Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ташрифи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон

04.10.2018

2 октябри соли 2018, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Лоиҳаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба устувории бахши молиявӣ, таҳти роҳбарии директори Департаменти федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон (Котиботи давлатии Ҳукумати Швейтсария оид ба иқтисодиёт) ҷаноби Рето Вайерман, ки аз 1 то 3 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ҳузур доранд, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқоти мазкур инчунин, муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, Лола Салимова ва роҳбарони идораҳои калидӣ ва аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс, муовини директори минтақавии SECO Корин Деменж ва як қатор коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

563A5907-1.jpg

Дар оғози вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати Гурӯҳи Бонки Ҷаҳониро мухтасар бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар бахши низоми бонкии мамлакат бо Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

563A5994-2.jpg

Зимни суханронӣ Ҷамолиддин Нуралиев инчунин, барои эътимод ва боварии Бонки Ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси шарик дар дастгирии лоиҳаҳои гуногуни низоми бонкӣ ва кӯмакҳои техникӣ, ки аз ҷониби SECO маблағгузорӣ мешавад ва ба воситаи Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, арзи сипос намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи муфид изҳори ҳавасмандӣ кард. Зикр карда шуд, ки бо мақсади солимгардонии низоми бонкии кишвар тайи се соли охир аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳотҳои зиёд рӯи кор омада, айни замон татбиқи Лоиҳаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба устувории бахши молиявӣ, баҳри пешрафти низом муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла Ҷамолиддин Нуралиев оид ба самтҳои гуногуни низом аз қабили қарзҳои батаъхирафтода, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ, идоракунии корпоративӣ ва суботи молиявиро дар доираи татбиқи лоиҳаи кӯмаки техникии “Financial sector-stability Project” (SECO), ки барои cолҳои 2018-2021 пешбинӣ шудааст, ибрози назар намуд. Департаменти федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) дар навбати худ барои татбиқи ин лоиҳа 2,2 млн. франки швейсария маблағгузорӣ менамояд.

563A5918-3.jpg

Дар навбати худ, Директори Департаменти федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) ҷаноби Рето Вайерман изҳор дошт, ки Лоиҳаи мазкур дар ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон бо маблағгузории SECO таҳия гардида, айни замон, тартиби нақшаи амал дар марҳилаи омӯзишӣ муҳокима ва баррасӣ мешавад. “Умед дорем, ки лоиҳаи мазкур хуб ва босифат амалӣ гардида, дар оянда барои ҷалби бештари сармоягузорӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон манфиат хоҳад овард”, - қайд намуд ҷаноби Рето Вайерман.

Сипас, директори Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Шарипов Нурмуҳаммад, сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Сафарова Рукмина, сардори Идораи низоми пардохт Салоҳиддинов Шуҳрат ва сардори Идораи суботи молиявӣ Маҳмудов Изатулло барои васеътар ошно намудан бо масъалаҳои ҷории низоми бонкии кишвар дар мавзӯъҳои “Механизми банизомдарории бонкҳои мушкилдор” ва “Идоракунии корпоративӣ”, “Роҳҳои коҳиш додани сатҳи қарзҳои мушкилситон”, “Рушди механизми назорат аз болои низоми пардохт”, “Татбиқи лоиҳаҳо дар бахши суботи молиявӣ” бо рӯнамоиҳо баромад намуданд.

563A5934-4.jpg

Дар қисмати муҳокимаронӣ ба саволҳои намояндагони Ҳайати Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ вобаста ба рӯнамоиҳои мазкур аз ҷониби Роҳбарияти бонк ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷамъбасти мулоқот, Директори Департаменти федеролии ҳамкориҳои иқтисодии SECO ҷаноби Рето Вайерман дар навбати худ чунин изҳор дошт: “мо ба Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати роҳбару роҳнамо оид ба таъмини устувории молиявӣ бовар дорем ва ҳадаф аз мулоқоти мазкур муайян намудани тартиби татбиқи Лоиҳаи суботи бахши молиявӣ бо Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад”.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2347

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ