Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи май
    0,7%
  • Таварруми солона, май
    8,7%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (май)
    10,6
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (май)
    11,8
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ (апрел)3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (апрел)9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)15,6
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    14,92
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    27,12
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (май)
    13,87
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (май)
    3,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.06.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1931.75 1951.26
10 3765.00 3803.03
20 7364.54 7438.93
50 18141.58 18324.83
100 36096.57 36461.18

Ба муомилот баромадани сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон

12.06.2017

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2017, таҳти №63, сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 12 июни соли 2017 сар карда, ба муомилот бароварда шуданд.

Сабикаҳои ченакии тиллои БМТ 5, 10, 20, 50 ва 100 гр. вазн дошта, дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA), тайёр карда шудаанд.

Сабикаҳои ченакӣ аз ҷониби Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фурӯхта мешавад.

Барои харидани сабикаҳои ченакӣ ва бозфурӯши онҳо шахсони ҳуқуқӣ - ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи шахси ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бояд пешниҳод намоянд.

Нархи фурӯши сабикаҳои ченакиро Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин муқаррар хоҳад кард:

- нархи тилло барои 1 унсияи трой (31,1034768 грамм), ки мутобиқи қайди (фиксинги) пагоҳирӯзии Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон дар рӯзи гузашта муайян карда шудааст;

- хароҷотҳои воқеӣ барои тайёр намудани сабикаҳои ченакӣ (бо тарҳи арзиши металли қиматбаҳо), хароҷоти нақлиёт, суғурта, барасмиятдарории гумрукӣ ва ғайра.

Нархи фурӯш ва нархи бозхариди сабикаҳои ченакӣ барои ҳар рўз бо пули миллӣ барои ҳар як намуди сабикаи ченакӣ дар алоҳидагӣ ҳисоб ва муқаррар карда шуда, аз санаи 12 июни соли 2017 дар саҳифаи асосии сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд бо “Тартиби ба муомилот баровардани сабикаҳои ченакии тилло ва нуқраи Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳо”, дар саҳифаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон (www.nbt.tj) муфассал шинос шаванд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1032

Бозгашт

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2
  • Сатҳи таваррум %
  • graphic

  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        776 (39%)
      2. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        686 (34%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        347 (17%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        203 (10%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ