Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,7%
  • 5,3%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (октябр)
    15,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)14,16
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    9,31
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр
    28,48
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (сентябр
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (сентябр)
    17,18
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (сентябр)
    3,00
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 16.11.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1946.97 1993.47
10 3806.97 3897.88
20 7467.84 7646.18
50 18431.39 18871.57
100 36698.02 37574.44

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2

Семинар барои намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаи он дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

09.07.2018

Бо ташаббуси Департаменти мониторинги молиявӣ санаи 5 июли соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) семинар бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаи зертобеи он, аз ҷумла: ташкилотҳое, ки фулузоту сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ ва шикастапораҳои ин гуна маснуотро хариду фурӯш мекунанд, гаравхонаҳо (ломбардҳо), ташкилотҳое, ки биноҳо барои бозиҳо, тотализаторҳо ва муассисаҳои букмекерӣ доранд, ташкилотҳое, ки лотереяҳо баргузор менамоянд, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфродӣ баргузор гардид.

DMM-1.jpg

Семинарро Файзуллозода Ф. - Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, нахуст қайд намуд, ки низоми миллии кишвар дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар давраи басе ҳассос қарор дошта, нигоҳ доштани вазъи муътадили низоми мазкур аз фаъолияти судманди мақомоти дахлдори ватанӣ ва ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, вобастагии зиёд дорад.

Сипас мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ барои иштирокчиёни семинар дар доираи мавзӯъҳои зерин рӯнамо (презентатсия) пешкаш намуданд:

• Стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО;
• Талаботҳои қонунгузории ҶТ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО;
• Тартиби пешниҳоди маълумот ба Департаменти мониторинги молиявӣ;
• Санҷиши ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд;
• Ҳисобот оид ба натиҷаҳои Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;
• Фаъолияти Департаменти мониторинги молиявӣ дар самти муқовимат ба маблағгузории терроризм.

Бо мақсади шиносоии иштирокчиён бо вазъи кунунии оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи терроризм ва экстремизм, ки ба масъалаи глобалии ҷаҳони имрӯза табдил ёфтааст, аз ҷониби Департамент мониторинги молиявӣ навори видеоӣ дар мавзӯи муқовимат бо терроризм ва экстремизми хушунатомез пешкаш гардид. 

Пас аз тамошои навори видеоӣ ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён Файзуллозода Ф. ҷавобҳои мушаххас дода, қайд кард, ки бо мақсади муайян намудан ва коҳиш додани хавфҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ҚД/МТ) аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи сентябри соли 2017 Баҳодиҳии хавфи милли баргузор гардида, лоиҳаи ниҳоии ҳисоботи он дар ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО санаи 18 сентябри соли 2017 тасдиқ ва матни пурраи он барои маълумот ва истифода ба мақомоти давлатӣ ирсол шуда буд, ки мақмотро бо ташкилотҳои зертобеи худ мебоист барои бартараф намудани хавфҳои ошкоршуда чораҳои дахлдор андешанд.

DMM-2.jpg

Дар навбати худ намояндаи Вазорати молия қайд намуд, ки аз ҷониби вазорат ҳамчун мақоми танзим ва назорат дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои ташкилотҳои зертобеи худ корҳои назаррас ҷиҳати мукаммал гардонидани низоми мазкур ва кам кардани хавфҳое, ки зимни баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ошкор ва муайян шудаанд, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Илова бар ин, иштирокчиён барои гузаронидани семинар дар сатҳи баланд ба тарафҳо ва роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ибрози миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки баргузории чунин семинарҳо самаранок буда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати мутахассисони соҳа манфиатовар мебошад. Инчунин, иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки барои боз ҳам устувор гардонидани низоми МҚД/МТ/МПСҚО дар оянда баргузор намудани семинарҳои амалӣ ба мақсад мувофиқ шумориданд.

Дар анҷоми семинар Файзуллозода Ф. ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, зикр намуд, ки Департаменти мониторинги молиявӣ омода аст бо мақсади рушди низоми мазкур ҳамкории судмандро бо вазорату идораҳои кишвар ба роҳ монад.

Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 658

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Не, аз он ягон фоида нест;
        366 (38.73%)
      2. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        340 (35.98%)
      3. Ба ман фарқ надорад;
        166 (17.57%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        393 (41.59%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        234 (24.76%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        209 (22.12%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ