Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Омодагӣ ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни низоми МҚД/МТ/МПСҚО

14.02.2018

Аз 12 то 14 феврали соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ барои мақомоти салоҳиятдор ва намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи омодагӣ ба ҳайати дарпешистодаи коршиносон оид ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардид. Омӯзиши мазкур дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия бо ҷалби коршиносони Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Русия, MONEYVAL, Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят, инчунин, Ассотсиатсияи иштирокчиёни интиқолҳои пулӣ ва маблағҳои электронии Федератсияи Русия барпо гардид.

Рисунок1.jpg

Мақсад аз баргузории омӯзиш ин пурзӯр намудани иқтидори гурӯҳҳои мухталифи мақомдороне буд, ки дар амалӣ намудани стандартҳои нави байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар сатҳи миллӣ, дар ҷараёни баргузории Баҳодиҳии хавфи миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вобаста ба ҷамъоварӣ ва ташкили ҷамъоварии маълумот барои коршиносон-баҳогузорон масъул мебошанд.

Дар доираи барнома, 12 феврал қисми омӯзишие, ки барои намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян гардида буд, баргузор гашт. Дар ин чорабинӣ намояндагони Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар қисмати тавсияҳои ФАТФ, масъалаҳо вобаста ба салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳокима гардиданд.

Рисунок2.jpg

Санаи 13 феврал омӯзиш барои намояндагони мақомоти назоратӣ, аз ҷумла, воҳидҳои дахлдори сохтории Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти назорати бонкӣ, Идораи назорати суғуртавӣ), Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ маълумоти муфассал оид ба механизмҳои намоишдиҳии самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО дар қисмати фаъолияти назоратӣ аз рӯи субъектони зерҳисоб пешниҳод гардид.

Қисми ҷамъбастии курси омӯзишӣ, 14 феврал бо баргузории омӯзиш барои намояндагони бахши хусусӣ, хусусан ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ сурат гирифт. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 60 нафар намояндагони ин ташкилотҳо ширкат варзиданд.

Рисунок3.jpg

Коршиносони байналмилалӣ дар рафти баромади хеш иштирокдорони омӯзишро бо нақши ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда дар ҷараёни баҳодиҳии тарафайни кишвар шинос намуда, шарҳи талаботҳои асосии Тавсияҳои ФАТФ, ки ба фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо дар самти МҚД/МТ/МПСҚО алоқаманд мебошанд, пешниҳод гардид.

Дар анҷоми омӯзиш, тарафҳо ба идомаи ҳамкориҳои судманд ишора намуда, изҳор доштанд, ки чорабинии мазкур барои баланд бардоштани иқтидори кормандон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО мусоидат хоҳад намуд.

Бояд қайд кард, ки чорабинии мазкур натиҷаи ҳамкории дуҷонибаи Департаменти мониторинги молиявӣ (Бонки миллии Тоҷикистон) ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия, инчунин як қатор ташкилотҳое, ки аз ҷониби маркази мазкур ҷалб гардидаанд, ба ҳисоб меравад.

Департаменти мониторинги
молиявии БМТ


Диданд: 1986

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ