Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи май
    0,7%
  • Таварруми солона, май
    8,7%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (май)
    10,6
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (май)
    11,8
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ (апрел)3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (апрел)9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)15,6
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    14,92
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    27,12
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (май)
    13,87
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (май)
    3,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.06.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1931.75 1951.26
10 3765.00 3803.03
20 7364.54 7438.93
50 18141.58 18324.83
100 36096.57 36461.18

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Ширкати Moody’s Investors Service

15.06.2017

14 июни соли 2017 таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service хонум Атси Шет ва ҷаноби Матю Киркоста, коршиноси ширкати “Oppenheimer” хонум Натали Маршик мулоқоти корӣ доир гардид.

Мулоқотро нахуст Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ, татбиқи ислоҳотҳо дар ин бахш, самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ба ҷалби сармоягузорӣ ва бахшҳои афзалиятнок дар ин самт ҷалб намуд. Зикр карда шуд, ки нишондиҳандаи рейтингии ин ё он кишвар барои ҷалби сармоягузорӣ омили асосӣ ба ҳисоб рафта, дар муайянкунии эътибор ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.

1.jpg

Дар рафти машварати корӣ ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва рушди минбаъдаи воқеии иқтисодиёт ибрози назар намуда, масъалаҳои молиявию буҷетӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барои омодагӣ ва баҳодиҳии рейтингии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар идома, аз ҷониби коршиноси Ширкати Moody’s Investors Service Матю Киркоста методологияи гузаронидани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг, аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, суботи ниҳодӣ ва хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои ғайричашмдошт дар назди ҳозирин муаррифии пурмуҳтаво манзур карда шуд. Коршиноси дигари ширкати мазкур Атси Шет дар навбати худ вобаста ба омӯзиш ва натиҷагирӣ аз вазъи низоми бонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд, захираҳои байналмилалӣ, вазъи таваррумиро дар муайянкунии рейтинг зарур дониста, баррасии пешниҳодҳо ва таҳияи механизми корбарии барномаҳоро муҳим арзёбӣ намуд.

2.JPG

Дар мулоқот инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, оид ба муаррифии пешниҳодшуда ва самтҳои алоҳидаи муайянкунии нишондиҳандаҳои рейтингӣ ибрози андеша намуданд.

Қобили қайд аст, ки Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service фаъолияти худро аз соли 1909 ба роҳ монда, ҳамчун яке аз ширкатҳои бонуфузтарини рейтингии ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Ширкати мазкур бо ҷалби беш аз 10 000 нафар дар 26 давлати дунё фаъолият дошта, дороии он ба 3,5 млрд. доллари ИМА баробар аст.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкорӣ бо ширкати Moody’s Investors Service аз соли 2013 ба роҳ монда шудааст ва ин ширкат рейтинги соҳибихтиёрии кишварро барои пайгирии минбаъда муайян менамояд.

3.jpg

Тибқи нақша, коршиносони Ширкати рейтингии байналмилалии Moodys Investors Service дар тӯли сафари кории худ бо роҳбарияти як қатор вазорату идораҳои кишвар, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои доимии Бонки Осиёии Рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Русия мулоқоту машваратҳо доир намуда, ҷиҳати баҳогузорӣ намудани рейтинги кишварро баррасӣ менамоянд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 830

Бозгашт

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2
  • Сатҳи таваррум %
  • graphic

  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        776 (39%)
      2. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        686 (34%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        347 (17%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        203 (10%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ