Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи август
    0,8%
  • 3,5%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (август)
    15,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (август)14,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (июл)
    9,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (июл)
    30,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (июл)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (июл)
    14,99
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (июл)
    24,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 21.09.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1961.84 2008.69
10 3819.57 3910.79
20 7464.28 7642.54
50 18375.58 18814.43
100 36553.95 37426.93

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 31 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30

Ҷаласаи Шӯрои бонкҳои марказии АврОсиё дар Тоҷикистон

09.07.2018

Тибқи қарори ҷаласаи 37-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё, ки дар Федератсияи Русия баргузор гардид, ин навбат Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир кардани ҷаласаи Шӯрои бонкҳои марказии АврОсиё ҷониби қабулкунанда муайян карда шуд.

Avr_1.JPG

Ҷиҳати татбиқи қарори мазкур, 4-5 июли соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон Ҷаласаи 38-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё баргузор гардид. Дар кори ҷаласа рoҳбарон ва намояндагони бонкҳои марказии ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Бонки байнидавлатӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Avr_2.JPG

Ҷаласаи 38-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиёро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Сироҷиддин Икромӣ аз ҷумла изҳор дошт: “Мардум ва кишварҳои моро дар баробари расму ойинҳои ҳазорсолаи таърихӣ, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодие, ки рушди имрӯзаи онҳо самтҳои нави ҳамкориҳоро муҳайё менамоянд, пайванд месозад”.

Avr_3.JPG

Дар идомаи сухан, Сироҷиддин Икромӣ аҳли нишастро бо вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини рушди иқтисодиёт, рушди воқеии ММД дар соли 2017 (7,1%) ва панҷ моҳи аввали соли 2018 шинос намуд. Сироҷиддин Икромӣ инчунин изҳор дошт, ки бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири омилҳои беруна ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ як қатор тадбирҳо бо роҳи татбиқи мақсадноки сиёсати пулию қарзӣ ва ислоҳот дар низоми бонкӣ, инчунин беҳтар кардани низоми молиявӣ ва рушди бахши суғурта, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ андешида шуд. Дар фароварди сухан, Раиси ҷаласа - муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ изҳори боварӣ намуд, ки қарорҳои ҷаласаи мазкур барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи самаранок дар доираи Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё заминаи боз ҳам мустаҳкамтар гузошта, дар хотираи иштирокдорони он таассуроти нек боқӣ хоҳад гузошт.

Avr_4.JPG

Сипас, Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намуд, ки асосан аз масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои 36-37 Шӯро, самтҳои фаъолият ва рушди низоми бонкӣ, вазъ ва тамоюли бозори асъор, маҷмӯи маълумот оид ба пардохтҳои асъории марбут ба гардиши молу хизматрасонӣ, низоми ҳисоббаробаркунӣ тавассути пулҳои электронӣ, вазъи тавозуни пардохт ва тамоюли захираҳои байналмилалӣ, самтҳои асосии сиёсати макропруденсиалӣ, таъмини суботи молиявӣ, фаъолияти Шӯрои машваратии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Шӯро иборат буд.

Avr_5.JPG

Дар навбати худ, узви Шӯро- муовини Раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Арманистон Арменак Дарбинян, муовини Раиси Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Белорус Сергей Калечитс, ҷонишини директори Департаменти тадқиқот ва омори Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Саида Агамбаева, муовини Раиси Бонки миллии Қирғизистон Айнура Тезекбаева ва муовини Раиси Бонки марказии Федератсияи Русия Александр Торшин баромад ва дар атрофи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа муҳокимаронӣ намуданд. Дар кори ҷаласа инчунин роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, бо муҳокимарониҳои касбӣ ва ҷолиб таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуданд, ки мубоҳисаи онҳо муколамаи пурмазмун ва муфидро дар фазои масъулини бонкҳои марказии АврОсиё фароҳам овард.

Avr_6.JPG

Дар интиҳои муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯро ба бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Шӯрои АврОсиё барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолият ва ҳамкориҳо як қатор тавсияҳо дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар шароити феълӣ барои тобовар шудан ба мушкилиҳои иқтисодӣ ва фишорҳои берунӣ, бонкҳои марказии (миллии) АврОсиёро зарур аст, дар баробари тақвият бахшидани низоми бонкӣ, ислоҳоти сохторӣ ва ниҳодиро (институтсионалӣ) идома дода, муносибатҳои тарафайнро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монанд.

Avr_7.JPG

Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё қарор қабул карда шуд, ки Ҷаласаи 39-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё тирамоҳи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Диданд: 563

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Не, аз он ягон фоида нест;
        137 (51.89%)
      2. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        74 (28.03%)
      3. Ба ман фарқ надорад;
        10 (3.79%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        111 (42.05%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        85 (32.20%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        18 (6.82%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ