Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    - 0,4%
  • 6,7%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (сентябр)
    13,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±3)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)6,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон (сентябр)15,65
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    14,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр)
    30,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (сентябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (сентябр)
    11,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (сентябр)
    17,17
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.10.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1960.16 1979.96
10 3822.10 3860.70
20 7479.20 7554.75
50 18428.98 18615.13
100 36671.88 37042.30

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5

Татбиқи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.04.2017

Бо мақсади рушди низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеа бахшидани хизматрасониҳои бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ тасмим гирифт ва дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд.

Воқеан, низоми бонкдории исломӣ ҳоло дар баробари низоми анъанавӣ дар миқёси ҷаҳонӣ мавқеи худро устувор менамояд. Дар айни замон аз низоми бонкдории исломӣ кишварҳои ИДМ, аз қабили Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон истифода бурда, барои татбиқи принсипҳои бонкдории исломӣ лоиҳаҳои гуногун тащия намуда ташкилотҳои дахлдор таъсис дода истодаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар роҳҳои татбиқи бонкдории исломиро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ омӯхта, ба хулоса омад, ки татбиқи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таҳияи қонуни ягонаи соҳавӣ, ки ин навъи фаъолиятро пурра танзим менамояд, роҳандозӣ шавад.

Аз ин рӯ, бо мақсади муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26 июли соли 2014, № 1108 қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ шароити мусоид фароҳам месозад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тезонидани раванди ҷорӣ намудани низоми нави алтернативӣ - низоми бонкдории исломӣ дар кишвар ва ба роҳ мондани кори самаранок дар самти танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ва равзанаҳои исломӣ зарурати таъсиси Гурӯҳи корӣ ба миён омад.

Аз ин рӯ, тибқи Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз 23.10.с.2015, №217/ФФ Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ таъсис дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ хусусияти ба худ хос дорад ва танзиму назорати он бояд ҳатман тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, аз ҷумла стандартҳои Шўрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ (IFSB) ва Ташкилоти баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит барои институтҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) сурат гирад.

Бо ин мақсад, Бонки миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкориро бо Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” (Малайзия) ба имзо расонида ва раванди татбиқи барномаи мазкур дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи корӣ ҷиҳати мувофиқа намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии исломӣ оғоз гардид.

Дар натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ дар доираи ҳамкорӣ бо мутахассисони Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” (Малайзия) якчанд санади меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии исломӣ таҳия гардида ва як қисми онҳо аз ҷониби Раёсати БМТ тасдиқ карда шуда, 2 санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта ба таврӣ расмӣ интишор гардиданд, аз ҷумла:

Низомнома “Дар бораи тартиби фаъолияти Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ”;

Тартиби табдилдиҳии ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ;

Тағйиру иловаҳо ба “Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ”.

Барои пурра мутобиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкӣ ба бонкдории исломӣ ва пурра фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои оғози фаъолияти бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст, ки айни замон дар ҳолати таҳия қарор доранд, аз ҷумла:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Лоиҳаи Дастурамал “Дар бораи тартиби анҷом додани амалиёт мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии исломӣ”;

Лоиҳаи “Тартиби таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, ваколатҳо ва талабот ба аъзои он”;
Лоиҳаи “Феҳрасти ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои қарзии исломӣ”.

Боиси тазаккур аст, ки Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ дар ҳайати мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дархлдор ва ташкилотҳои қарзӣ дар ҳамкорӣ бо Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” (Малайзия) лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро барои таъсиси ташкилотҳои қарзии исломӣ мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор дода истодаанд.

Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи
санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ


Диданд: 760

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        15776 (49%)
      2. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        8777 (27%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        7336 (23%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        364 (1%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ