- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2024 1 USD 10.9563 1 EUR 11.8186 1 RUB 0.1187
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Вохӯрии ҷамъбастӣ дар доираи баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО
14 марти соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии ҷамъбастии ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) бо ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ - баргузор гардид.
Дар доираи ташрифи ҳайати мазкур тибқи барнома як қатор вохӯриҳои коршиносон-баҳогузорони ГАО бо намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла, бо ҳайати Комиссия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, cохторҳои назоратӣ ва бахши хусусӣ гузаронида шуданд.
Дар рафти суханронӣ роҳбари Комиссия Ватанзода М.М. изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории вохӯриҳои болозикр баҳогузории мутобиқати самаранокии кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, инчунин, фаъолияти мақомоти салоҳиятдор дар ин самт мебошад.
Дар рафти ҷаласаи ҷамъбастӣ, аз ҷониби коршиносон-баҳогузорон шакли ниҳоии лоиҳаи ҳисобот оид ба ҳайати сайёрӣ пешниҳод гардид, ки дар оянда барои тақвият бахшидани ҳамкории муштарак миёни мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносон-баҳогузорони ГАО ҷиҳати омода намудани ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ба стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ва самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО ба кор бурда хоҳад шуд.
Хотиррасон менамоем, ки дар Ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ (роҳбари Комиссия); Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (муовини роҳбари Комиссия); Муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муовини сардори Хадамоти муҳоҷират; Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (котиби Комиссия) ва Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 2864
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ