- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
- Таваррум дар моҳи январ0,6%
- 5,7%
- Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (январ)15,3
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат7% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
- Меъёри бозтамвил
(аз 01 феврали с.2019)14,75 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт)15,75 - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт)5,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнаи коғазҳои
қиматноки БМТ (январ)12,21
- Меъёри фоизӣ дар соли 2019 (% солона)
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)9,29
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)26,02
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (январ)21,82
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (январ)18,24
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (январ)16,04
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 25.02.2019 1 USD 9.4384 1 EUR 10.6956 1 RUB 0.1438
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2008
- Соли молиявии 2017
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Таъмини фаъолияти босуботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ
3 июли соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иқдоми Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, бо иштироки роҳбарон ва сардорони идораҳои хазинадории ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ роҷеъ ба таъмини фаъолияти босуботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа директори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Қаюмов Олим зикр намуд, ки баландбардории сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди бахши воқеии иқтисодиёт бо фаъолияти муназзам ва муътадили бозори дохилии асъор алоқамандӣ дорад. Мавсуф қайд кард, ки ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти асъорӣ, имрӯз имкон фароҳам гардид, ки то як андоза муътадилии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ таъмин карда шавад. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи “Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат”, соли ҷорӣ бо дарназардошти гузариш ба реҷаи “ҳадафгирии таваррум” дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфтаро татбиқ карда истодааст.
Дар идомаи ҷаласа, сардори шуъбаи сиёсати қурби асъор Мавлонов М. ба ҳозирин доир ба вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор маълумоти мушаххас пешниҳод намуда, изҳор дошт, вазъи воқеии қурби асъор дар муқоиса ба солҳои қаблӣ муътадил ба назар мерасад.
Дар идома, сардорони шуъбаҳои дахлдори ҳамин Департамент Ҷӯраев Беҳзод ва Раҳмонзода Шариф зимни баромади худ, қайд карданд, ки баҳри таъмини устувории қурби пули миллӣ тамоми ташкилотҳои қарзӣ бояд дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монанд ва сиёсати пулию қарзии пешгирифтаро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Зимни ҷаласаи корӣ қайд карда шуд, ки барои пешгирӣ намудани фаъолияти бозорҳои ғайрирасмии асъор аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳҳои доимамалкунанда ташкил шудаанд, ки фаъолияти онҳо баҳри пешгирӣ намудани анҷомдиҳии амалиётҳои ғайриқонунии асъорӣ равона шудааст.
Дар қисмати муҳокимаронӣ намояндагони ташкилотҳои қарзӣ иброз доштанд, ки пешбурди сиёсати Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти таъмини босуботи пулию қарзӣ ва асъорӣ дастгирӣ менамоянд ва то қадри имкон барои таъмини суботи бозори дохилии асъор кӯшиш ба харҷ дода, талаботҳои шахсони ҳуқуқиро нисбат ба асъори хориҷӣ дар доираи имконият қонеъ гардонида, асъори нақдро ба аҳолӣ дар доираи қурби дохилибонкӣ ҳамарӯза ба фурӯш бароранд.
Кори ҷаласаро директори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Қаюмов Олим ҷамъбаст намуда, аз масъулини ташкилотҳои қарзӣ барои таъмини боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ даъват ба амал овард. Таъкид гардид, ки ҳангоми хизматрасониҳои бонкӣ дар самти асъорӣ ба маҳдудиятҳо ва монеъаҳои беасос роҳ надиҳанд ва воҳидҳои сохтории худро ҳамарӯза бо асъори нақди хориҷӣ таъмин намуда, инчунин бо мақсади кам намудани муомилоти нақдӣ механизмҳои нави ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар амал татбиқ намоянд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 1141
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э. Рахмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ
-
-
НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
-
СУОЛИ РӮЗ
Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?-
Ба ман фарқ надорад;
1077 (37.23%) -
Не, аз он ягон фоида нест;
982 (33.94%) -
Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
483 (16.70%)
-
Ба ман фарқ надорад;
-
Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
-
Не, муроҷиат накардам;
1560 (53.92%) -
Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
696 (24.06%) -
Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
229 (7.92%)
-
Не, муроҷиат накардам;
-