Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир-ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ”

02.03.2018

Имрӯз 2 марти соли 2018 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони вазорату сохторҳои дахлдору ташкилотҳои қарзии кишвар дар мавзӯи “Муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир-ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ” конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

563A6742.JPG

Ҳамоишро Муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода бо ишора ба нутқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми самтҳои фаъолияти иҷтимоиву иқтисодӣ боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстии насли созанда гардида, дар ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.

563A6682.JPG

“Имрӯз иштироки фаъоли ҷавонон дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ ва корҳои ободониву созандагӣ боиси ифтихор ва қобили таҳсин мебошад. Дар ин раванд ҳамзамон зарур аст, ки ҷавонон дар самти мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуб зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат доимо омода бошанд. Ва дар баробари амалу ташаббусҳои созанда, муаррифии дастовардҳои илмиву эҷодӣ таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ дошта, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд” қайд намуд Ҳамидулло Машрабзода.

563A6646.JPG

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дастгириву ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд нашудааст ва тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат қайд гардид, “ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”.

563A6661.JPG

Ҳамин тавр, дар қисмати аввали ҳамоиш мушовири калони Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Саидакрам Ҳимат, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Фарида Муминова, сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Маҳмадбеков М, сарнозири шуъбаи ташкилӣ-таҳлилии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Наргис Отаҷонзода, мудири бахши байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Муродалӣ Табаров, сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Ҷавоҳир Акобирова, намояндаи Агентии омори назди Хукумати ҶТ Абдувалӣ Қулов, Сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Фатҳуддин Солеҳов, директори КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” Умедҷон Раҳимзода ва сармуҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” Мухторов М вобаста ба масъалаҳои танзими ҳуқуқии муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир, фарогирии ҷавонон бо таҳсилот ва шуғл, муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир - ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар кишвар, омори муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ, интихоти касб дар ҷомеаи муосир миёни ҷавонон, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии он суханронӣ намуданд.

563A6769.JPG

Дар қисмати дуюми ҳамоиш мутахассисони ҷавони Бонки миллии Тоҷикистон Файзалии Сафаралӣ, Умеда Ятимова ва Шаҳноза Муҳаммадиева дар назди иштирокдорон оид ба масъалаи конфронс дар мавзӯҳои “Кӯшиши мағзҳо - ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии он”, “Паҳлуҳои мусбат ва манфии муҳоҷират” ва “Дастрасии молиявӣ, технологияҳои молиявӣ ва имкониятҳое, ки он барои муҳоҷирон пешниҳод менамояд” бо истифода аз таҷрибаву муқоисаи раванди мазкур дар кишварҳои дигар рӯнамо (презентатсия)-ҳои худро муаррифӣ намуданд.

Дар қисмати муҳокимаронӣ, ки ниҳоят ҷолиб гузашт иштирокдорони ҳамоиш ба саволҳои худ аз ҷониби маърӯзакунандагон посухҳои мушаххас гирифтанд,

Дар қисмати хотимавии конфронс раиси Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон Абдулқайси Саидҷаббор чорабиниро ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки Шӯрои ҷавонони БМТ нақша дорад, дар соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” якчанд конфронсу чорабиниҳои монандро баргузор намояд.

Қобили зикр аст, ки конфронси мазкур маҳз бо ташаббуси Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон ташкил шуда, яке аз ҳадафҳои Шӯрои мазкур – ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва варзишӣ байни ҷавонон, дастгирии ғояҳои навоваронаи ҷавонон баҳри рушду нумуи Ватани азизамон мебошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2159

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ