онро баррасӣ карда шуда, тамоми саъю кӯшиш ва амалҳои якҷоя барои рушду пешрафти иқтисодиёт равона гардад. Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамаи иштирокчиёни панели мазкур даъват ба амал овард, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷудаи иқтисодиёт бетараф набуда, барои пешрафти самараноки соҳибкорӣ ва саҳми низоми бонкӣ дар он зимни музокираҳо, баёни ақидаҳо, пешниҳоди таклифҳо фаъолона ва озодона иштирок намоянд.

563A6942-6.JPG

Сипас, муаррифиҳои муфассал дар мавзӯи “Нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ” аз ҷониби сардори Идораи таҳлили бонкҳои Департаменти назорати бонкӣ Ф.Толибов, “Рушди механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар Тоҷикистон” – аз ҷониби сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Р.Сафарова, “Суғурта ва нақши он дар фаъолияти соҳибкорӣ” – аз ҷониби сардори Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Д.Ҳусейнова манзури ҳозирин гардонида шуд. Дар панели сеюми Форуми соҳибкорӣ инчунин дар мавзӯи “Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ” – Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Р. Ҳакимзода, “Раванди аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ табдил додани ҶСК «Соҳибкорбонк» - Раиси Раёсати ҶСК “Соҳибкорбонк” Ш.Зардов, “Таъсиси феҳристи электронии гарави амволи манқул” – Муовини варзири адлияи ҶТ Ш.Нодирӣ, “Рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ-сарчашмаи ба эътимоди сармоягузориҳои дарозмуддат”- Директори Биржаи фондии Осиёи миёна А.Шерназаров ва дар мавзӯи “Миёнаравии амиқи молиявӣ ва рушди устувории иқтисодӣ: ду паҳлуи масъала” - Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс баромад намуданд.

563A7141-7.JPG

Бо анҷоми муаррифиҳо иштирокдорони панели “Молия ва нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо“ ба мубоҳисаи пурмуҳтаво оғоз намуда, дар атрофи мавзӯи дастрасии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, рушди низоми бонкӣ тавассути гузаштан аз миқдор ба сифат ва дар натиҷа ноил шудан ба афзоиши дороиҳои бонкҳо ва меъёри кифоятии сармояи онҳо, меъёри бозтамвил дар рушди бозори қарздиҳӣ, сиёати пулию қарзӣ, бозори суғурта ва саҳми он дар иқтисодиёт, баланд бардоштани маърифати молиявӣ, татбиқи бонкдории исломӣ ва хусусиятҳои махсуси он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

563A7169-8.JPG

Дар қисмати ҷамъбастии кори панели сеюми Форум Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев баромад намуда, иброз дошт, ки муҳайё намудани фазои мусоид барои пешбурди соҳибкорию сармоягузорӣ ва дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ бевосита ба баланд шудани эътибору нуфузи кишвар, фаъол гардидани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва соҳаҳои мухталиф ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад намуд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 7003

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ