Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2018
  • Таваррум дар моҳи май
    0,6%
  • 1,7%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (май)
    14,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2018)14,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)14,08
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (апрел)
    9,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (апрел)
    30,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (апрел)
    12,65
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (апрел)
    0,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 22.06.2018

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1982.33 2029.67
10 3864.13 3956.41
20 7559.39 7739.92
50 18623.12 19067.88
100 37055.79 37940.75

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 1

Меъёри фоизӣ ва шартҳои фишангҳои доимамалкунандаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон таҷдид мегарданд

06.06.2018

Бонки миллии Тоҷикистон баҳри таъмини сиёсати самараноки пулию қарзӣ (монетарӣ), танзими ҳадафи амалиётии худ, идоракунии сатҳи пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ, фишангҳои амалиётии монетариро таҷдид менамояд.

Аз ҷумла, ҷиҳати вусъат додани амалиётҳои монетарӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат, ҳавасманд ва фаъол гардонидани ташкилотҳои қарзӣ дар амалиётҳои монетарӣ меъёри фоизи амалиётҳои қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) баробар ба меъёри бозтамвил +1 банди фоизӣ (б.ф) муайян карда шуд.

Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба амалиётҳои қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва музоядаҳои қарзӣ предмети гарав бо назардошти коэффитсиенти ислоҳӣ (hair-cut rate) барои коғазҳои қиматнок 1,0 ва барои асъори хориҷӣ 1,1 муқаррар карда шуд.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ташкилотҳои қарзӣ, муваққатан ҷалб намудани пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат ва танзими ҳаҷми пул фишанги доимамалкунандаи монетарӣ - амалиётҳои амонатии шабонарӯзӣ (овернайт)-ро аз 11 июни соли 2018 бо меъёри фоизии баробар ба меъёри бозтамвил тарҳи 9 б.ф. барқарор менамояд. Дар доираи механизми фишанги мазкур ташкилотҳои қарзӣ тавассути гузаронидани амалиётҳои амонатии шабонарӯзӣ (овернайт) метавонанд маблағҳои озоди худро дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун пасандоз ба муҳлати як шабонарӯз нигоҳ доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини самаранокии сиёсати монетарӣ, тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвилро пешниҳод карда истодааст. Истифодаи фишангҳои амалиётии сиёсати монетарӣ ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳад, ки дар мавриди норасоии маблағ ба Бонки миллии Тоҷикистон тариқи низоми электронии ”Thomson Reuters” дархост пешниҳод намуда, эҳтиёҷоти худро бо қарзҳои кӯтоҳмуҳлати наздик ба меъёри бозтамвил ва бо фоизҳои нисбат ба фоизҳои бозорӣ пасттар қонеъ гардонанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 599

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Оё Шумо аз ягон намуди суғурта истифода мебаред?







    Аз кадом намудҳои  суғурта Шумо истифода мебаред?








      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Оё Шумо аз ягон намуди суғурта истифода мебаред?
      1. Не, истифода намебарам
        4693 (43%)
      2. Аз он ягон фоида нест
        3197 (29%)
      3. Ҳа, истифода мебарам
        3035 (28%)
      4. Суғурта худаш чист?
        48 (0%)
    2. Аз кадом намудҳои  суғурта Шумо истифода мебаред?
      1. Суғуртаи ихтиёрии молу мулк;
        4396 (39.91%)
      2. Суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳодисаҳои нохуш;
        2925 (26.55%)
      3. Суғуртаи ихтиёрии шаҳрвандони ба хориҷа сафаркунанда;
        2871 (26.06%)
      4. Суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии воситаҳои нақлиёт;
        184 (1.67%)
      5. Суғуртаи ихтиёрии биноҳо, иншоот ва молу мулк аз сӯхтор новобаста аз шакли моликият.
        32 (0.29%)
      6. Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;
        23 (0.21%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ