Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Низомҳои интиқоли маблағҳои “Золотая корона” ва “Лидер” маблағҳоро бо пули русӣ бе мамониат қабул мекунанд

05.02.2016

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷавоб ба хабари сомонаи оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс”дар мавриди он, ки гӯё низоми интиқоли маблағҳои “Золотая корона” ва “Лидер” қабул ва интиқоли рубли русии шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ кардааст, изҳор менамояд, ки дар айни замон тамоми низомҳои интиқолии амалкунанда дар қаламрави Русия, аз он ҷумла “Золотая корона” ва “Лидер” тибқи реҷаи маъмулӣ ин амалиётҳоро анҷом дода истодаанд. Тамоми сару садоҳо дар атрофи қатъ гардидани қабули маблағҳои бо рубли русӣ пешниҳодшавандаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Русия аз ҷониби низомҳои интиқолии зикршуда дурӯғ буда, ягон зарра ҳақиқат надоранд.

Субҳи имрӯз, чун рӯзҳои дигар масъулони Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони низомҳои интиқолии Русия иртиботи телефонӣ доштанд ва дар натиҷа маълум гашт, ки низомҳои номбурда бе мамониат маблағҳои рублии шаҳрвандони Тоҷикистонро қабул ва ба ҷумҳурии мо интиқол дода истодаанд. Илова бар ин, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ бо зиёда аз 20 низоми интиқолии дунё, аз ҷумла бо Русия ҳамкорӣ зич доранд ва ҳамарӯза аз тариқи ин низомҳо ба Тоҷикистон бе ягон мушкилот маблағҳои пулӣ интиқол дода мешаванд.

Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки нуқтаҳои интиқоли маблағҳои ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳамарӯза маблағҳои бо рубли русӣ, аз он ҷумла аз Русия фиристодашударо ба интиқолгирандагон бо пули миллӣ – сомонӣ пардохт менамоянд. Дар робита ба ин масъала айни замон ягон мушкилот нест, зеро фаъолияти бомарому муназзами нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ҳамеша таҳти назорати Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 5621

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ