Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи июн
    0,6%
  • Таварруми солона, июн
    9,0%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (июн)
    11,2
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (июн)
    12,3
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ (апрел)3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (апрел)9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)15,7
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    14,92
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    27,12
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (май)
    13,87
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (май)
    3,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 21.07.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1903.82 1923.05
10 3709.14 3746.61
20 7252.82 7326.08
50 17862.27 18042.70
100 35537.94 35896.91

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

Тадбирҳо ҷиҳати вусъат бахшидани пардохти ғайринақдӣ

17.05.2017

Бо мақсади муҳокимаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” санаи 16 майи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ роҳҳои зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

jalasa_1.jpg

Зимни суханронӣ Муовини Раис Машрабзода Ҳ. оид ба вазъи ҷории бозори кортҳои пардохтӣ дар кишвар ва рафти иҷрои қарори зикргардида маълумот дода, зарурияти роҳандозӣ намудани муомилоти ғайринақдӣ ҳамчун омили асосии шаффофияти ҷараёнҳои молиявӣ дар низоми молиявии кишварро таъкид намуд.

Дар идома аз рафти фаъолияти ҳайати муштараки кории Кумитаи андоз ва Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки аз оғози фаъолияти ҳайати муштараки корӣ дар 573 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуда, аз ин миқдор муассисаҳои савдо ва хизматрасонии санҷидашуда дар 64 адади онҳо ПОС – теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо ПОС – терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нестанд, бо роҳбарон ва кормандони онҳо оид ба зарурият ва афзалиятҳои истифодабарии ПОС- терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба 509 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар муҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС- терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд. Дар баробари ин, нисбати чор адад шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои насб накардани терминалҳои электронӣ ва қабул накардани кортҳои пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шуд.

jalasa_2.jpg

Дар натиҷа 812 соҳибкорон ба ташкилотҳои қарзӣ барои насби терминалҳои электронӣ муроҷиат намуда, айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар асоси дархости соҳибкорон раванди насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар рафти ҷаласаи корӣ ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки тибқи қарори зикргардида миқдори зарурии ПОС - терминалҳоро захира намуда, баробари муроҷиати соҳибкорон шартномаҳои дахлдорро ба имзо расонанд ва ПОС – терминалҳоро ба таври фаврӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб кунанд.

Инчунин, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки теъдоди хизматрасониҳои муосири бонкиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ зиёд намуда, имконияти барориши кортҳои кредитӣ, кортҳои пардохтии чипдор ва ғайритамосӣ (безконтактный), татбиқ намудани барномаҳои муосири бозории ҳавасмандкунии муштариён (бонусҳо) дар якҷоягӣ бо муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҳангоми амалӣ намудани пардохти молу хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ роҳандозӣ намоянд.

Барои маълумот: Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда, ба санаи 1 майи соли 2017 зиёда аз 1 677,9 ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, зиёда аз 1 654,1 ҳаз. нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид. Дар баробари ин, ба санаи 1 апрели соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 740 адад ва 2 485 ададро ташкил намуд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1578 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 907 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 603

Бозгашт

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Сатҳи таваррум %
  • graphic

  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        1012 (37%)
      2. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        965 (35%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        535 (20%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        217 (8%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ